Бахшҳо

Шикоят аз “рекорд”-и Кабиров ба ФФТ

Санаи 9 май, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд дар рӯзи таҷлили Иди Ғалаба, ҳангоме ки дастаи футболи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 ғалаба мекард, мутаассифона довари ин вохӯрӣ Насрулло Кабиров ба ивази 8 дақиқаи иловагӣ, 16 дақиқа бозиро нигоҳ дошт, то ки дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд голи ҷавобӣ бизанад ва дар футболи тоҷик рекорди миллӣ гузошт.

Бинобар ин, байни дастаҳои номбурда, дар марҳалаи 5-уми чемпионати Тоҷикистон ғолиби вохӯрӣ маълум нагашт, балки бо натиҷаи мусовӣ, яъне 1:1 ба интиҳо расид. Бояд таъкид кард, ки футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо туфайли саҳми Манучеҳр Ахмедов дар дақиқаи 15-уми вақти иловагӣ дастаи хешро аз мағлубият раҳо карданд.

Нахуст, хисоби 1:0 дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро пурра конеъ мекард, лекин илова бар ин, дастаи “Далерон-Уротеппа” бо дастаи пурқуввати ҷумҳурӣ, яъне “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар сафар қувваозмоӣ мекард. Дар ин холат, вақтро кашол додан, амали муқаррарӣ аст. Зеро, агар вохӯриҳоеро ба монанди “Барселона”-“Интер”, “Барселона”-“Челси”, “Реал Мадрид”-“Лион”, “Ливерпул”-“Арсенал” ба ёд орем, ҳатто аз бозии мо низ зиёдтар вақтро кашол додаанд. Аммо бештар аз 7-8 дақиқа зам нашудааст (Ливерпул-Арсенал).

Дар бозиҳои дигар камтар аз 8 дақиқа илова шудааст. Ҳангоми вохӯриҳо вазъиятҳои гуногун сар мезананд, масалан агар футболбозе ҷароҳати вазнин гирад ва мошини ёрии таъҷилӣ ба майдон ояд; ё худ агар дар байни футболбозон ҷангу ҷадали зиёд ба вуқӯъ ояд ва доварон роҳи ҳалли ин масъаларо наёбанд, пас кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба майдон медароянд. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит кардаанд, ки дар ҳолатҳои фавқуззикр одатан доварон 2-3 дақиқа илова мекунанд, аммо дар вохӯрии дастаҳои “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд довар ҳуқуқ надошт, ки бозиро 16 дақиқаи барзиёд нигоҳ дорад.

Ин рафтори Насрулло Кабиров хилофи оинномаи ФИФА, ФФО (Федератсияи футболи Осиё) ё ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) аст. Тибқи низомнома, ҳангоми лату шиканҷаи футболбозон довар бояд ҳадди ақал бозиро 2-3 дақиқа барзиёд нигоҳ медошт, вале вохӯрӣ ба ивази 8 дақиқаи иловагӣ, 16 дақиқа тӯл кашид. Аммо вақте мо ба футболи асри XXI назар афканем, чунин ҳодисаро дучор нахоҳем шуд. Зеро, дар тамоми гӯшаву канори олам, доварони футбол то ба ин ҳад амал намекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бозингари дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд - Манучеҳр Ахмедов пас аз ба сомон расонидани гол, ба сӯи нишастгоҳе, ки он ҷо мухлисони дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ҳузур доштанд, бо дастони худ имову ишораҳои таҳқиромез кард, ки боиси ранҷидани ҳазорон мухлиси дастаи “Далерон”-и шаҳри бостонии Истаравшан гардид.

Дар натиҷаи рафтори Насрулло Кабиров дар воситаҳои ахбори оммаи тоҷик, хусусан сомонаҳои интернетӣ (www.odnoklassniki.ru ва www.facebook.com) баҳсу муҳокимаҳо ва эътирози мухлисону мутахассисон падид омад. Зеро ин довар, ба вақти асосӣ 8 дақиқа илова карда, мутаассифона бозиро дар дақиқаи 16-ум қатъ кард. Албатта, пас аз чунин қарори нодуруст, ҳамагон дарк карданд, ки Насрулло Кабиров танҳо ҷиҳати кӯмак ва натиҷаи дилхоҳ, бозиро 8 дақиқа дертар боздошт, ки ба манфиати дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд буд.

Ҳамин тариқ, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо чӣ азобу машаққат, шиканҷаву меҳнати пуризтироб дар майдони худ вохӯриро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод ва соҳиби 1 хол гашт.

Бо навиштани сатрҳои болоӣ, ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки муносибати сарди довар - Насрулло Кабиров нисбат ба мусобиқаи варзишие, ки онро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар қитъаҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо эҳтироми хоса қабул кардаанд ва дар ҳеч вохурӣ футболбозони мизбон мухлисони дастаи рақибро таҳқир намекунанд.

Аз ин лиҳоз, аз номи ҳайати дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва тамоми мухлисон ба камоли ихлос ва эҳтиром аз маъмурияти кормандони Федератсияи Футболи Тоҷикистон хоҳиш мекунем, то ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи матраҳшуда, ҳамаи ҷузъиёт ва куллиёти ин қазияро омўхта, нисбати довар - Насрулло Кабиров ва Манучеҳр Ахмедов чораи ҷиддӣ андешанд, зеро ин амали довар ҳушдор ба дастаҳои дигар аст, ки метавонад дар оянда такрор ёбад.

Умедҷон МАҚСУДОВ,
ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ
Мӯҳр
Барселона
Офарин нуткат аз ин хам бурротар гардад хамшахри.. Чизе ки дар ин чо навиштааст дар хакикат рост аст чун банда ончо хузур доштам...

" СУД ВА СУДЯХО" (ДОВАРОН) бе пул ин хел амал намекунанд, мумкин ПУЛИ КАЛОН гирифтаги=а?! АЗ ИН ЧИНОЯТИ БАДТАР НЕСТ !!!!!

Хасанчон
Бародари азиз Умедчон рахмат ба чунин чурат хамеша Далерон ба пеш ин ФФТ ягон масаларо дида наметонад барои он, ки Далерони шери майдон маблаг надорад эй худо инсоф ба доварони точик дех

Гап нест шери нар! Хакатро навишти. Вале аз чи сабаб бошад то хол ФФТ ин шармандагии Кабирову бе одобии Манучер Ахмедовро тахкик накардааст.

Гап нест шери нар! Хакатро навишти. Вале аз чи сабаб бошад то хол ФФТ ин шармандагии Кабирову бе одобии Манучер Ахмедовро тахкик накардааст.

ФФТ бояд баробари Кабиров Насруллоро аз довари то охири даври якум махрум кардан ба идораи рекордхои Гиннес ин довар ва ин бозиро хамчун бозии вакташ дарозтарин ва довари умуман коидахои футболро писанд накунанда барои сабт ба китоб рекордхои Гиннес пешниход кунад, зеро ин довар дастоварди бехтарини ФФТ дар даврони истиклолият аст

Ман низ ба хама сомонахо навистам , то хол хама сомонахои ба ном озод хомуш мебошад.
Озодагон чоп кардааст рахмат .
Умед ахсан ба ту . Сохиб капитани даста низ хамин корро кардаги .холо бозии чавоби дар пеш мебенем чи тавр худро дар инчо идора мекунан. Далерон ба пеш

Исматчон
Аз ин вакти зиёд илова шудааст. Мисол дар бозии Руссия вакте ба фарки сари Акинфеев бо файер заданд...
Вале казияи Кабировро бояд хатто берун аз Точикистон дида бароянд. Шояд дар ягон тотализатон бозрио Хучанд бой намедихад гуён пули нормалакак монда бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)