Бахшҳо

Ҷавоби пулиси Хуҷанд ба Гулов: Риштарошии милисаҳо исбот нашуд (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба номаи бози Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик, ки 3 апрели соли равон дар пайи тарошида шудани ришаш аз сӯи кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj навишт, посухи расмӣ додааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Рустам Гулов иттилоъ дода гуфт, дар мактуб гуфта мешавад, ки номааш аз ҷониби масъулини Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. “Дар натиҷаи баррасӣ ва гузаронидани санҷиши хизматӣ маълум гашт, ки аз рўйи муроҷиати ҳаммаънои Шумо қаблан аз ҷониби масъулини Шӯъбаи амнияти дохилии Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд санҷиши ҳаматарафа гузаронида шуда, бинобар мавҷуд набудани далелҳои кофӣ исбот намудани ваҷҳҳои дар ариза овардаатон ғайриимкон гардид”,-омадааст дар ҷавоби раёсат.

Оқои Гулов мегӯяд, аз ҷавоби ин ниҳод қаноатманд набуда, феълан интизори ҷавоби расмии прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва Вазорати умури дохилист.

Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик 3 апрел дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj, навишт, ки милисаҳои Хуҷанд ришашро маҷбурӣ тарошиданд. Вай дар як суҳбати телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, дар робита бо навиштани як номаи боз уновонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл аз ин амали милисаҳо шикоят кардааст.


Ҷавоби пулиси Хуҷанд ба Гулов: Риштарошии милисаҳо исбот нашуд (АКС)
Мӯҳр
Ҳеҷ кас ба риши каси дигар кор надорад. Аммо ҳама чиз меъёри худро дошта бошад. Фаромӯш накунед , ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамон РИШДОРОН чи корҳое ба монанди зану духтари мардумро зино, хонаи мардумро ғорат, дузди, вайронкорӣ, одамкушӣ ва дигарҳоро карда буданд. Бибинед азоби корҳои ононро то ба имруз мардуми тоҷик мекашанд.

Точикак
Хе хе, ин мардак худаш ба шуъбаи корхои дохили рафта ришашро он чо тарошидааст, ба сарашро 4 бор ба девор задааст, то ки кормандони бошарафу боистеъдоди милисаи Точикро тухмат кунад. Баред суд кунед ва 3-4 сол барои тухмат карданаш ба зиндон шинонед. Вай

Гулов чавоби аризаатро гирифтед, акнун рафта зиндагии осоиштаатонро давом додан гиред. Кор надори дигар хамин як риш доштай аз тарафи кормандон тарошида шудааст. Хозир рафта дар сартарошхона метарошиди 15-20 сомонатро мегирифтан. Хаминам мавзуъ шуд . Тарошидиян нагз кардиян бачаи еш риш монда номакул мекуни, ехтиёт шав кошотам гафси бад будай бо маъмурони милиса капида кошотам начина ки бо даъво куни ки кошома чиндиян.

Агар хами окои Гулов писари ягон мансабдор мебуд аз таги замин кофта миёфтанд лек афсус аз руи вичдон кор намекунанд эээ дод аз дасти ин мулк

серном
Масъалаи ришу бурут хал шуд мегузарем ба иктисодиёт.

Барои як риш не бародар. Дар кчт омадааст ки хар як шахс хукуки озодона зиндаги карданро дорад кормандони вкд чи хак доранд хукуки як шахсро поймол мекунанд ёки конунро намедонанд изображени хаст звук нест

saodat
ne albatta - hama rafta peshi milisa rish girifta omadagi... buzi hamsoya murd az khandaya...

Дар пеши Аллох чи чавоб медода бошандааа

Шохин,беришхо фаришта буданд ба фикри Шумо???

беном,
Риштароши мусибат аст садкаи номчон!!!

Жириновский
Бародарон дар бораи кадом хукук гап мезанен магар шумо намедонед ки шумо дар Точикистон хастед,дар ин чо ягон хукук пукук нест.

кал
Млесахои сугд сар паст мекарда бошанд? Чанд сумай сарпасткуни дар шкд хучанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)