Ҷавоби муовини Аслов ба саволи афсарони Ҳиндустон
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин вохурӣ зуҳри 18 май дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар мулоқот муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Душанбеву Деҳлӣ дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос кардааст.
Инчунин Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |