Директори бозори "Назари нек" 17,5 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Додгоҳи вилояти Суғд Рустамҷон Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар куштори як ноболиғ муттаҳам мешуд, ба 17,5 соли зиндон маҳкум кард.
Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеи Рустамҷон Ҷӯраев ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳукми зерҳимояаш имрӯз, 15 май дар додгоҳи вилояти Суғд содир шуд: “Ӯро дар дузанагӣ ҳам муҷрим шинохтанд”. Ба қавли ҷаноби Маҳкамов, ду муттаҳами дигар дар қазияи куштори ноболиғ барои 16 солу 3-моҳӣ равонаи зиндон шуданд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 5 май айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи вилояти Суғд аз додраси парванда талаб намуд, Рустамҷон Ҷӯраевро 20 ва ду ҳамроҳашро 19 солӣ аз озодӣ маҳрум кунад.
Ин афрод, дар латту кӯби ду хонандаи мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов, ки сабаби ҳалокати яке аз онҳо шуд, муттаҳам мешуданд. Мақомоти пулиси вилояти Суғд моҳи январ аз ҳалокати як ноболиғ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода гуфтанд, ӯ дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек” ҷон додааст. Манбаъ гуфт, тахминан соатҳои 01:30-и 15 январи соли ҷорӣ ноболиғон Эраҷ Исоеви 16-сола ва Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола, хонандаҳои мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои “Сабрина”, воқеъ дар бозори “Назари Нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огаҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтодан, ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд".
Ба гуфтаи пулис, директори бозори “Назари Нек” -- Рустамҷон Ҷӯраеви 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор -- Бобурҷон Юсуфови 29-сола ва Аҳлиддин Файзиеви 37-сола, ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, онхоро бо мушту лагад ва пояи мизи пластмасси задаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Зиёдбек Ҷӯраев, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст”.
Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек” дар барномае тавассути телевизиони "Симои мустақили якуми Хуҷанд" ба гуноҳи худ иқрор намуда, изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ анҷом шудааст ва фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем”.
Ӯ санаи 12 май дар сухани охиринаш зимни мурофиаи додгоҳӣ хостори ҳукми одилонаи додгоҳ шуда буд. Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеи Рустамҷон Ҷӯраев он замон ба “Озодагон” гуфт, зерҳимояаш аснои ибрози сухани охирин дар додгоҳ ба падари 7 фарзанд буданаш ишора карда, аз додрас хоҳиш намудааст, аз рӯи инсоф ҳукм содир кунад: “Ӯ гуфт, ман ҳам намехостам, чунин кор шавад, хоҳиш мекунам ҳукми вазнин бароварда нашавад ва нисбати амали ман одилона баҳо дода шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |