Бахшҳо

Шикояти Зоиров ба СММ аз қарори Додгоҳи олӣ алайҳи Қудратов

Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси зиндонии тоҷик аз қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати зерҳимояаш ба Созмони миллали муттаҳид шикоят мебарад.

Раҳматилло Зоиров, имрӯз, 18 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло ба омода кардани санадҳо машғул аст ва дар наздиктарин фурсат шикояти худро ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ мерасонад. Номбурда иброз дошт, дар шикояти худ аз СММ талаб мекунад, то кадом андоза дуруст татбиқ шудани ҳукм нисбати зерҳимояаш ва будан ва ё набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои ӯро баррасӣ намояд: “Аз қарори Додгоҳи олӣ рӯзҳои наздик ба се ҷо шикоят хоҳем бурд: Як шикояти назоратӣ аз ҳукми Додгоҳи олӣ ба худи ин ниҳод, як шикоят ба Омбудсмен ва як шикоят ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ”.

Аввалҳои моҳи марти соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷикро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв карда, ӯро аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Он замон Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Қудратов ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ҳукм аз рӯи моддаи 320, яъне пешниҳоди пора бетағйир гузошта шудааст: “Қаблан аз рӯи моддаи 320 Қудратов ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Бо назардошти беш аз 7 моҳи боздошту татбиқи қонуни афв айни ҳол 3 солу 8 моҳи дигари зиндон мондааст”.

Ин дар ҳолест, ки 13 январи соли равон Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон кард. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.

Ин ҳукм вокиниши шадидеро миёни ҳомиёни ҳуқуқи башар ба вуҷуд оварда, созмонҳои байналмилалӣ онро сиёсӣ ва нақши ҳукумати иҷроияро дар он калидӣ хонданд.
Мӯҳр
Як савол, дар кадом асос ва бо кадом далел Зоиров худро Рахматилло ном мебурда бошад? Шакли дурусташ РахмаТУллох аст охир. Ба фикрам ин одам манияи ТИЛЛО-ро дорад. Хаминхел давом кардан гирад, дере нагузашта насабашам иваз мекунад, Зоиров нею Золотоев мешавад )))).
Зоиров хеч вакт дар гами миллати мо набуд ва нахохад буд !

Хамин Кудратов агар чиноят намекард бехуда судаш намекарданд. И Зоиров бошад, чунин холатро истифода бурда, мехохад номашро то СММ муаррифи намояд, ки у хукукшинос аст. Лекин ин кори мекардаи у ба манфиати обрую эътиобри точикистон хуб нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)