Бахшҳо
15 май 2015 11:41Тоҷикистон / Сиёсат

Коршинос: Ба кушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар сатҳи раисҷумҳур чавоб гӯянд

Дар чанд соли ахир ҳолатҳои бо бадтарин шеваҳо куштани шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар Русия зиёд расонаӣ шуд. Аммо хеле кам иттифоқ афтодааст, ки ниҳодҳои Тоҷикистон ба чунин ҳодисаҳо вокуниш нишон дода бошанд. Коршиносон мегӯянд, агар Ҳукумати Тоҷикистон ба ин падидаҳои нангин ҷиддитар бархӯрд кунад, шояд вазъ тағйир бихӯрад. Дар зимн, “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ки “ШЕВАИ БАРХӮРДИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БО ҚАТЛИ МУҲОҶИРОН БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?”

Муҳаммади ЭГАМЗОД, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ман дар ин бобат метавонам танҳо аз зовияи намояндагии дипломатии кишварамон дар хориҷа, айни ҳол дар Русия изҳори назар намоям. Вокуниши Сафорат ба чунин ҳаводис дар доираи пеш аз ҳама муқаррароти марбутаи муносибатҳои дипломатӣ сурат хоҳад гирифт. Гузашта аз ин, тибқи таҷриба бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбута ва диаспораи миллиамон дар минтақа низ муроҷиат мекунем ва ҳаводисро пайгирӣ менамоем. Аммо, нахуст тавассути шабакаҳо (каналҳо)-и дипломатӣ мо аз мақомоти кишвари иқомат маълумоти дақиқи расмӣ дар мавриди ин ё он ҳодиса дархост мекунем. Дар ҳама ҳолат, ин гуна қазияҳо таҳти назорат гирифта мешаванд ва мустақиман бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ доимӣ дар тамос мешавем. Як чиз мусаллам аст, ки намояндагии дипломатӣ ҳамаи ин муқарраротро риоя намуда, пас изҳороти расмӣ хоҳад дод.На танҳо ба қатлу куштори шаҳрвандон, балки ба ҳар як ҳаводисе, ки бо шаҳрванди мо дар хориҷи кишвар рух медиҳад, вокуниши ҷиддӣ бояд дод. Зеро, тибқи Қонуни асосии кишвар, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар берун аз мамлакат таҳти ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Вақте теъдоди муҳоҷирон беш аз як миллион нафар мешавад, миёни онҳо албатта ҳар гуна тоифа вуҷуд дорад. Ҳама муъмину мусулмон нест. Яке авбошу дигаре дузд хоҳад буд. Пеши сарбурию кушторро ба осонӣ гирифта намешавад. Агар ин ҷиноятро бо ҳукми ҳукумат нест карда мешуд, барвақт ҷинояткорӣ дар дунё аз байн мерафт. Аз тарафи дигар бояд, эътироф кунем, ки муҳоҷирон муттаҳид нестанду ҳар як қишлоқу деҳа ба худ ҷамъият дорад. Ин камбуди таърихие ҳаст, ки дар миллати мо дида мешавад. Барои ҳалли ин мушкилҳо фурсату замон, 200-300 сол лозим аст. Мисли ин ки Инглистон дар 460 сол миллат шуд. Дар масъалаи муҳоҷират бояд гуфт, ки ба шакле ба низом дароварда шавад, ки ҳар нафар тасодуфӣ наравад ва барои инро ба низом даровардан мо бояд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавем ва ногузир ворид хоҳем шуд. Чун барои мисол Арманистон як пояш дар Иттиҳоди Аврупо буд, вале диданд, ки аз ин иттиҳод чандон манфиат намебаранд, худро ақиб партофта, ба АвруОсиё шомил шуданд. Қирғизи бечораи ҳамсояи мо низ ҳамин тавр кард. Ду се бор инқилоб карданду чанд бор ҳукуматро иваз карданд, ки тағйирот нашуд. Ба хулосае расиданд, ки бояд канори як абарқудрат бошанд ва имрӯз масъалаи муҳоҷирати худро бо як имзо ҳал карданду касе онҳоро чизе намегӯяд. Мераванд, Русия ва ҳар ҷо ки хоҳанд, ҳамонҷо рафта кор мекунанд. Агар хоҳиш дошта бошад, дар онҷо ҳам соҳиби ихтисос шуда метавонад, вале мо ин корро накардем.

Сафват БУРҲОНОВ, коршинос

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ба ин ҳодисаҳо бархӯрд кунад. Барои чӣ? Тоҷикистон вобастаи Русия аст ва роҳбарияташ низ ба Кремл бастагии сахт дорад. Ҳич баста будае наметавонад зидди ҳоким чизе гӯяд. Тоҷиккушӣ сиёсати давлатии Русия аст. Путин чӣ интиқоме мегирад. Оё Шумо дар Душанбе метавонед, фарқ миёни чинию кореию японӣ гузоред? Не! Пас кадом ҳайвон дар Маскав тавонад тоҷикро аз озару арману афғону арабу ... ҷудо карда кушад? Тоҷиконро хадамоти Русия мекушад ва дурӯғ ба сари миллатгароҳо бор мекунад. Агар Эмомалӣ Раҳмон як калима ба ҳимояти тоҷик дар Русия гӯяд, фардо аз вазифа меравад. Ёдатон бошад, 6 бор сӯиқасд карданд ба ҷонаш. Агар донед, киллерҳоро дастгир ҳам кард, вале натавонист коре кунад. Онҳо одамони Кремл буданд. Барои ҳамин садое аз ҳукумати Тоҷикистон интизор шудан мазмун надорад.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршиноси масоили муҳоҷират

Аввал он ки Ҳукумат дар симои Вазорати хориҷии Тоҷикистон аввалин шуда мавқеи худро изҳор намояд ва "Нота" ба ҳукумат (ё худ сафорат)-и Русия равон намояд. Афсус, мавқеи вазорати хориҷии мо хело дер муайян мегардад ва дар баъзан ҳолатҳо муайян нест. Дувум, мавқеи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки мавқеъгирии мақомоти давлатӣ ва пайгирии рафти қазияҳо ба ҳалли муаммоҳо таъсири худро мерасонад. На фақат ҳукумати Тоҷикистон, балки ВАО низ бояд пайгир ва мавқеъгирии хуро намоён кунанд. Зеро ин муаммо яку якбора сар намезанад. Ин аз фазои иттилоотии Русия, ки асосан ба бадномкунии муҳоҷирони меҳнатӣ алалхусус, тоҷикон вобастагӣ дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагии Ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират мавҷуд аст ва дар ин самт бо ташкилотҳои ҷамъияти фаъолият менамояд. Лек афсус дар ягон қазия мавқеъи расмии ин ташкилот ва шариконаш иншо нагардидааст. Гарчанде ин ташкилот бояд аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ҳимоят кунанд. Ҳоло, танҳо ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон фаъолият менамоянд, гоҳ-гоҳ дастаҷамъона бо ташкилотҳои ҷамъиятии Осиёи Миёна, таҳти Шабакаҳои ҳамкорӣ мавқеъгирӣ менамоянду халос. Мавқеъгирӣ бояд ҳаматарафа бошад, то ҳукумати Русия, мақомоти дахлдор, ҳис кунанд, ки муҳоҷирони меҳнатии мо бесоҳиб нестанд. Тоссарҳо (натсионалистон) дар Русия ҷинояткоранд, лек ҳама бохабар ҳастанд, ки на танҳо тоссарҳо, балки пулис ва намояндагони мақомоти Русия ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол месозанд, лек афсус мавқеи мақомот, пайгирии қазияҳо ба мо норӯшан мемонад.

Иззат АМОН, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия

Ба гумони ман нисбат ба ин кушторҳо бояд дар сатҳи раисҷумҳур чавоб гӯянд. Гузашта аз ин сафорату консулии Тоҷикистон дар Русия бояд ҷиддитар бархӯрд кунанд. То қарори суд баромадан нисбати ин қотилон намояндагони сафорату консулӣ бояд қазияро зери контроли худ гиранд ва ба ҷомеъа аз хулосаи ин гуна қазияҳо ҳисобот диҳанд. Таклифи дигари ман ин аст, ки намояндагони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бояд дар назди сафорати рус гирдиҳамоӣ ташкил бидиҳанд, то ҷомеъаи башарӣ донад, ки фашисти аслӣ кист. Мутаассифона, то агар расонаҳо вокуниш нишон надиҳанд, на сафорат на консулӣ ҷойи гармашонронро сард намекунанд.

Зафар ҚУРБОНОВ, ҳуқуқшинос

Ниҳодҳои қудуратии кишвар, алалхусус сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон танҳо бо эътирози як баёнот тамоми кори худро ҷамъбаст менамоянд. Бубинед, агар дар тамоми гӯшаи дунё назар афканем як шаҳрванди Русия ё Амрико ва ё Инглистон аз тарафи мақомоте боздошт ва ё аз ҷониби гуруҳе кушта шавад, дунёро чапу рост мекунад. Мутаассфиона ниҳодхои мо танҳо бо пешниходи як нотаи эътирозӣ кифоят мекунанд. Намедонам чаро?! Ё ҷони шаҳрвандон барои ниҳодҳои қудратӣ ё мансабдорони алоҳида он қадар муҳим нест ё ин ки ягон пойбандие доранд.
Албатта шеваи бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон дар пайи қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия бояд ҷиддитар шавад ва пурсиш шавад ва ҳатто ҳукумати мо бояд пофишорӣ кунад. Мо ғуломи Русия нестем-ку? Ҳоло агар баҳс сари нафташ равад Точикистон бо даст кашидан аз он метавонад аз дигар давлатҳо онро ба даст биёрад ё агар мушкилоти муҳоҷират бошад, ҳукумат бояд роҳи муҳоҷирати меҳнатиро ба дигар кишварҳо кушояд, бе ин ҳам аҳволи мардуми мо дар Русия ба монанди пешин нест ва мушкилоташон бештар шудааст.

Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси сиёсӣ

Барои миллате, ки нангу номус дорад, марги ҳар як инсонаш бояд фоҷеа бошад. Ва вокуниши пешвоёни миллат ҳам ба марги ҳар як шаҳрвандаш, ба хусус ба чунин кушторҳои бераҳмона, ки вақтҳои охир дар Русия рух медиҳанд, бояд ба лаҳни сазовор бошад. Мақомоти мо набояд нисбати чунин кушторҳо хомӯш нишинанд. Мо бояд аз ҳар як фурсат истифода барем, то ба мақомоти Русия расонем, ки мо Тоҷикистон шарики стратегии шумо аст ва муҳоҷирони меҳнатии мо, пеш аз ҳама, ватани шуморо обод мекунанд, иқтисоди шуморо мебардоранд, зиндагии шуморо беҳтар мекунанд. Мутаассифона, дар асл чунин нест. Шояд сабаби ин хомушӣ дар он бошад, ки Тоҷикистон аз Русия вобастагиҳои зиёди сиёсиву иқтисодиву амниятӣ дорад: қариб нисфи буҷаи кишвар аз ҳисоби пули муҳоҷирони меҳнатӣ пур мешавад, дар рӯёрӯи хатари ҷангиёни Давлати Исломӣ ва Толибон Тоҷикистон ба кӯмаки пойгоҳи ҳарбии Русия умед мебандад; Русия қариб як миллион мардуми тоҷик, ба хусус ҷавононро, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа ҳастанду метавонанд “дарди сар”-и ҳар як ҳукумат бошанд, дар худ ҷой додааст ва ғайра. Ва шояд ба хотири ин ҳама “сабабҳо” мо имрӯз ба маргҳои фоҷеабори шаҳрвандонамон дар Русия ба таври сазовор вокунише намекунем.
Мӯҳр
Кулябец
Фикри Шабдолов ба максад наздик аст. Дар Руссия зодагони Догистон ва дигар минтакахои Кавказ, ки шахрванди ин мамлакат мебошанд таъкиб карда мешаванд. Вале онхоро дар боздоштгохи барои хоричиён нигох намедоранд .
Бесохибтарин шахрвандони Точикистону Узбакистон мебошанд . Магар Точикистон шарики стратегии Руссия нест? Ё танхо шарики хукумат асту шахрвандони одди ба он тааллук надоранд?!!

99
Сафват Бурҳон ҳақ аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)