Бахшҳо
14 май 2015 12:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шарҳи расмии “сарбурӣ”-и Ҳамдамов: Қазия сари дастархон шудааст...(ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як навори видеоӣ қатли Комилҷон Ҳамдамов, муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Пушкини вилояти Маскав шарҳ дод.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз қавли муфаттиши парванда гуфт, “тибқи иттилои тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки ин ҳодиса ҳанӯз шаби 3 ба 4-уми май рух додааст. Ин ҳодиса ҷанбаи нажодпарастӣ надорад, зеро он ҳангоми майнӯшӣ сари як дастархон рух додааст ва ин сархӯшӣ бо куштори шаҳрванди Тоҷикистон анҷом ёфтаст”.

Эгамзод хабарҳо дар мавриди он, ки гӯиё сари Ҳамдамовро аз тан ҷудо кардаанд, қатъиян рад намуд. Ӯ илова кард, Ҳамдамов бо афроде, ки ӯро ба қатл расондаанд, дар “элетричка” шинос шудааст ва худаш сари дастархон даъват намудааст: “Ҳам тафтишот ва ҳам кормандони мо, ки дар ҷои ҳодиса буданд, маълум карданд, ки дар пайи муноқиша сари дастархон нафаре, ки Ҳамдамов бо ӯ дар элктричка шинос шудааст, бо “отвертка” ба гардани муҳоҷири тоҷик мезананд ва пас он бо корд боз чанд зарбаи дигар мезананд. Аммо ин қазия аслан ҷанбаи нажодпарастӣ надорад”.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон иддаои онро, ки гӯиё бародари Комилҷони марҳум, Улуғбек Ҳамдамовро дар сафорат қабул накардаанд, беасос хонд, чун боре ҳам муроҷиат накардааст. Сафорат инчунин навори суҳбати Улуғбек Ҳамдамовро ироа намудааст, ки мегӯяд, чанд бор бародари марҳумашро насиҳат карда буд, ки аз арақнӯшӣ даст кашад.

Дар ниҳоят Муҳаммад Эгамзод аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даъват намуд, ки дар интихоби ҷои зист ва рафиқу шиносҳо эхтиёткор бошанд ва агар мушкилие рух дод, пеш аз ҳама ба намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия-сафорат муроҷиат кунанд.

ВИДЕОИ шарҳи расмии сафорат дар бораи марги Комилҷон Ҳамдамов:


Мӯҳр
Just Man
Сабабаш майнущй? Бо ин дуруги кудаконаатон гуфтаниед, ки зиёда аз 600 точике, ки соли гузашта ба катл расонидан хаммашон сабабаш майнушист?

Хохони онам, ки хар як вокеаро нисбати шархвандони Точикистон, хох дар Москва, хох дар Владивостоку Калинингради Россия хамин хел шарх медодед, нисбати сафорату консулгарихо хар хел гапу калочахо намешуд ва хар шахс бо коменту видеохои худ мардумро безобита намекард.

salomat
хайфи номи одами хайфи номи сафорат!
аз урус тарсида касе дахон намекушояд... ранги гусфанд сар мебуранд - касе овоз набаровард....

101
ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОЧИКИ ШАБУ РУЗ ФАРХУНДА ФАРХУНДАА... ГУФТА ГААШТИЯН О МЕМУРЕ ИН ЧАВОНИ САРБУРИДАРО ЯКБОР БА МАРДУМ ХОЛИ ЗОРАШРО БИГУЕД?! ХАР РУЗ 3-4 МУРДА АЗ РОССИЯ МЕОРАНД ЯГООНКАС НАМЕДИНАД ТВ-хои Точикистон куранд ки намебинанду намешунаванд (((((!!!!!! Шумо ки аз гами камбагалон бегамед иншоаллох бар сари ШУМОХАМ ИН РУЗХО ХОХАД ОМАААДД!!!

Darvesh
Egamzod zaboni tojikiro yod giredu durugguiro bas kuned

мухочир
бозор собир бин агар бини

Сафарали Бозоров
Бародаро ман бо хамрохии рахмати Комилчон дар турмаи Россия 1 солу 8 мох шиштги. Вай зек буд. Худаш хулиган ва хулигано кати алока мекард. мораву виталика кидат кард. Хай арак бисер мезадем. Рахмати худаш одами хама кати разбор мекард. Аз хама пул мегирифт вакат менушид. Хамун руз манам будам мас шудем. айби худаш шуд гуфтам разбор накун падсано кати. гуш накард. пидараз гуфь. сараша набуриданд. атверка бисуер заданд. манад дар дастам заданд.хама гурехтем ки мора менто грузит накунад.тамом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)