Бахшҳо

Набояд аз Тоҷикистон биравем

Иршод Сулаймонӣ

Вақтҳои охир дар навиштаҳои бархе олимон, рӯзноманигорон, дар шеърҳои шоирон ва дар суҳбатҳои инфиродии хеле аз дӯстону соҳибкорон мушоҳида мешавад, ки онҳо агар имконе пайдо кунанд, Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Худи ман ҳам дар ин маврид бисёр фикр мекунам. Вале ҳамеша дар чунин ҳолатҳо ин мисраъ аз суруди ҳунарманди маъруф Фарҳоди Дарё ба хотирам мерасад: “Ин Ватан бе мо Ватан кай мешавад?” Баъзеҳо, ин байти Шайх Саъдиро, ки мазмуни як ҳадиси пайғамбари гиромии Ислом Муҳаммад (с) аст, мисол мезанад:
Саъдиё ҳубби Ватан гар чи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман инҷо зодам.

Вале ҳалли мушкил дар ин аст, ки мо аз сахтӣ фирор кунем ва танҳо худро наҷот бидиҳем ё инки бимонем ва ин сахтиро аз байн бубарему тамоми миллатро аз ин мушкили умумимилӣ раҳо кунем. Инҷо баҳси ватандӯстӣ ва ватанбезорӣ дар миён нест. Ҳамаи онҳое, ки аз Тоҷикистон мераванд ватанбезор нестанд, аз ночорӣ тарк кардани Ватан маънои дӯст надоштани Ватанро надорад. Агар ба онҳое, ки аз Тоҷикистон мераванд ватанбезор бигӯем, пас лашкари наздики ду миллионнафараи муҳҷирони кории тоҷик кӣ ҳастанд? Онҳо аз ночорӣ ин ҳама меҳнату азобу машақату ҳамоқату дарбадариву беҳуқуқиро таҳаммул мекунад, ки хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон аз сахтӣ наҷот диҳанд. Яъне масъалаи аз Тоҷикистон рафтану нарафтан ба баҳси ватдӯстиву ватанбезорӣ дар шароити имрӯзе, ки мо дорем бастагӣ надорад. Албатта, шароит ва муҳите, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шудааст, талаб мекунад, ки ҳар касе, ки имкон дорад дар ҳар гӯшаи дунё бояд барои худ зиндагии хубтаре ҷӯр кунад. Мо бо ин кор зиндагии худро беҳтар мекунем, вале Тоҷикистон ҳам бояд обод шавад. Бо рафтани мо аз Тоҷикистон ва дар пайи зиндагии хусусии худ шудан, кишвари мо пешрафт намекунад. Тоҷикистонро ба ҳамин мансабдороне, ки наметавонанд дар ин чанд сол вазъро хубтар кунанд, вогузор кардан оё мантиқист?

Ҳоло бо муҳите, ки мо дорем аксарият ба ночор аз Тоҷикистон мераванд, вале касе дар фикри он нест, ки чӣ гуна бояд аз рафтани беҳтарин мағзҳо ҷилавгирӣ намуд. Дар бештари маврид фишор болои мухолифин ва баъзе озодфикрон карда мешавад, ки онҳо аз Тоҷикистон бираванд ва ҳарфу интиқодашонро дар берун бигӯянд. Аммо оё ин роҳҳи ҳалли мушкилоти Тоҷикистон аст? Агар бо хомӯш кардани даҳони расонаҳо ва фирорӣ намудани мухолифин мушкилоти Тоҷикистон ҳал шавад, ман фикр мекунам ҳама розиянд, ки чунин кунанд. Вале сарчашмаи мушкил ин нест, сарчашма нодуруст шинохта шудааст. Барои ҳамин бояд муҳитро ба гунае насохт, ки аз Тоҷикистон биравем, балки бояд тавре фазо фароҳам кард, ки ба Тоҷикистон биоянд.

Бар асари фирори мағзҳо дар 20 соли ахир аз ҳама бештар кишварҳои хурде, ки рӯ ба рушди саноатӣ доранд, зарар дидаанд. Мувофиқи тадқиқот аз ҳама бештар фирори мағзҳо бар асоси авомили сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст. Ҳоло дар дунё аз ҳама бештар аз фирори мағзҳо 90 кишвар зарари зиёд мебинанд, ки Тоҷикистон ҳам яке аз онҳост. Ин хулосаро чанд сол беш Сандуқи байнулмилалии пул пешниҳод карда буд. Ҳарчанд фирори мағзҳо фақат дар кишварҳои қашшоқ мушоҳида намешавад, вале кишварҳои мисли Тоҷикистон аз фирори мағзҳо сахт зарар мебинанд. Бе ин ҳам дар шароити имрӯзи мактабу маорифи мо мушкили сахти мутахассисон ва мағзҳои хубро дорем, ва агар қисме аз инҳо бираванд, боз чӣ қадар ин мушкил бузург мешавад. Агар дар 50 соли ахир 3 миллион шаҳрванди Бритониё ин кишварро тарк кардаанд, ки 1, 1 миллиони онҳо мутахассисини муҳим будаанд, вале Бритониё аз ин фирор камтар зарар дидааст.

Бар асоси як таҳқиқоти дигар дар соли 2004 маълум шудааст, ки қариб ҳар даҳумин нафари соҳиби дипломи маълумоти олие, ки дар кишварҳои рӯ ба рушд таваллуд шудааст ва ҳамчунин 30-35 фисади олимону муҳандисони дар ин кишварҳо таваллудшуда, ҳоло дар кишварҳои рушдкарда зиндагӣ ва кор мекунанд. Аз рӯйи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои Африқо ҳамасола бештар аз 4 миллиард долларро барои барномасозҳо, муаллимон, муҳандисон ва менеҷерҳои хориҷӣ масраф мекунанд, ки чунин мутахассисонро надоранд ё онҳо кишварҳояшонро тарк кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳам аксарияти бонкҳои мо барномаҳои комуникатсионии бонкдорияшонро бо маблағҳои бисёр ҳангуфт дар хориҷи кишвар месозанд.

Мушкили нарасидани муаллимон дар макотиби миёна аз бузургтарин мушкили соҳаи маориф дар солҳои ахир ҳаст ва боқӣ мондааст. Ду сол пештар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат аз нарасидану набудани кадрҳои сатҳи роҳбарӣ ва мудирият шиква кард. Он замон касе ба ин пиндор нарасид, ки омили аслии ин фирори мағзҳо аз кишвар мебошад.

Яке аз омилҳое, ки Тайланд ва Чин пешрафт карданд ин дониста мешавад, ки онҳо мағзҳои фирорӣ аз кишвари худро тавонистанд бо офаридани муҳити созгор дубора ба ватан баргардонанд. Ҳоло аз нисф бештари ширкатҳои ҷадиди технологияҳои муосири Тайланро тайландиҳое таъсис додаанд, ки аз ИМА баргаштаанд. Дар Чин ҳисоб шудааст, ки ширкатҳои бузуртарини интернетиро шаҳрвандоне таъсис додаанд, ки таҳсилоти олиро дар ИМА фаро гирифтаанд. Дар Ҳиндустон ҳам мушоҳида шудааст, ки рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ бар асари баргашти мутахассисине сурат гирифта, ки солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта ба ИМА ҳиҷрат кардаанд. Дар натиҷаи базгашти "мағзҳо", имрӯз дар Ҳиндустон бештар аз 7,5% маҷмуи маҳсулоти дохилиро даромад аз IT - ширкатҳо ташкил медиҳад ва ин ширкатҳо наздик ба 2 миллион ҷойи кор ба вуҷуд овардаанд.

Як қисм кишварҳои дигар барои ҷалби истеъдодҳо ва мутахассисини теззеҳн ва қобилиятнок моделҳои гуногунро коркард намудаанд. Масалан ИМА, Австарлиё, Зеландияи Нав, Конодо, Фаронса ва Бритониё дар макотиби таҳсилоти олии худ барои хориҷиёни соҳибистеъдод шароитҳои мусоид фароҳам кардаанд ва дар як қисм ҳолатҳо онҳоро аз пардохти ҳаққи таҳсил озод намудаанд. Ҳамчунин ин кишварҳо барои ин гуна шаҳрвандони хориҷӣ ва хонаводаи онҳо ҷараёни гирифтани мақоми шаҳрвандиро хеле сода намудаанд. Кишварҳои аврупоӣ бошанд ҳаққи таҳсил ва зиндагиро барои ин гуна шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ИМА арзонтар намудаанд. Аммо дар Тоҷикистон, ҳатто талоше барои баргардондани касоне намешавад, ки аз ҳисоби буҷаи давлат дар хориҷ таҳсил кардаанд. Онҳо, ки шоҳиди шароитҳои бисёр хубтаре аз Тоҷикистон дар хориҷ мебошанд, наметавонад, ки бо маоши бисёр ночиз биоянду дар кишвар кор кунанд. Бояд дар ин росто таҷрибаҳои дигарерор коркард намуд. Чун ба иҷбор ҳам намешавад онҳоро кашиду овард.

Дар баҳсҳои илмии Аврупо фирори мағзҳо пеш аз ҳама чун талафоти элитаи илмӣ, то ҳатто "ситораҳои илм" эътироф мешавад. Дар Тоҷикистон бошад касе аз фирори мағзҳо садо баланд накардааст. Танҳо Созмони олмонии GIZ бо нашри як гузориш дар мавриди рушди Тоҷикистон дар соли 2014 фирори мағзҳоро аз кишвари мо мояи нигаронӣ хонд. Ва ин созмон, ки солҳост дар Тоҷикистон фаъолият дорад, гузориш дода, фирори мағзҳо аз Тоҷикистон аз 10 шаш нафарро ташкил медиҳад. ИМА бо офаридани фазои мусоид тавонист аз ҳисоби ҷабидани мағзҳои кишварҳои дигар хеле рушд кунад. Ҳоло ҳар сеюмин дорандаи ҷоизаи Нобел дар ИМА олимони муҳоҷир мебошанд. Дар Амрико 90 ҳазор хориҷӣ аз рӯйи стипендияҳои илмӣ таҳсил мекунанд.

Мо медонем, ки фазои сиёсӣ, муҳити носолими тиҷоратӣ, шароити номусоиди сармоягузорӣ, маҳалгаройии зиёд, рушди баланди коррупсия мунҷар ба он шудаанд, ки зеҳниятҳо, элитаҳои илмӣ ва "мағзҳои иқтисодӣ" кишварро тарк намоянд. Шароитҳои ногувор ва фазои носозгору сифати пасти таълим сабаб шудааст, ки хонандагони кишвар бо доштани камтарин имконият таҳсилро дар хориҷи кишвар ихтиёр кунанд. Ҳоло дар ИМА, Бритониё, Конодо, Малайзия, Эрон, Русия, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Чин ва кишварҳои дигар бештар аз 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳҳо ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳанд. Се сол пеш овозае паҳн шуд, ки гӯё сафоратхонаи Бритониё дар Тоҷикистон барои муҳассилини тоҷик дигар раводид намедиҳад ва сабаби аслияш ҳамоно баъди таҳсил бо ҳар баҳона барнагаштани донишҷӯёни тоҷик мебошад. Ин худ як шохиси ҷиддии бозгӯкунандаи фирори мағзҳо мебошад. Ин раванд ояндаи зиёнбор ва хатарноке барои рушди Тоҷикистон ва барои саодати миллат дорад.

Вале, мо набояд аз кадом як мансабдори ноуҳдбарое биранҷему Тоҷикистонро тарк кунем, мо набояд Тоҷикистонро ба касоне ҳавола кунем, ки намехоҳанд мо бо онҳо бошем. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро президенту сарвазиру вазиру ректору сардори раёсат ҳис кунад ва худро аз инҳо ҳеч кам надонанд. Мо бояд аз Тоҷикистон наравем ва талош кунем, ки муҳити хубро инҷо бисозем ва саъодати миллиро таъмин намоем. Албатта, ҳама бо ҳам, якҷоя.
Мӯҳр
Мағз
Офарин Иршод. Сари масъалагузорӣ бояд раҳбарони кишвар фикр кунанд,вагарна будааш ҳам аз даст меравад

Ҳолдон
Долодец!
В десятку!!

Молодец!!
В десятку!

Муслим
Ассалому алайкум
Мутаасифона хамон мансабдорони гуфтагиат огои Иршод аз шахсони равшанфикру донишманду озодфикр метарсанд барои хамин фирори онхоро хатто кабул доранд.

Имом
Дуруст мегӯӣ Иршод, вале барои ин мансабдорон ҳама аз кишвар раванд ҳам парвое нест. Боваркун, ки рост мегӯям ва ба ин мутмаинам! Исбот? Марҳамат! Бахтиёр Худойназар, Бӯри Карим, Додоҷон Атовулло, Барзу Абдуразоқов, Далер Назаров, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Малика Қаландарова... ҳама дар ғурбат ва баъзеашон дар он ҷо фавтиданд. Рӯихатро метавон идома дод. Вале ба кӣ мегӯӣ? Тоҷики шунаво нест!!!!!

Байхаки
ҷӯр кунад

Хамин вожаро ба- дуруст кунад ва ё омода кунад дигар кунед ноогохона аз гуфтори техронихо пайрави накунед меъёри забони форсии Эрон хам камбудхои зиёди худро дорад гарчи хеле зебоихоро низ дорост аз зебоихояш пайрави ва аз костагихояш дури кардани точикон бехтар аст. (Зеро дар айни хол бо ин кадар гановат ва тавонои гуиши эрон бештар аз забони адабии точики вожахои туркиву мугулиро дар худ дорад, дар гуфтори оянда оморашро ба бача бачахако хохам расонд)

Ватандуст
Ачоиб маколаи хуб навиштед, мухтарам Иршод. Шояд ин эчоди бехтарини Шумо бошад. Маълум аст, захмати зиед кашида, ин кадар маълумот чамъ кардед.

Аммо аз барои савоб бигуед, ки Шумо е нафари дигар кадом кори арзишмандеро барои ин Ватан кардани шудед, ки мансабдорон халал расонданд? Шумо сахв мекунед, ки мансабдорон ягон вакт барои ягон чавон маоши акалан 1000-2000 доллараро таъин мекунанд. Чунки худашон чунин маош намегиранд. Он чик и арзиши хонаю хавлии онхо на камтар аз 100 хазор доллар аст, диккат надихед, чунки чунин хонаро бо маоше, ки онхо доранд, танхо аз хисоби дузди сохиб шудан мумкин аст. Яъне онхое, ки ба хотири гирифта натавонистани мансаб ба Точикистон барнамегарданд, бехтараш барнагарданд, чунки онхо низ сафи мансабдоронро бо хама хислатхои бадашон зиед мекунанд.
Шумо худатон хисобу китоб кардед, ки 2 миллион кормандони Технологияхои информатсиони 7,5 % Мачмуи махсулоти дохилиро дар Хиндустон истехсол мекунанд. Азбаски дар Хиндустон такрибан 800 миллион кувваи кори аст, пас хатто дар мавриди дах маротиба камтар хам сахмгузори кардан дар эчоди Мачмуи махсулоти дохили , хачми он нисбати хозирааш 3 баробар зиедтар мебуд ва шояд ММД Хиндустон кариб 8 триллионро ташкил медод ва дар мавриди ду баробар камтар сахгузори кардани хар як кувваи кори нисбати хар як кормани технологияхои информатсиони, Мачмуи махсулоти дохили 40 триллионро ташкил медод, ки хатто аз Амрико дида 2.5 маротиба зиедтар мебуд.
Инчунин ба назари ман, Шумо дуруст хулоса кардед, ки асоси хама мушкилот паст будани сифати таълим аст, аммо худи Шумо хамчун як фарди рушанфикри ин Ватан барои бехтар шудани сифати таълим ягон пешниход кардед, хамчун рузноманигор ягон камбудии жидии низоми таълимро пайгири намудед?
Хафа нашавед ва саломат бошед. Бори дигар рахмати Худо барои арзебии масъалахои барои Ватани мо мухим.

Беруни
Иршод олӣ таҳлил кардааст, воқеан ҳамин тавре, ки муҳақиқи варзида афкорашро баён доштааст, мутаассифона кадрҳои беҳтарини ватандӯсти тоҷик потенсиали бузурги ҷисмонӣ ва ақлониашонро барои пешрафти дигар мамолик равона карда истодаанд, дар ватан чанд нафари авомфиреби душмани фарҳанг, таърих, забон ва мардуми тоҷик дағдаға доранд, гӯё, ки ин ватан танҳо марбути онҳост ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд.

Кулябец
Курдхо солхо кушиши пайдо кардани Курдистонро доранд, аммо наметавонанд. Дидаву дониста пароканда кардани миллат ин аблахист!
Исроил баъди таъсис ёфтанаш хама гурезагони яхуди ва берун аз марз будагонро бозхонд. Дар мо 300 000 гурезаро аз Афгонистон бозхонда 2 500 000 - ро сарсон кардаем! Чахон гаштану , чахон дидан ин хуб аст. Аммо на мисли чахонгардии имрузаи мо, ки кадри миллатро паст задаем! Чахонгардии мо аз нодори ва ночорист. Чи мешуд, ки корхона ва заводхо сохта, дехконию чорводориро бар чо карда чой кор пайдо кунем!!

Муаллиф масъалае хеле мухим ва хассос ва пурдардро матрах карда. Ва хар харфи навиштааш дуруст аст. Дар ин кор пеш аз хама, давлат манфиатдор бояд бошад. Бояд шароити мусоид эчод бикунад, махалгарои дар интихоби кадрхоро ба шоистасолори бадал кунад, ба чойи сохтмонхои "калонтарин"-у "баландтарин" ба эчоди корхонахои тавлиди машгул шавад, мухочиратро таблиг ва ташвик накунад.... Ва вазифаи мост, ки хамаруза бигуем..... то ки бишнаванд....

мансаббой
"Албатта, ҳама бо ҳам, якҷоя" - ин орзуятро бародар Иршод кабул надорем! Чи боз бою камбагалро баробар каданиед? намешавад,сахт кашфер карда шудааст.

Юсуф
Рост гуфти Иршод бародари мухтарам .Локен чи хел кунем диплом дорем дар Точикистон кор намеёбем .Ман худ тамомкардаи яке аз донишгохои Федорацияи Руссия мебошам локен то хол кор наёфтаистодаам ба кадом корхонае меравам холо чои кор нест мегуянд баади мурочиати ман ба хамон корхонахо одам мегиранд кадом одами ки таги вазнин дорад сохиби вазифа аст .Вой бархоли мобарин бе тагахо панч сол дар шахри мусофири хондем як сол мешавад дар ТОЧИКИСТОНИ БОСТОНИ БЕКОР ГАШТЕМ БО СЕ ЗАБОН ОЗОДОНА ХАРФ МЕЗАНАМ ЛОКЕН ЧОИ КОР НАМЕЁБАМ ЧИ КОР КАРДАНАМРО НАМЕДОНАМ БАРОДАРИ АЗИЗ ИРШОД.

Ватандусти беватан
Саломат бошед бародар Иршод
Дустони азиз ин мавзуе ки нашр шудааст хело мавзуи мухими руз мебошад
Мутаасифона чи кунем ки ин хукуматдорони мо мардуми азизу сарбаландамонро хор кардааст .........................
Аз идораи Озодагон хохиш мекунам ки бетагйири ин нуктахо Чоп кунед

Боракаллоҳ Иршод! Дар муҳити дурӯғпарасту дурӯғсози мо чунин мавод, каме ҳам бошад, рӯҳбахшанда мебошад.

Рост бародар Иршод.Мо Бояд Ватанмона Обод Кнем Мо Миллати Кадима Хастем Ватана Дуст Доштан Нишонаи Имондорист

Аспирант аз хорича
Маколаи бехтарин! Масъалаи доги руз. Хаминхел шербачахои точики богайрат зиед шудан гиранду хаминхел масъалахои вазнинро тушвикот бурдан гиранд ман умедворам кисми зиеди "Магзхои" точик бар мегарданд. Бо хамаи ин гуфтахо ман хам розиам ва дастгири менамоям.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)