ВИДЕО: 50 мусофири мошини “шашодама”
Навори аз як мусофиркаши хурд берун шудани 50 мусофир дар интернет ҳар чи бештар тамошобин мегирад.
Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, аз дохили як мусофиркаши хӯрди монанд ба “Тангем” мусофирони зиёде берун мешаванд. Шабакаи аввали телевизиони Русия гуфтааст, ин навор дар шаҳри Вуяни Чин сабт шудааст. Ба иттилои манбаъ, пулиси роҳ мусофиркашро барои санҷиш боз дошта, шоҳиди ҳолати аҷибе мешавад. Аз мусофиркаше, ки ҳамагӣ шаш ҷои нишаст дорад, 50 нафар берун шудаанд.
Маълум гардида, ҳамаи мусофирон дар ширкати сохтмонӣ кор мекунанд ва мошинро “прораб”-и онҳо идора мекардааст: “Ронандаро ҷарима карда, мусофиронро бо чанд мусофиркаши пулис ба манзилҳояшон расонданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |