Бахшҳо
19 май 2015 16:55Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳафиз Холиқзода аз Маркази оянданигарии академия рафт

Ҳафиз Холиқзода, директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз мақоми худ канор рафтааст.

Ҳафиз Холиқзода рӯзи 19 май бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, бо хоҳиши худ аз вазифа рафт. Ӯ далели аслии ин тасмимашро "машғул шудан ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ" гуфт. Ба қавли ҷаноби Холиқзода, ӯ ҳамчун узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” боқӣ мемонад, вале ба Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ дигар ҳеч робитае надорад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Атоӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини директори маркази мазкур ифои вазифа мекард, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ низ аз вазифа канор рафтааст.

Ҳафиз Холиқзода мегӯяд, дар мавриди раҳбарияти нави марказ ҳоло маълумоте дар даст надорад.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ соли 2014 дар Академияи улум таъсис ёфт ва бо мавзеъгириҳои мутафовити худ дар баробари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва дини Ислом дар татқиқоти худ ва расонаҳо маъруф гардид. Маркази мазкурро бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ҷузъе аз “фабрики ҷавоб”, ниҳоди номушахасе, ки дар навиштаҳои худ мухолифин ва дигарандешонро саркӯб мекарданд, медонистанд. Вале, ҷаноби Холиқзода дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” ин иддаҳоҳоро рад кард.
Мӯҳр
одам
бисёр хабари оли, як човандоз гум шуд

Худованди таоло аъзои бокимондаи ин махфил хои зиддидиниро хидоят кунад. Омин

99
хУДО ОҲИСТА-ОҲИСТА МЕЗАНАД!!!

Рустам
Холикзода аз ухдаи кор набаромад. Ба гайр аз танкиди ХНИТ ягон гапи дигар наёфт. Осон нест дар ин марказ кор кардани чунин олимчахо.

Довуд
Ба Оксакол

Илохи Омин

Довуд
Ҳафиз Холиқзода рафта корро дар Марказхои аналитикии хорича омухта баъд омада корро дар Точикистони азиз сар кун.
Охир этикаи илмиро хам бо кормандони худ фаромуш карди.
Ба чои он, ки оядаи миллатро аз назари ителлектуали фикр куни ба ХНИТу муллохои бечора кор гирифти.
Як бор бо кормандони худ фикр накарди, ки СССР барои чи Рухониёни саршиноси точикро дар солхои аввали баркароршавии СССР махву нобуд карданд????. Хусусан дар минтакаи Кулоб Рухониёни босавод зиёд буданд. Хамаашон гурехта ба тарафи Афгонистон ва аз он чо ба ПОкистону Арабистони Сауди хичрат намуданд. Имруз набераю аберахои онхо зиндаанд.
Ҳафиз Холиқзода аз таърих ибрат омухтан лозим.

Охир шуморо ки гуфт, ки бар зидди унвони "пешвои миллат" бароед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)