Иқтидори шабакаҳои мустақили телевизионӣ таҳқиқ шудааст
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ аз анҷоми тадқиқоташ дар бораи иқтидори техникии ташкилоти мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ, ки дар 15 ташкилоти амалкунандаи мустақили телевизионии Тоҷикистон гузаронида шудааст, хабар медиҳад.
Муаллифони тадқиқоти мазкур мегӯянд, онҳо рӯзи 25 майи соли равон дар маҳфиле бо ҳузури доираи васеи коршиносони соҳа дар шаҳри Душанбе натоиҷи кори худро эълон хоҳанд кард.
Зинатулло Исмоилов, раҳбари ин ассосиатсия дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тадқиқоти онҳо бо мусоидати Намояндагии “Интернюс Нетуорк” дар Тоҷикистон гузаронида шуда, тамоюлҳои рушди телевизионҳои маҳаллиро дарбар мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаи онҳо барои мушаххас намудани сарнавишти ташкилоти мустақили телевизионӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ корбаст шуда метавонанд.
Ҷаноби Исмоилов афзуд, ҳадафи онҳо мушаххас намудани иқтидори шабакаҳои мустақили телевизионии амалкунандаи ҷумҳурӣ буд: “Шабакаҳои мустақили телевизионӣ, ки аз аввали солҳои 90-уми асри 20 ба фаъолият оғоз кардаанд, имрӯз дар ташаккули фазои иттилоотии кишвар саҳми муҳиме доранд. Новобаста ба имконоти хеле маҳдуди техникиву истеҳсолӣ онҳо барои расонидани ахбори маҳаллӣ ба мардум кӯшиш менамоянд ва дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар ҳиссагузоранд”.
Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад.
Маҳфили эълони натоиҷи тадқиқоти мазкур рӯзи 25 майи соли равон соати 09:00 дар толори Маркази ҷумҳуриявии матбуоти пойтахт шурӯъ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |