Бахшҳо

Сарроф: Қурби долларро домоди Президент поин овард

Қурби як доллари амрикоӣ, ки 25 май ба 6,40-6,42 сомонӣ, 26 май ба 6.35-6.37 сомонӣ баробар буд, имрӯз 28 май дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе то 5,90-5,95 сомонӣ поин рафт.

Хабарнигори "Озодагон" аз хиёбонҳои Душанбе иттилоъ дод, ки дар маҳаллаи Саховат қурби доллар 5,95, дар маҳаллаи 82-юм 5,90-59,5 ва дар маркази Душанбе 6,00-6,02 нишон дода шудааст. Як сарроф дар маҳаллаи 82-юм ба хабарнигори "Озодагон" изҳор дошт, ки долларро ба ивази 6,00 сомонӣ харидааст ва бо нархи 6,02 мефурӯшад: "Агар харед, марҳама 6,02 сомонӣ".

Ба суоли "Озодагон" дар бораи омилҳои поин рафтани қурби доллар сарроф ҷавоб дод, ки онро домоди президент поин фуровард: "Ҳозир домоди президентро мондаанд, ки сахт кор карда истодааст. Ина долларро ба ивази 6,02 сомонӣ мефурӯшам, аммо харидор нест. Ин маънои онро дорад, ки пештар қурбро пештар ба таври сунъӣ боло бурда буданд".

Қурби 1000 рубли Русия низ дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбат ба рӯзи гузашта поин рафтааст. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар таблуҳои саррофиҳо арзиши рубл 110-112 навишта шудааст. Дар ҳоле, ки нисфирӯзи гузашта дар бархе нуқтаҳо 125-127 сомонӣ ва дар қисми дигар 120-122 сомонӣ нишон дода мешуд.

Коҳиши рубл дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми роҳбарони Бонки Миллиро иваз карда, домодаш-Ҷамолиддин Нуралиевро муовини аввали раиси ин бонк таъин кард.

Ҳафтаи гузашта Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни тасвиби таъиноти муовинони нави раиси Бонки Миллӣ дархост карда буд, ки ба коҳиши асъори хориҷӣ ва устувории пули миллӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Мӯҳр
АВВА
Сагирахо кор кардан мешудаст-ку!

МАН
Мусо
Ана ин гапи дигар...

доллар
Ин дуруг аст. агар 100 доллар гирифтан хохи аз ягон сарроф камтар аз 670 сомони пайдо намекуни, намедиханд камтар аз 670-680 сомони, вале агар фуруши поинтар аз 625 медиханд. Вакте арзиши долар мефарояд, ки нархи харид бо нархи фуруш аз 2 сомони камтар набошад. дуруг дуруг дуруг холо бинед боз боло меравад ин поин кардан сунъи ва мачбури аст

Амр
Набошад барои чи нархи махсулот поин намеравад бинед ки 670-635=35.Охир 5% бояд акалан нархи орд арзон шавад.

Хамаш нагз агар то охири хамин сол хамин 635-сомони барои 100 $ нигох доранд . Агар боз боло равад , ба мардуми одди мушкил мешавад. Зеро хамаи хуроквори ба мисли орду равган аз хорича ба мо меояд . Нархаш боло мешавад.
Агар хамин 100 $ = 630 сомони нигох доран, бехтарин мешавад.

Хахаха хамин курби $-ро Точикистон нафарорад ин давлатхои бузург монанди Россия, Китай натавонистан хандовар дар Россия курби $ аз 49 ба 52 боло шуд, инхо ба зуррй пойон кардиян хахаха

Поёнравиаш рост аст. Шахсан ба худи ман зурур шуд, ин субх бо курби 622 харидори кардам.

самад
ОХ КОШ КУРСИ ДОЛЛАР БА 390Ё 400 БАРОБАР ШАВАД ОХ ЧИХЕЛ НАГЗ МЕШАВАД ДАРАВ КАРЗХОИ АЗ БОНК ГИРТААМОНРО МАХКАМ МЕКУНЕМ ОМИН КОШ ХАМЕН ХЕЛ ШАВАД


1
Курс поин меравад вале нархи махсулот бетагир аст оё имкони назорат бар нарххо вучуд надорад? Чун то имруз бахона мекарданд ки доллар киммат шуда аст

Dar yagon nuktai mubodilai asor khridani dollaro bo narkhi 630 paydo nakardam

Шояд ин хам мувакати бошад. Ё натичаи нихоии нарххо дар бозорхо муайян шудааст?

фуркат
холи 5 фаровардан бо 200 сомони дига боло накунанд ку соз

курси бонки милли 626.8. мардум рафта дар бонкхо бо хамин курс иваз кунанд намешадми? як пурсида бинен чи?

Шукурчон ней инхоро Чаноби Оли дар вакти таинашон гуфтабуд бад инки ин вакт вакте хаст ки баъзе бо ном бизнесмен ин коро ташкил мекунанд хозир мефуроран вакти рафтани хочиё рафтан бад захираи кардаашонро бо пули кимат мефурушан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)