Бахшҳо

АП: Сардори “ОМОН” 10 тоҷики дигарро ба ДИИШ ҷалб кардааст

Полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори “гумшуда”-и дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии ба ном “Давлати Исломӣ” майл доштааст ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст.

Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеаш дар мақомот иттилоъ дода, афзудааст, Ҳалимов вақтҳои охир миёни наздиконаш ғояҳои “Давлати исломӣ”-ро паҳн мекардааст. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Ҳалимов ҳамроҳ бо 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бекор будаанд, якуми май ба Маскав парвоз намудааст: “Аллакай 2 май ӯро дар фурудгоҳи Шереметоваи Маскав дидаанд". Гуфта мешавад, барои ҷалби ҳар ҷангҷӯй ба полковник маблағи зиёд ваъда додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-ро дурӯғ хонданд. Тавре бархе аз кормандони ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад. Аммо манобеи дигар дар мавриди боздошти Ҳалимов хабар доданд, ки гӯиё дар роҳ ба сӯи кишвари Сурия қарор доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ дар бораи қазияи Ҳалимов расман шарҳе надода ва хабари гум шуданашро такзиб ё тасдиқ накардааст. Ин ҳолат боиси сар задани ҳар гуна овозаҳо гардидааст.

Хабаргузории "TojNews" рӯзи 7 май иттилоъ дода буд, ки силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда, аммо дар куҷо буданаш маълум нест: “Сабукрави Гулмурод Ҳалимовро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо кардаанд ва ҳадди ақал даҳ рӯзи ахир дар куҷо будани фармондеҳи ОМОН маълум нест”.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Софдил
Боз гап сари кадрхо. Кадрхои ба воя расонидаи худамон-да. Бинед моро ба кучо мебаранд. Шукри тенчию амонии мамлакат карданамон даркор. Худо накунад ин ношукрихо ба сари мо чихо меорад.

озодагон вакте ягон далели дакик надоред барои чи ин гуна овозахои бардуругро чоп мекунед? ягон гапатон ба габи дигаратон мувофикат намекунад! мардумро ба вохима наандозед! ин кас хеч вакт ба ватан хиёнат намекунад! агар мекард тули ин кадар вакти рохбарияш мекард.

dsfgj;h
Як миллион долар гирифтааст мега як корманди ВКД ба ман!

озодагон барои чи навиштагихои манро чоп накардед! хамин аст озодии шумо мухтарам журналистон? натарсет фикри халкро чоп кунед

Ozodagoni kofar. In palkovnik yagon sum nagiriftaast. Va shahsone ki davat mekunan yagon shahsro yagon tanga namegiran. Vaqti tu kam mondaast ozodagon..

Ман як чизро намефахмам, ин одамон касали рухи доранд ба он чойхои чангзада мераванд? О Худованд барои инсон 5 фарз фармудааст тамом. Дар ончое, ки ба ном чиход мекунед аз он тараф хам мусалмонон мечанганд шояд точикон хам бошанд. О то кай бо яроки давлатхои гарб мусалмонро бо дасти мусалмон мекушед. Як бор фикр намекунед, ки дар хонаатон калуш харида наметавонистед ин кадар ярокро ки ба шумо медихад бо кадом пул? Охир аз барои Худо фарзандатро тарбият кун, Падару Модаратро то дами марг нигохбун кун то баракати умр бубини. Дар урфият бехуда нагуфтаанд "Ягон гурба аз барои Худо муш намедорад". Холо хам дер нашудааст фирефта нашавед бародарон! Хонахои худро обод кунед, фарзандонатонро илм дихед,панч вакт намозатонро хонда, хонаи Худо зиёрат равед ва дуъо кунед, ки Худованд ба хамаи мо мусулмонон имони комил дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)