Бахшҳо

Ёрдамчии Президент дар бораи “мулло”-ҳои ноогоҳ, ифротгароӣ ва танбалии олимони тоҷик

Академик Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз камфаъолиятии уламои дину олимони дунявӣ дар муқобили салафиҳою ифротгароён интиқод намуд.

Раҳмонов, ки имрӯз, 27-уми май зимни конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” суханронӣ мекард, аз уламои кишвар даъват намуд, ба матлабҳои ифротгароён посух диҳанд. Ӯ афзуд, дар баробари мақомот, ки барои пешгирии ифротгароӣ дар кишвар талош мекунанд, имрӯз вақти он расидааст, ки олимон низ дар ин самт фаъол бошанд.

Раҳмонов аз уламои тоҷик даъват кард, ба он матлабҳое, ки зидди мазҳаби ҳанафӣ ва зидди муносибати дину давлат дар Тоҷикистон навишта мешаванд, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ, дини мубини Ислом ва сиёсати давлат ҷавоб диҳанд.

Ёрдамчии президент оид ба робита бо ҷомеа инчунин аз он нигаронӣ кард, ки бархе уламои ноогоҳ дар кишвар ҳадиси оятҳоро ғалат шарҳ медиҳанд ва ин низ боиси гаравидани ҷавонони ноогоҳ аз асли Ислом ба ҳаракатҳои ифротӣ шудааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов барои решакан намудани ифротгароӣ дар Тоҷикистон зарур хонд, ки уламои кишвар дар масоҷид хавфи хатари чунин ҳаракатҳоро шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Конфронси “Ифротгароии салафӣ: Масъалаҳои давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ” феълан дар Душанбе идома дорад ва “Озодагон” аз ҷараёни он дар зудтарин фурсат матолиби дигарро нашр хоҳад кард.
Мӯҳр
Аббдулло
Озодагон,шархи маро чаро ба чоп наовардед?ин ёрдамчии президента максадаш Точикистона ба шиаги оварда расонидан вале ин окибати бад дорад .

Мухочир
Агар шумо исломситезиро бас кунед ифротгарои дигар вучуд надорад сабабгори ифротгарои худи шумоед!

Кулябец
Чаноби Ёрдамчи! Сабаби асосии пайдо шудани ифротгарои ин сахти пасти зиндаги, бекори мебошад. Сабаби дигараш бесаводи ва бемасулиятии хукумат!! Шумо академик шуда чи навоварию кашфиёте кардед? Ё акалан барномае ба президент пешниход кардаед, ки халли мушкили чомеа бошад?
Як мошинчаи кудакона ба наберагонатон истехсол карда наметавонеду аз Арши Аъло сухан мекунед!!!!

Посух ба ҷаноби Раҳмонов: Муҳтарам ҷаноби Раҳмонов, хеле ҷолиб ҳарф мезанед. Биёед дигар хотима бахшед душманӣ бо исломро зери шиъорҳои салафию халафӣ! Аз кадом ҳанафият ҳарф мезанед? Магар дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳиҷобу риш ҷиноят аст? Магар дар мазҳаби ҳанафӣ кӯдакони зери 18 сола бояд ба масҷид нараванд? Магар дар мазҳаби ҳанафӣ ҷавонони зери 35 сола, ки иститоъати ҳаҷ рафтан доранд мамнуъ аст? Магар Имом Абуҳанифа дастур додааст, ки масоҷид баста шаванд? Ин фатвои ҷадидро оғои муфтӣ ба шумо расонд, ки ба аҳкоми шариъат аз нигоҳи сиёсат посух дода шавад? Биёед дар телевизион секс(таъбири шоиста наёфтам) намоиш надиҳеду ояту ҳадисро дуруст тафсир кунед, агар содиқ ҳастед!...

Рустам
Худи Рахмонов як бор ба худаш савол дихад, ки хамчун олим, академик барои илм чи кор кардааст? Бо супрориш аз "боло" сохиби унвони академик шудааст. Олимони сохаи дин низ бисёриаш аз муфти сар карда мисли Шумо, мухтарам Рахмонов аз "боло" таъйин шудаанд. Олимхои босаводро хамчун Эшони Нуриддину Хочи Мирзо гап задан намемонед, бо аз ки гила мекунед?

Мухтарам Рахмонов Шумо як маротиба бо тамоми масъулуни хукумат шишта фикр накардед, ки чаро чавонони точик ба сафи гуруххои ифротгарои шомил шудаистоаан? Бо доир намудани конфронсхои бе фоида шумо наметавонед сафи инхоро кам намоед. Бино бар ин хуб мешуд, ки аз чои конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ифротгароии салафӣ" Хуб мешад, ки Шумо ва хаммаи масъули ни хукумат барои боло бурдани сатхи зиндагии мардум ва ба чои кори хуб таъмин намудани чавонон конфронсхои илми доир намод.

Ин "Академик" дар пединститут факат ба либоси духтаро кор дошту каблуки пойафзолашон.

Академик-олим-файласуф-носех Абдучаббор Рахмоновро ман хеч нафахмидам. Яке аз Арши Оллох сухан мекунаду яке аз иринкаю ботинка, яке аз лифчику аз сатр... Шахси бовариноки Президент, ки бошад аз хамон намоишхои... дар телевизионхо буда биояду хар шом як соат +сухан+ кунад, баъд мо мефахмем, ки у то чй дарача сохибунвон аст. Чи гуфтед, буродаро. Озодагон, илтимос чоп кун.

ман сад дар сад ба мавкеъи мухтарам Рахмонов розиям ва таёрам ки барои татбики он амале анчом бидихам. Аммо миёни гуфтахо ва амалхои хукуматдорон фарсахо фосила аст. Барои мардум чизе пешниход кунед, ки онхо машгул бошанд ва ифтихор аз ин хоку бум кунанд, на ба барномахои чакомаи гесу ва на ба барномаи овози тиллои. Ба мардум фарханги тавлидсози ва созандагиро биомузед. То он ки хар як оилаи точик истехсолкунанда бигардад ва аз он химоят кунад. Тамоми зинахои поёни тутивор суханони рохбари моро такрор мекунанду на татбик. То ба кай менолему то ба кай мебофем. Мардумро то ба дарачае коргар кунед ки сарашро боло карда фикри ифтроти дар саруш чо нашавад. Ин аст рохи хали масъала, на чаласаву конфронсгузарони.

Вокеан, имруз вакти он расидааст, ки ба мушкилихои имрузаи чомеа бетараф набошем, хох вай мулло аст, олим, зиёи аст фаркаш нест. Холо зарур аст, ки хамкории байни давлат ва намояндони дигар бахшхо, аз чумла муллох ва олимон боз хам бехтар карда шавад. Албатта, дар ин чо шахсони сеюм хам хастанд, ки ин ду бахшро байни хам шур андохта истодаанд, аммо ин ба манфиати мардуми точик нест. Мутаассифона, дар ин чо хаст одамоне, хатто ду чумларо бо хам дуруст пайваст карда наметавонанд, имруз худро мунакид гирифта истодааст.

Мухтарам "Озодагон" холи хам аз хамон короятон намондед да. Маколаро хамин хел номгузори карда тоб медихед, ки гуё холи хам аз ду гирифтаи диктатон норози бошед. То кай дар байни мардум шур меандозед. Вокеан, имруз хамкории дуруст байни ВАО ва давлат дида намешавад. Ба умеди худнамоишдихи Шумо чомеаро ба чои нишони танкиди ифротгарои, холо ташфик карда истодааст.
Бояд мо точикон гояи ягона дошта бошем, шахсони алохида байни мо чангандози бояд накунанд. Як маротиба ба дигар давлатхо назар кунед. Сурия, Ирок, Яман ва гайра.
Охир ин, Абдулло хаст бало хаст Шияро аз сунъи фарк накунад чи хоччати бахси дигар аст.
Дигар пахлуи масъала ин аст, ки бештари танкидкунандагон шояд холо хам ба ин шахс хусумати шахси доранд. Чунки, мухтарам Рахмонов ягона шахсест, ки нигохи худашро нотарсида гап мезанад. Новобаста аз оне, ки дар чомеа ба баъзехо ин писанд нест.

Мухтарам Рахмонов,
баъди ин гапу кор, як ракета ихтиро кунед, о Академик хастед ку.

Дуруст аст. Бояд муллохо дар масъалаи амнияти милли бетараф набошанд. Вактхое буд, ки аз бетарафии муллохову рухониён давлати миллии точикон Сомониён аз байн рафта, дар давраи таксимоти худудии Осиём Миёна аз бетарафии муллохо Самарканду Бухороро аз даст додем. Холо бошад, хар як рухонии дар Точикистон истикоматкунанда аввал масъалаи амнияти миллатро фикр кунад, дар ин кор ба пешгирии ифротгароии дини низ сахми босазо гузорад, чунки имконият дорад ва мардум бештар ба муллохо гуш меандозанд.

Акои Абдучабор шумо тамоми сагони дайдуро дар интернет ба шур овардед, офарин. Аммо дар урфият мегуянд "сагон мечаканду, корвон бо рохи худ равон аст. Шумо марди асил ва ватанпарвар хастед парвои ин хае хуй накунед!

ЧАВОН
МАН НА АКАДЕМИКАМУ НА ПРОФЕССОРУ НА ОЛИМ ,БАЛКИ ЯК ШАХРВАНДИ ОДДИЯМ. ВА МЕГУЯМ,КИ ЯГОНА САБАБИ БА ИФРОТГАРОИ РУ ОВАРДАНИ ЧАВОНОНИ ТОЧИК ИН ПЕШ АЗ ХАМА НОБОВАРИ БА ФАРДО, БЕКОРИ, РИШВАГИРИ ДАР ХАМА ИДОРАВУ МУАССИСАХО,ФАКР НОУМЕДИ, ХЕШУТАБОРБОЗИ ВА МАХАЛГАРОИ МЕБОШАД.
АГАР ЧАНОБИ АКАДЕМИК ХАМИН ПРОБЛЕМАХОРО БАРХАМ ЗАДА ТАВОНЕД, БИДОНЕД,КИ ИФРОТГАРОИ ХАМ САД ДАР САД АЗ БАЙН МЕРАВАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)