Бахшҳо
10 май 2015 14:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дархости мулоқоти муҳоҷирон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав

Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома хостори мулоқоти як теъдод муҳоҷирини тоҷик бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав шуданд. Иззат Амон, роҳабари ин иттиҳодия матни муроҷиатномаро дар саҳфаи Фейсбуки худ интишор кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъаи 8 май ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 70-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ба Маскав сафар намуд.

Иззат Амон ба “Озодагон” гуфт, агар имкони дидор шавад, дархостҳои аввалини муҳоҷирин аз раисиҷумҳур аз инҳо иборат хоҳад буд: “Иваз кардани сафир ва консул, ҳалли ду мушкилии муҳими муҳоҷирон: бекор кардани мамнъуияти вуруди муҳочирон ба ин кишвар ва бекор кардани қарори суд оиди ихроҷшудагон. То имрӯз ҳудуди 500 000 шаҳрванди Тоҷикистон ё мамнуъулвуруд шудаанд ва ё бо қарори суд ихроҷ (депорт) гардидаанд. Ворид шудани кишварамон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, поин овардани нархи шиносномаи хориҷӣ, поин овардани нархи чиптаҳои парвоз, боло бурдани обу рӯ ва имиҷи тоҷикон дар ин кишвар, таъсиси Маркази расонидани ёри ҳуқуқӣ, ки имкон дошта бошад 24 соат ба муҳоҷирони тоҷик кумак расонад”.

Иззат Аммон ҳамчунин гуфт, ягона канале, ки дар ҳоли ҳозир онҳо имкон доранд ба раисиҷумҳур муроҷиатнома пахш кунанд, мутаассифона ҳамин Фейсбук аст: “Ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, конусулӣ ва Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия мо ҳеч гуна дастрасӣ надорем, ин ду ниҳод ҳеч гуна ҳамкорӣ ва тамос бо муҳоҷирин надоранд. Муҳоҷирин ҳеч гуна алоқа бо сафорату консулгарӣ надоранд,зеро сафорату консулгарӣ дар дунёҳои мутафовит зиндагӣ мекунанд”.

Дар матни муроҷиатнома ба раисҷумҳур гуфта мешавад, “қабл аз расидани Шумо ба Маскав фашистон боз як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона қатл намуда, сарашро аз тан ҷудо карданд. Мисли ин, дар хоки ин кишвар ҳамарӯза фишору таҳдиду куштор нисбати шаҳрвандон зиёд шуда истодааст. Пӯшида нест, ки қисмати зиёди буҷаи кишвар аз ҳисоби маблағи фиристодаи муҳоҷирин мебошад. Ва сабаби боло рафтани қурби доллар нисбат ба пули миллӣ низ кам шудани маблағи интиқоли муҳоҷирин ба Ватан мебошад. Мисли ҳамин як қатор мушкилоти дигар низ муҳоҷирини тоҷикеро, ки дар ин кишвар кору фаъолият доранду оилаҳояшонро таъмин мекунанд, думбол менамояд”.

Дар ин муроҷиатнома аз раисҷумҳур хоста шудааст, агар имкон ва вақти дидор дошта бошанд, “ин вохӯрӣ набояд бо рӯйхати сафорату консулгарӣ сурат гирад. Агар чунин шавад муҳоҷирони воқеъӣ ҳеҷ гоҳ имкони дар он лист қарор гирифтанашон пайдо намешавад”.

Иззат Амон мегӯяд, яке аз сабҳое, ки онҳо дар ин вохурӣ истеъфои сафир ва консулиро талаб мекунанд ин аст, ки ин ду хешовандони раисҷумур мебошанд, бинобар ҳамин фаъолият намекунанд: "Садҳо маротиба хостем бо сафиру консул вохӯрӣ кунем, вале, мутаасифона моро ин ду ниҳод душман эълон кардааст, дарҳои ин ду ниҳод барои мо баста аст. Танҳо ба он хотир, ки мо онҳоро мегӯем, то кор кунанд, солҳои дароз дар кабинетҳои гарм нишаста берун намебароянд".
Мӯҳр
мухочир п
Офарин ба ин шермард..

Офарин ба ту марди наку..

Мухтарам Иззат Амон, рости мурочиати Шуморо мутолиа намуда ба хулосае омадам, ки Шумо умуман аз мушкилии мухочирон дар Федератсияи Россия маълумот надоред ва танхо манфиатхои худро пайгири менамоед. Пешниходхои Шумо ба монанди иваз намудани сафир ва консул ба фикри ман ба манфиатхои шахсии Шумо вобастааст. Чи тавре, ки Шумо кайд намудед "Садҳо маротиба хостем бо сафиру консул вохӯрӣ кунем, вале, мутаасифона моро ин ду ниҳод душман эълон кардааст, дарҳои ин ду ниҳод барои мо баста аст. Танҳо ба он хотир, ки мо онҳоро мегӯем, то кор кунанд, солҳои дароз дар кабинетҳои гарм нишаста берун намебароянд" аз он шаходат медихад, ки Шумо мехохед, ки чун пештар фаъолияти миёнаравии худро идома дода, аз он манфиати моли дошта бошед. Ба андешаи ман сафорат ё консули ба миёнаравхо мисли Шумо "хомиёни мухочирон" ниёз надорад. Хар шахрванди Точикистон метавонад бевосита ба ин ё он муассиса барои халли мушкилихои худ мурочиат намояд.
Вобаста ба масъалаи вуруди шахрвандон хоричшуда ба каламрави Россия ин пешниходи Шумо мантик надорад. Чунки хар як кишвар хангоми аз чониби хоричиен вайрон намудани конунгузории будубош аз каламрави он хорич карда мешаванд. Аксари мухочирон хангоми вуруд ба Россия конунгузории онро риоя наменамоянд, ки боиси хорич гардидани онхо мегардад. Дар ин холат даъвои бекор намудани манъи вуруди чунин шахсон мувофики максад намебошад.
Доир ба пешниходи "Ворид шудани кишварамон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё" ба фикри банда кори Шумо бояд набошад. Ха як ташкилот ё иттиходи минтакавие, ки созмон дода мешавад, вазоратхои кишварамон онро меомузанд ва хулосаи худро пешниход менамоянд.
Оид ба пешниходи "поин овардани нархи шиносномаи хориҷӣ" ва "поин овардани нархи чиптаҳои парвоз" рости арзиши онхоро дар Россия намедонам, агар медонистам хатман ибрози назар мекардам.
Доир ба пешниходи "боло бурдани обу рӯ ва имиҷи тоҷикон дар Россия" гуфтаниам, ки Шумо пеш аз хама ба поен рафтани он гунахкор хастед. Барои баланд бардоштани обу ру ва имичи точикон Шумо бояд пеш аз хама аз худ сар кунед на ба бадном кардани дигар шахсон. Бас будагист, хамин кадар гапхои бе маъниву бе мантик.

salom oghoi izat amon bafikram ki tempraturat sakht shidast ehtiyoj ba dukhtur dori?in nameshidanist ki dumodi janoba az vazifa ozod kunad,,ehtiyot kun ki khudat bo khuta dar tjk nabini pagah,rahmon hejvaqt bayni mardum namiyoyad agar in kor imkon doshta boshad dar tjk meshavad na dar rusiya

Rambo
Muhojir,

Офарин Muhojir! Якумаш ки ба ин Иззат Амон мандат додааст, ки аз номи тамоми мухочирон гап занад. Дуюм бо ин саволхо кудакона.

Сатор.Росия
ИЗАТ АМОН ! Дар соли 1992 истеъфои Махкамов-ро монанди ту барин одамони "БОАКЛИ"-хамон замон ташкил карда буданд.

Ба Иззат Амон:Ба фикри ман шумо худатонро Пешвои Милат ;Хотами Той: Боакли Чахон; хисоб мекунед!?!?. ПИСТАИ БЕМАГЗ ГАР ЛАБВО КУНАД РАСВО ШАВАД!

Muhojir,Ха бародар рост гуфти ин Изат Амон момента истифода бурданияй ки боз як ду пул аз хисоби мухочирон кор кунад.

Масчоӣ
Номӯҳтарам шахс бо номи муҳоҷир.Афсус,ки миллати тоҷик ба мисли ту фарзандони нохалафи зиёд дорад,ки барои нафси худ,барои фазифаи пасте,ки барояш додаанду бо воситаи он мардуми худашро ғорат мекунад,тайёр аст,ба ҳаммилати хеш туҳматҳо кунад ва аз манфиати миллат даст кашад.вой бар ҳоли ту!Муҳтарам акаи Иззат,мо муҳоҷирони ҳақиқӣ дида истодаем,ки ки обруи миллатро паст мекунаду,ки дар хизмати миллат аст.Ин хубиҳое,ки аз ҷониби шумо нисбати миллат мешавад,дар забони ҳамаи муҳоҷиро ҳаст

Точик
Ин бародароне, ки бар зидди Иззат даъво доранд, ба фикрам кормандони ягон маклмотхои дохилаанд. Ман шахсан Иззатро надидаам вп намешиносам. Лекин гапхое у гуфтаас хакикат аст. Бояд президент бо онхо вохури намояд. То кай мо хушомадзанию карсакзани мекунем? То он даме, ки аз миллати точик асар намонад? Рахмат, ба Президент, чорта гурезаро аз Афгонистон овард, лекин микдори мухочироне, ки дар таи ин солхои истикоолият факат дар як худи Россия кушта шудаан, аз он гурезагони дар Афтонистон буда, садхо маротиба зиёдатар аст. Ин аст сулх, ин аст тинчи? Як чахон ташаккур!

Muhojir,
Э мухочир, ту аз афташ корманди давлат хастию номатро мухочр навиштаи, барои он, ки нархи шиносномаро хам намедони ки чанд пул меистад. Хамаи он камбудихое, ки Иззат Амон кайд кардааст, пурра дуруст аст, ва онхоро танхо баъзе шермандон бо овози баланд гуфта метавонанду халос. Ту барин тарсухо дам набароварда мешинад. Агар мард боши, мисли Иззат бо чунин овоз баромада гап зан! медонам ки гап намезани. Аксари мардуми точики мо мисли ту барин номард шудааст, ки суханхои хакро руирост инкор мекунад, ё барои як лукма нони харомшуда, ё барои худро пеши раисонаш нагз карда падхалими мекунад. Барои хамин мо пеш рафта наметавонем.

Сатор
Ба бародари точикам:Авал ин ки ман сохибкор мебошам . Хар як кори бар сари одам омадаро аз Худо дидан дар кор. Аз хукумат дидан ин кори номарди АСТ.Аз суханони Изат Амон хулоса бароварда мешавад,ки ба хотири вазифаро сохиб шудан ихтилофот дар байни халк меандозад .Дуо мекунед,изат сохиби вазифа шавад.Гурбаи мискин агар пар дошти тухми гундиш аз олам бардошти!!!!!!

Точик (ба Саттор)
Ба гайр аз замин шеърат ягон гапи дигарро намедони, дар чанд сахифае хондам ду чумла гапи бемаънию хамин шеър. Ба фикрам шикамат серу ягон вазифадори ё аз Дангараи.

Беном
Озодагон! Навиштаи баъзе нафароне, ки маълум мегардад аз доираи махал берун набаромадаанд, илтимос чоп накун! Онхо чи донанда мушкилоти мухочират, халли он ва дигархояшро. Ё Шумо хам мисли Озоди худатон коммент менависед!

Мухочири бе Ватан
Дилам аз ин шабакахам монд бе дашном навистем чопаш накард канун фахмидем ки бо кихо харф мезадаем. Тасмимам ин аст ки асло ин шабакаи озодагонро мутолиа накунам. Ташакур ба тахия гарлну масъулин...

Н Хисор
Хакаст ..Хакаст.. дар сафи аввал мухочиратро шабонарузи бояд шароит фарохам овардан даркор аст. Чунки дар холи хозир дар Точикистон зиндагии мардумамон аз мухочират вобастагии зич дорат .Э мусулмонон

Дар хакикат ахволи мухочирони мо имруз дар Россия хело хам душвор мебошад, аммо ба ин нигох накарда Хукумати Точикистон бо Россия барои бехтар намудани шароити мухочирон хуччатхои лозимаро омода намуда истодааст. Дар мавриди сафорату консулгари зат дуруст кайд кардааст, ки ин ниходхо ба як бозори фуруши хуччатхо табдил ёфта, барои хифзи хукуку манфиатхои мухочирон ягон корро намекунанд ва аз пай бизнеси худошон мебошанд!!! Хайр чи илоч, такдири талхи мухочири точик!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)