Бахшҳо
19 май 2015 10:24Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ибни Сино: Мо табобати босифат ва босамарро кафолат медиҳем

Одатан ба назди гинеколог занону духтарон меоянд, аммо вақте мо дохили утоқи кори мудири шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино Ситора Қодирова гардидем, он кас бо истифода аз расму дастурамалҳо, ба ҷавоне тарзи фаъолияти бачадон ва ҷараёни ҳомилагиро мефаҳмониданд.

Ситора Қодирова аз ҷумлаи мутахассисонест, ки ба ҷуз донишу таҷрибаи андӯхта, боз дар кишварҳои Эрону Ҳиндустон, Қибриси шимолӣ бар дониши худ афзудаву аз таҷрибаи пешқадам баҳраҳо бардошта аст. Бо вуҷуди зиёд будани теъдоди ниёзмандон, арзи сипос менамоем, ки доктор вақт ҷудо карда, ба саволҳои мо посух доданд:
- Ҳамарӯза оилаҳои ҷавоне, ки безурётӣ ва дигар бемориҳои занона барои хушбахтии комили онҳо монеъа эҷод кардааст, ба мо муроҷиат мекунанд. Дар панҷ моҳи охир аз рӯи барномаи индуктсияи овулятсия (ҳаҷман калон кардану кафонидани тухмакҳо) ба 10 ҷавонзан хидмати тиббӣ расонида шуд, ки солҳои тӯлонӣ аз ранҷи бефарзандӣ азоби рӯҳӣ мекашиданд. Ҳамаи ин занон бомувафақият давраи ҳомилагиро ба анҷом расонида истодаанд ва дар ҳолати зарурӣ аз машварату тавсияи мо баҳраманд мешаванд. Мо бо тамоми мизоҷонамон тамоси доимӣ дорем.

- Кадом бемориҳои занона дар ин шӯъба табобат мешаванд?

- Агар гӯем, тамоми бемориҳои занона табобат карда мешаванд, хато намекунем. Илова бар ин тармими эстететикӣ ва коректсияи берунаи узвҳои гениталӣ дар сурати фуромадани девораи пешу паси маҳбал (рентоселлия, систатселия) анҷом дода мешавад. Табобати безурётӣ бо роҳи найчавӣ: гистеросалринграфия (рентгени найчаҳои тухмгузар), пертубатсия (ворид кардани ҳаво ба найчаҳо барои кушода кардани найчаҳо ҳангоми безурётии найчавӣ), синпинголизиси лапароскопӣ (ҷарроҳии лапароскопии найчаҳо) ба таври комил ва бо сифати баланд дар мо анҷом дода мешавад.

- Кадом намуди ҷарроҳиҳо гузаронида мешавад?

- Дар шӯъба барои анҷоми амалиёти ҷарроҳии гуногун аз таҷҳизоти лапароскопӣ ва гистероскопӣ истифода шуда, барои табобати беморони гинекологӣ ба таври ҳатмӣ асбобҳо як маротиба истифода мешаванд. Ҷарроҳиҳои миомаи бачаддон, миомэктомияи консервативӣ, яъне нест кардани миома тавасути амали лапароскопӣ ва гистероскопӣ бо ҳифз намудани танаи бачадон низ дар муддати кӯтоҳ анҷом дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки аксари ин амалҳо дар филиалҳои бемористони мо (Хуҷанду Фархор) низ ба субут расонида мешаванд.

- Арзиши ин амалиётҳо чанд аст?

- Вобаста ба намуди беморӣ, қиммати табобату ҷарроҳӣ ҳамгуни дигар муассисаҳои тиббии кишвар аст. Муоинаи аввалияи табиб ҳамагӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Машварат ва маслиҳати якҳафтаина низ ба ин 50 сомонӣ дохил мешавад. Бар замми ин бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва дастрасӣ ба хидматгузориҳои тибии пешқадам, роҳбарияти бемористон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» барномаҳоеро роҳандозӣ намудааст, ки тибқи он хароҷоти суғурташудагон аз 50 то 80% камтар мешавад. Ба таври мисол шахси суғурташуда метавонад бо 10 сомонӣ машварати мутахассиси ин шӯъбаро бигирад!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)