Бахшҳо
12 май 2015 15:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дандонпизишки муосир метавонад муъҷиза эҷод кунад

Тайи 2 сол мешавад, ки сокинони кишвар аз хизматрасонии бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино истифода мебаранд. Сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст, ба он мусоидат намуда аст, ки таваҷҷуҳ ва муроҷиати шаҳрвандон рўз аз рўз зиёд гардад.

Бахши дандонпизишкии бемористон бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он аз навтарин усули кори соҳа бо такя аз таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ кор бурда мешавад. Наримон Дахте, мутахассиси ин шӯъба бартариҳои фаъолияташон ҳарф зад:
- Сараввал тамоми таҷҳизоти мо замонавӣ ва босифат буда, усули табобати мо низ нав мебошад. Мо аз доруҳое истифода мекунем, ки дар Аврупову Амрико истеҳсол мешаванд. Ҳатто тазриқи ҳамон сўзандоруе, ки ба милк ворид карда мешавад, тамоман бедард аст, зеро пеш аз ин амал ба милки бемор гели махсус молида мешавад. Бедардкунии босифат имкон медиҳад, ки табобатро низ босифат анҷом бидиҳем. Дар шӯъбаи мо сар аз аз бедардакунӣ ва руйкашкуниву имплантгузорӣ ҳама намуди табобати дандон анҷом дода мешавад.

- Имлантантатсия дандон - насби решаи маснуъӣ, ба калонсолон ҳам анҷом дода мешавад?

- Чаро не?! Омили муайянкунанадаи гузоштани имлантант на сину сол, балки вазъи саломатѝ аст. Инки анҷоми амал мумкин аст ё не, пас аз муоинаи дақиқи фарди мушаххас, ба хусус вазъи дандонҳои вай муайян карда мешавад.

- Дар мавриди усули микрорўйкашҳо каме маълумот медодед.

- Ин усул имкон медиҳад, ки бидуни даст расонидан ба дандонҳои солим дар муддати кўтоҳ рўйкаш (протез) гузошта шавад. Дар бахши дандонпизишкѝ мо дар муддати ду рўз ин амалро ба итмом мерасонем.

- Дар ин бахш беморон ба табобат ҳам фаро гирифта мешаванд?

- Бале, табобати решаи дандон асоси дармони дандон ба ҳисоб меравад. Барои назорати сифати дандон дар бемористони мо аз визиограф (рентген) истифода мешавад. Ин дастгоҳи нодир имкон медиҳад, дар ҳамон курсии табобатӣ, саривақт аксбардорӣ ва ташхис гузаронида шавад. Ҳам вақти мизоҷ сарфа мешавад ва ҳам аз ҳуҷра ба ҳуҷра рафта навбат намеистад ва табиб ҳам билофосила табобатро шурӯъ мекунад.
Соли гузашта мо ба зиёда аз 500 бемор хидмат расонидем, бо онҳо тамоси ду ҷониба дорем ва то ҳол аз ҷониби нафаре, ки инҷо табобат гирифта аст, шикояте нашунидаем.

- Сабаби ин дастовардро дар чӣ мебинед?
- Сабаб ҳамоно наву замонавӣ будани таҷҳизот, шароити олии корӣ, таъмин будан аз маводҳои хориҷӣ мебошад. Барои баланд бардоштани тахассус мо чандин маротиба ба Эрон сафар доштем. Аз тарзи корбарии табибони шинохташуда ошно гардидем, маслиҳат гирифтем, омӯхтем, аз худ кардем.

Нисбати бемороне, ки гирифтори гепатит ҳастанд ҳаминро зикр карданиам, ки ба ин гуна беморон асбобу ашёи истифода мешуда, махсус, яъне алоҳида, дода мешавад. Барои ҳар як бемор мо аз васоили якмасраф истифода мекунем ва иҷроиши қоидаҳои санитарѝ -эпидомологӣ дар сатҳи аврупо қарор дорад, зеро чѝ тавре, ки дар боло зикр кардем, тамоми шароит ва имконоти хуб барои мо фароҳам карда шудааст.

Теъдоди мизоҷони мо торафт бештар шуда истодааст ва истифода аз “Барномаи амал”, ки бо ҳамдастӣ бо ширкати “Суғуртаи миллӣ” роҳандозӣ шуда аст, хароҷоти мизоҷонро метавонад то 80% камтар гардонад.

Кадом намуди касалиҳои дандон табобат карда мешаванд, дандон гузоштан чӣ нархе дорад, ва дигар маълумоти заруриро аз сайти расми Бемористони Ибни Сино https://ibnisino.tj/ ва www.sugurta.tj метавонед пайдо намоед.
Мӯҳр
сино
Ташаккури зиёд Озодагон барои мақолаи хуб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)