Бахшҳо

Ато Муҳаммади Нур қотили Бурҳониддин Раббониро ифшо кард

Ато Муҳаммади Нур, сарпарасти вилояти Балхи Афғонистон дар тозатарин изҳороти худ гуфтааст, Маъсум Истонакзай қотили Бурҳониддин Раббонӣ аст.

Ин изҳороти Ато Муҳаммати Нур дар ҳоле садо медиҳад, ки раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ қасд доранд, Маъсум Истонакзайро ба унвони номзади вазорати дифоъи ин кишвар дар парлумон муаррифӣ кунанд.

Ба иттилои сомонаи “Ҷумҳурнюз”-и Афғонистон, оқои Нур бо интиқод аз ин иқдоми раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ гуфтааст: “Муаррифии Маъсум Истонакзай, ки қотили раҳбари фарҳехтаи Ҷамъияти исломӣ шинохта шудааст, дар вазифаи калидӣ чизе камтар аз по гузоштан рӯи арзишҳои миллӣ ва беҳурматӣ ба хуни муқаддаси раҳбари мо нест”.

Ин нахустин маврид аст, ки раҳбарони воломақоми тоҷиктабори Афғонистон Маъсум Истонакзайро ба унвони қотили Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, Раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва Раиси Шӯрои олиии сулҳи Афғонистон муаррифӣ мекунанд.

Бурҳониддин Рабонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон дар замоне, ки Маъсуми Истонакзай масъулияти раиси Дабирхонаи шӯрои олии сулҳро ба уҳда дошт, аз сӯйи марди интиҳорӣ ба шаҳодат расид.

Дар гузашта низ бархе соҳибназарон мегуфтанд, дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ оқои Истонакзай даст дошт, зеро бе мувофиқати ӯ ин кор сурат намегирифт.
Мӯҳр
Истонакзай не Стонакзай хастеш.

Шариф
Ба хар точик, ки дар ин ё он гушаи дунё аз точикияти худ дифоъ мекунад ифтихор дорам. Ато Муҳаммади Нур бехтарин чехраи сиёсии мардуми точик дар фазои имрузи Афгонистони чангзада аст. Суухани у баёнгари он аст, ки точикон сиёсатмадор, фарханги ва олихимату часуру ватанпарвар хастанд. Дар асри навин Афгонистонро на паштуну узбак , балки точик дар чехраи Хазрати Раббон, Хазрати Ахмадшох Масъуд, аноби Ато Мухаммади Нур ва даххои дигар аз хоричиёну хаммаслакони онхо бо номи толибхо химоя намудаанд. Нуфузи точикон дар Афгонистон аз дигар кавмхо зиёдтар ва накши онхо боризтар аст.

Кулябец
Ин палиди хунхорро куштан чоиз хаст! Раббони устоди кулли точикон ва ифтихори миллат буданд . Чояшон чаннат бошад, Омин!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)