Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ 38 кормандашро ба нафақа фиристодааст

Генерал Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, наздик ба 40 корманди ниҳоди зертобеяшро ба нафақа гусел кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, рӯзи 26 май 38 корманди солхӯрдаи Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар, ки мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ба нафақа фиристода шудаанд. Манбаъ мегӯяд дар маросими гусел Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иштирок дошта, ба кормандони собиқадори мақомот барои содиқона хизмат кардан дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ афзудааст, ки аз миёни ин 38 нафари бознишаста номи ду нафарашон ба Китоби фахрии Агентӣ дохил шуда, 4 нафари дигар бо нишонаи сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” ва 15 нафар бо “Ифтихорнома”-и Агентӣ мукофонида шуданд.

Гусели кормандони Оҷонсӣ ба нафақа дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати кадрӣ дар ин ниҳод дар аҳди Абдуфаттоҳи Ғоиб интиқод намуда, таъкид кард, ки ба интихоби кормандони болаёқат таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Мӯҳр
Офарин Рустами Эмомалй, Кадршиносй кардани кормандонро на хама рохбархо мефахмад, Рохбарон бояд ибрат гиранд. Офарин

Исмоилова
Офарин Рафиев ба хизматхои шоистаатон

Офарин!!!Ба ин икдоми некатон, ки кормандонро кадрдони карда бо тантана гуселонидед, намунаи ибрати дигарон хамеша бошед....

хакгу 1505
Бехтарин корро карди Рустам офарин! Ба хусус бо ифтихорнома гусел кардани кормандон мувофики одатхои байналмилали аст. Мо чавонон мехохем ин низом дар дигар корхонаи давлати низ амали шавад ва чавонон бо чои кор тамин шаванд. Рустам бо ин кораш пеши рохи 38 чавнро аз гаравидан ба гуруххои тундрав гирифт.
Кумитаи дин ба тарошидани ришу маньи хач овора асту вазорати маориф ва вазорати корхои дохила ба гирифтани сатр аз сари занону хохарони мусалмон. Агар шумохам хохед ки пеши рохи чанд нафари дигарро аз рафтан ба сурияву ирок аз Рустами Эмомали ибрат гирифта амали уро такрор кунед. Ришу сатр бози накунеду мардумро ба чои кор таьмин кунед. Дар он сурат худашон вакт намеебанд ки дар бораи гарвидан ба гуруххои ифроти фикр кунанд. Фишорхои имрузаи ин ниходхо барьакс мардумро ба гаравидан ба гуруххои ифроти водор намудастодаас.
Офрин Рустами Эмомали!!!!

Амали хуб лекин аз як дар бароварда ба дигар дар дохил
Карданхам кори хуб нест.Чи намуде бо пракурорхо карданд.
Аз кадрхои наве таъин мешаванд хохиш мекунем бе пора
Кабул кунед.

Молодец!!! барои баъзе рохбаро дарси ибрат мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)