Бахшҳо

Ҷавоби Маркази исломӣ ба “насиҳатгарон”-и Эмомалӣ Раҳмон

Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте ба нашрияи “Ҳашти субҳ-и Афғонистон, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тавсия дод, ба мақомот бигӯяд, то ба ҷои баҳси ҳиҷобу риш ба мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум расидагӣ шавад, вокуниш нишон додааст.

Дар изҳороти ниҳоди таҳти раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба масъулини нашрия тавсия шудааст, ба ҷои ироаи маслиҳату тавсия ба Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои муттаҳид сохтани миллати худро биҷӯянд: “Ба касе пӯшида нест, ки Афғонистон солҳо боз ба майдони бозиҳои геополитикии абарқудратҳо табдил ёфта ва сабаби асосии он - даст наёфтан ба ваҳдати сартосарии миллати Афғонистон аст. Агар он носеҳоне, ки гӯё ғами Тоҷикистонро хӯрданӣ мешаванд, сари масъалаи асосии амнияти Афғнистон-роҳу усулҳои муттаҳид сохтани миллат ва барпо кардани як давлати мутамарказро ҷиддан андеша мекарданд, дигар қуввае наметавонист онро тикаву пора кунад”.

Масъулини марказ гуфтаанд, нашрияи кишваре ба “насиҳат”-и Эмомалӣ Раҳмон бархостааст, ки беш аз 30 сол аст, наметавонад мушкили дохилии худро ҳал кунад. Дар ҳоле ки ҷанги дохилии Тоҷикистон танҳо 5 сол давом карда, роҳандозии консепсияе аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, миллат аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад: “Тармими бадан аз мағзи он шурӯъ шуд, на аз ҷойи дигар. Вақте ки мағз дуруст кор кунад, дигар тамоми буния ба он тобеъ хоҳад шуд. Агар ин таҷрибаро “дӯстони носеҳ”-и мо дуруст ба кор мегирифтанд, Афғонистон низ марҳилаи бозсозии миллиро кайҳо пушти сар мекард...”

Дар идома таъкид шудааст, Тоҷикистон дорои Сарқонуне аст, ки дар он кулли ҳуқуқҳои мардум, аз ҷумла ҳаққи озодиҳои шахсӣ марқум аст ва дигар қонунҳо, аз ҷумла дар бораи эътиқодоти динӣ амал мекунанд ва касе ҳаққи нақз кардани онҳоро надорад ва иқдомҳои охир низ “барои покизагии фарҳанги миллии хеш” гирифта шудаанд: “Ишораи Сарвари давлат дар маҳфили зиёиёни кишвар роҷеъ ба покиза нигоҳ доштани фарҳанги пӯшиш танҳо ва танҳо ба бонувони кишвари Тоҷикистон дахл дошт ва ин як кори маъмулии ҳар садри аъзами дилхоҳ давлат аст”.

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз ин нашрияи Афғонистон даъват кардаанд, ба масоили вобастаи дохилии як кишвар дахл накунанд: “Аз ин як масъалаи дохилии як давлат, ки назму низоми фарҳанги як миллатро фаро мегирад, фоҷиаи байналмилалӣ сохтан ба қавле аз пашшае фил сохтанро мемонад”.

Аз ин пеш, Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо навиштани матлабе ба тавсияҳои “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон посух гуфта буд. Дар матлаби оқои Юсуфов гуфта мешуд, “чунин “дилсӯзиҳо” танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гуруҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар аст”.

Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон рӯзи 16 майи соли равон дар матлабе унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварро ба баҳс кашида, дар зимн барои Эмомалӣ Раҳмон чанд тавсияе карда буд. Аз ҷумла муаллифони ин нашрия гуфтанд, “Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, шикори гуруҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии ин кишвар хунсо кунад”.
Мӯҳр
Маркази Исломии чумхур чавоби хуб додааст. Ба гуфти бобои Ленин хар кас г.. худашро хурад!

рахмат ба муфтие ки аз дину милат дифоъ мекунад мо чавонони точик хамфикр хастем

ТОJИКИ
И ДОНОЯКОИ МО ФАКАТ САРИ ХУДИХО ДОД МЕЗАНАД КАНИ ДИЛСУЗОНИ МИЛАТ БА РУСХО ЧАВОБ ДИХЕД БА ЖИРИК ЧАВОБ ДИХЕД ИНКАДАР МОРО ТАНКИ МЕКУНАНД ПАСТ МЕЗАНАНД КАНИ САДОИ ШУМО


Касе бошад набошад дар бораи ришу хичоб гап занад он факат аз номи дини ислом гап задаст рост меган дар ЧТ факат сару либос ва дигар чизхоро сахт мегиран лекин саводро он кадар ахмият намедиханд. Ман мактабу донишгохро дар назар дорам

Мухтарам саидмукарам чаро шумо аз барои мансаб шуда гапи хакро намегуед оё сатр фарзи илохи нест? риш суннати паёбар с.а.в нест? Барои ин дунё шуда гапи хакро намегуед

mulloTOJIK
MEGUM IN BOBI MULLO BAJOI SUXANI HAQRO QABUL KARDAN VA MUSHKILOTA BARTARAF KADAN SINI MARDUM SANGPARTOI SAR KARDAYKU

комент
Безор каден кати аму ришу румохо бахудо, ягон кас манъ накардааст аму ришу руймола, ика мо мафкураи пасти бемаъни дорем. Мардуми дишар давлатхо дар фикри баровардани тачхизотхои охирзамон мо то хол аму риши даку руймоли качалара хал кадесем. ин кор хам гунох хам нодуруст амт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)