Бахшҳо

Шӯрои уламо: Гоҳе фарзандонро ба намози ҷумъа баред

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як матлаби иборат аз 30 банд масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро аз нигоҳи дини Ислом бо такя ба оятҳои Қуръон шарҳ додааст.

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон дар баробари омӯзиши илму ҳунар бурдан ба намози ҷумъаву шинос кардани фарзанд бо равиши зиндагии паёмбари Ислом ва Қуръонро яке аз масъулиятҳои дигари волидайн хондаанд. Дар банди 12 ва 13-и ин матлаб, ки дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон - “Muftiyat.tj” нашр шудааст, гуфта мешавад, “гоҳе онҳоро ба намози ҷумъа ва маҷлисҳои динию фарҳангӣ бибаранд. Онҳоро бо Қуръон ва равиши зиндагии Расули Худо (с), инчунин бо суханон ва андарзҳои бузургон ошно намоянд”.

Ба навиштаи масъулини ин марказ, волидайн муваззафанд, ба фарзандони худ раҳму шафқат бо зердастон, илму дониш ва ҳунарро омӯзанду дар қалби онҳо боварӣ ва эътимодро эҷод кунанд: “Бо имон ва ахлоқу одоби динию иҷтимоӣ онҳоро ошно намоед”.

Дар матлаб инчунин таъкид шудааст, барои фарзанд бояд фазилати корҳои динию дунявӣ ва боло донистани манфиатҳои ҷомеа аз фардиро биомӯзанд: “Дар умури дину дунё онҳоро масъулиятшинос тарбият намоянд. Ба онҳо биомӯзанд, то ҳамвора фазилати умури ухравиро бар умури дунявӣ муқаддам бидоранд ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд”.
Мӯҳр
Находеееее! Мешудаст ку! Рост мегуед. Рузе ки рейд набошад, баранд мешад бачахоя. Фикри хуб.

Ё Оллох. Умар ёр шуд.

муслимчон
мухтарам муфти мегуфтед, ки аз синни чандсола барем ба намози чумъа ва шинос кардани фарзанд бо ислом хаминашро хам мегуфтед хело хуб мешуд.

Домуллои азиз,“Дар умури дину дунё онҳоро масъулиятшинос тарбият намоянд. Ба онҳо биомӯзанд, то ҳамвора фазилати умури ухравиро бар умури дунявӣ муқаддам бидоранд ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд”. барои огохшудан, фахмаидани ин гуфтахои Шумо фарзандонамонро аввлан ба мактаб, институт донишгоххо, барои одами хаматарафа бофахм шуданашон ин корхоро кардан лозим, оиди тарзи диндори хамаи мардуми точик мусулмонаст, ва аз тифли дар хонаашон, бояд падару модарашон омузанд......

Дуруст аст. Дар баробари илми дунё инсон бояд хамчун мусулмон одобу ахлоки хуб дошта бошад ва арконхои дини исломро хуб ичро намояд. Лекин баъзехо худро мусулмон шуморида, харгуна амалхои ношоиста ва суханхои кабех мегуянд, ки ба дини ислом зарар мерасонад.

Ассалому алейкум. Бубахшед аз конспектхои навиштаи Шумо мо калонсолон хеч чиз омухта наметавонем пас кудакон чи омузанд, чи тавр дар як чумла 4 бор ЧаНоБи ОлИ гуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)