Бахшҳо
27 май 2015 17:26Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳбати “Озодагон” бо Алавӣ, боркаше, ки доктор шуд

Иршод Сулаймонӣ ва Сайф Сафар

Пойгоҳи хабарии “Вечерный Москва” рӯзи 24-уми май матлабе бо номи “Феълҳои ҷодуии Алавӣ: ё чӣ гуна боркаш доктори илм шуд” (“Волшебные глаголы Алави: как грузчик стал доктором наук”) нашр кард. Бисёр кам иттифоқ меуфтад, ки расонаҳои русӣ аз муваффақияти як тоҷик дар Русия истиқбол карда бошанд ва ба таъбири тоҷикӣ ӯро “таъриф” бикунанд. Ҳамеша дар расонаҳои русӣ аз тоҷик як чеҳраи хиёбонрӯб, фурӯшандаи маводи мухаддир, ҷинояткор ва мисли ин сохта мешавад ва аз Тоҷикистон як имиҷи хашину кишвари қашшоқ офарида мешавад. Вале ин истиқболи “ВМ” моро ба пойи суҳбати интернетии Абдуқодир Алавӣ кашонд. Ҳарчанд аз ин пеш ҳам Алавиро ба унвони як олиму шоир ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мешинохтем ва эҳтиром доштем.

Озодагон:
Оқои Алавӣ, суҳбати мо дар заминаи навиштаи “ВМ” бо номи “Боркаше, ки доктори илм шуд” сурат мегирад. Лутфан, қазияи аз Тоҷикистон рафтанатонро шарҳ диҳед?

Абдуқодир Алавӣ: Ахирҳои соли 1992 вазъ дар Душанбе хеле хатарзо гашта буд. Ба хусус, нимаи дуюми моҳи декабри ҳамон сол фирори кормандони соҳаи илму фарҳанг ва умуман тоҷикон аз пойтахт дар авҷ буд. Ман ҳам бо аҳли байтам ба самти Ванҷ рафтем. Чун ба хонаи падар, воқеъ дар Язгулом расидем, дидем, ки пеш аз мо, бештар аз 50 нафар хешу табори душанбегӣ ва аз ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) аллакай дар меҳмонии модарам ҳастанд. Ба хотири вазъи душвори онҳоро аз ин беш вазнин накардан тасмим ба ҳиҷрат гирифтам. Бо модар маслиҳат кардам, дуояшро гирифтам ва моҳи январи соли 1993 бо аҳли хонавода аз Язгулом ба Маскав расидем. Бояд қайд кард, ки дар ин роҳ пастиву баландиҳои зиёде паси сар шуд. Ҳам ҷавонмардиву меҳмоннавозии мардуми Бадахшонро дидем, ҳам зулми милисаҳои қирғизу қазоқро. Ҳарчи буду набуд ҳама як сӯ, вале меҳрубониву кумакҳои дӯсти рӯшониам Акбаршоҳ Мавлоназаров ва аҳли байташ болотар аз ҳама буду ҳаст! Аз он сафари тақдирдигаркунанда ҳамон некиҳо ба ёдам мондаанд ва то имрӯз худро пеши онҳо қарздор меҳисобам...

Озодагон: То ин ки дар Маскав ба як зиндагии шоиста бирасед, чӣ мушкилоте пушти сар шуд?

Абдуқодир Алавӣ: Ҳангоми аз Душанбе берун шудан, фақат як фикр буд: аҳли байтамро ба саломатӣ ба макони ороме расонидан. Аз ин ҷост, ки фикри ҳуҷҷат ва сару либос надоштем. Аз хона бо як сару либоси хонапӯш ва шиноснома берун рафта будем. Табиист, ки бо чунин аҳвол коре пайдо кардан осон набуд. Замона ва вазъ чунин буд, ки бояд коре мекардам то ҳадди аққал фарзандонам таҳсил кунанд. Чун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи касбиятро дар даст надоштам, наметавонистам аз тахассусам истифода кунам. Ягона роҳ ин фаррош ё боркаш шудан буд. Он замон аксари тоҷикони соҳибмаълумотро дар ҳамин аҳвол медидаму дилам хун мешуд. Мешудааст, ки “зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад”.

Озодагон: Ҳоло дар Маскав чӣ кор мекунед ва чӣ дастовардҳое доред?

Абдуқодир Алавӣ: Ба қавле, тиҷорати хурде дорам, ки марбут ба тахассусам аст. Ҳамчунин бо корҳои адабиву фарҳангӣ машғулам, то ҷое даст мерасад ба муҳоҷирони коруфтода кумак мекунам. Яке аз аввалин созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони Русия бо номи “Ватан”ро ташкил карда будам. Агарчӣ, чанд сол пеш аз раисияш рафтаам, аммо ба қавли Шайх Саъдӣ:
“Агар бинам ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст”.
Ва аз ин ҷост, ки ба коруфтодагон кумак накардан наметавонам! Ҳамчунин, бо бародарон рӯзномаи “Ҳамватан” таъсис кардем. Китоби шеърҳоям ба чоп расидааст. Аммо, инҳо ҳама дар нисбати он ки фарзандонам ҳам соҳибмаълумот ҳастанд ва дар ширкатҳои хуб фаъолият доранд, ҳеч аст.

Озодагон: Гуфта мешавад, ки муҳоҷирин дар Русия бисёр хору залиланд. Баъзеҳо ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор мекунанд, қисми дигар ҳукумати Русияро. Ба назари шумо кадом ҷониб бештар муқассир аст?

Абдулқодир Алавӣ: Гуфта наметавонам, ки кадоме бештар айб дорад. Русия ё Тоҷикистон. Чаро ки масъала пурпечутоб аст ва паҳлуҳову мушкилоти зиёд дорад. Аз як сӯй Русия дар талоши пуштибонии манфиатҳои давлатияш ва шаҳрвандони худаш асту дар ин фаъолият, аксаран ҳуқуқҳои муҳоҷиронро нақз мекунад. Аз суйи дигар, шояд имконоти масъулони соҳаи муҳоҷирати Тоҷикистон дар пуштибонии ҳамватанон маҳдуд бошад. Ба гумонам, агар тарафи Тоҷикистон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия чанд маркази ҳуқуқӣ, барои пуштибонии муҳоҷирони корӣ ташкил мекард, хеле хуб мешуд.

Озодагон: Шумо, ки то рафтан ба Русия дар як ниҳоди илмӣ кор мекардед ва дар онҷо номзади илм шудеду ҳоло рисолаи дуктурӣ менависед, рӯзгоратон аз муҳоҷирин қаторӣ чӣ фарқ дорад?

Абдулқодир Алавӣ: Саволи аҷиб. Албатта, рӯзгори мо – тоҷикони Русия аз муҳоҷирони корӣ фарқи зиёд дорад. Мо шаҳрвандони комилҳуқуқи ин кишвар ҳастем ва аз тамоми имконоти қонунӣ бархӯрдорем. Масалан, мо аз кумаки тиббии ройгон, боғчаҳои кӯдакона, мактабҳову донишкадаҳо ва ғайра бе мушкилот истифода мебарем. Вале, ҳар неъмате набошад, ба қавли Каммолидини Хуҷандӣ “ғариби кӯйи сахт аст, эй бародар”.

Озодагон: Мегӯянд, ки мақомоти Русия аз тамоми муҳоҷирин бо тоҷикон муносибати бад дорад. Чаро?

Абдулқодир Алавӣ:
Барои он, ки пуштибонии сиёсиву ҳуқуқиву иҷтимоӣ надоранд.

Озодагон: Фикр мекунед чӣ коре бояд кард, ки дар Русия аз тоҷик як образи мусбат офарида шавад? Ин корро кӣ бикунад: ҳукумат, рӯшанфикрон, сафорат ва консулгарӣ ё худи муҳоҷирон?

Абдулқодир Алавӣ: Ҳукуматҳои ҳамсоядавлати Тоҷикистон ҳарсола чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронанд, китобҳо чоп мекунанд ва ғайра, то аз миллаташон муаррифӣ кунанд. Бубинед, дар замони пасошӯравӣ дар Маскав қазоқҳо ҳайкали Абай, ӯзбакҳо аз Навоӣ, қирғизҳо аз Манасро гузоштанд. Шабакаи метрои “Алма-атинская” пайдо шуд ва ғайра. Тоҷикон, ки дар давраи Шӯравӣ ҳамасола дар Маскав китобҳо чоп мекарданд, дар 23 соли пасошӯравӣ кори бисёр ночиз карданд. Магар, ки як китоби шуарои тоҷикро таҳти унвони “Огненные знаки” Иттиҳодияи тоҷикони Русия чоп кард. Ногуфта намонад, ки ҳамин Иттиҳодия бо ҳукумати Маскав мувофақат карда буд, ки дар вагонҳои метрополитени Маскав варақаҳои андозаи А3-ро бо суханҳо ва аксҳои бузургони тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Айнӣ, Турсунзода ва ғайра овехта шаванд. Маблағи умуми 6 миллион рубл мешуд. Ҳукумати Маскав 50% маблағро ба ӯҳда гирифт. Ба ҳукумати Тоҷикистон, бонкҳо ва соҳибкорони тоҷик муроҷиат шуда буд, ки кумак кунанд, касе дастгирӣ накард. Ва ё соли 2011 ҷониби Русия розӣ буд, ки он солро соли Турсунзода эълон кунанду чорабиниҳо гузаронанд, аммо, ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳ накард. Хулоса, агар мехоҳем имиҷи тоҷикон ва обрӯи Тоҷикистон лоиқ ба ин миллат боло бурда шавад, бояд Ҳукумати Тоҷикистон дар нисбати ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони Русия тасмими ҷиддии мусбат бигирад. Пешниҳодҳои мушаххас дар ин самт, аз тарафи Иттиҳодияи тоҷикони Русия ба таври расмӣ ва хаттӣ ба Президент расонида шудаанд, аммо ҷавобе нест.

Озодагон: Ҳоло дар пайи буҳрони иқтисодӣ дар Русия вазъи муҳоҷирон боз ҳам бад шудан дорад ва шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар то 20% коҳиш ёфтааст. Дурнамои ин тамоюл чӣ таъсироти баде гузошта метавонад?

Абдулқодири Алавӣ: Агар хато накунам, чанде пеш вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки зиёда аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд ва боз 400 ҳазори дигар дар гуруҳи “хатар”, яъне мамнуъулвуруд шомиланд. Ин худ ҷавоб ба қисми аввали саволи Шумост. Табиист, ки бозгашти муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳоро бо ҷойи кор таъмин карда наметавонад, пасомадҳои бад дорад. Баргаштани садҳо ҳазор ҷавонон ва бо мушкилоти пуливу молӣ дучор шудани онҳо метавонад вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро хатарзо кунад. Яке аз сабабҳои ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон низ ҳамин бечорагиву ноилоҷии онҳост.
Суҳбати “Озодагон” бо Алавӣ, боркаше, ки доктор шуд
Озодагон:
Хонаводаи Шумо чӣ кор мекунанд. Манзур фарзандон?

Абдулқодир Алавӣ: Ҳамсарам ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият мекунад. Писаронам дар ширкатҳои бузурги Маскав кор мекунанд. Шукри Худо, муваффақ ҳастанд ва эҳтироми раҳбарияту ҳамкоронашонро дарёфт кардаанд.

Озодагон:
Шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро доред ё шаҳрванди Русия шудед?

Абдулқодир Алавӣ: Душаҳрвандӣ дорем ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия.

Озодагон: Баъди ҳиҷрат ва ғурбат сафарҳое ба Тоҷикистон ҳам доштед. Назаратон ба пешрафтҳои Тоҷикистон чист? Ҳукумати феълӣ то чӣ андоза муваффақ шудааст, ки як зиндагии шоистае барои шаҳрвандон биофарад?

Абдулқодир Алавӣ: Дар замони Шӯравӣ, то соли 1989 дар сар то сари Русия 3 800 нафар тоҷик мезист. Соли 2002 ин шумора ба 120 ҳазор ва соли 2010 ба 221 ҳазор расида буд. Коршиносон мегӯянд, шумораи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд аз ним миллион зиёд шудааст. Агар зиндагии шоистае офарида мешуд, сол то сол садҳо ҳазор тоҷикон тарки Ватан намекарданд. Шояд ҳукумати феълӣ муваффақ бошад, аммо ин рақамҳо чизе дигар мегӯянд.

Озодагон:
Ба унвони як шоир, як олим ва як фаъоли сиёсӣ ба сарнавишти минбаъди Тоҷикистон чӣ назар доред?

Абдулқодир Алавӣ:
Агар раҳбарияти Тоҷикистон дар ислоҳоти ҳамаи самтҳои давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардум тасмими таъҷилӣ ва ҷиддӣ нагирад, метарсам, ки вазъ рӯз то рӯз бадтар ва хатарзо мешавад.

МАЪЛУМОТНОМАИ "ОЗОДАГОН": Абдулқодири Алавӣ (Алиев), зодаи водии Язгулом, ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст. Таҳсилоти ҳаштсоларо дар деҳаи Жамак ва миёнаро дар мактаби деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон гирифтааст. Солҳои 1974 - 1979 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин таҳсил намудааст. Муддате дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор карда, солҳои 1983 - 1986 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1987 - 1988 дар Доиратулмаъорифи тоҷик (Энсиклопедияи советии тоҷик, ва баъдан дар шӯъбаи таҳия, тарҷума ва нашри қонунҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба унвони сармутахассис то соли 1992 кор кардааст. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ҳазорон фирорӣ, Алавӣ ба кишвари Русия, ба шаҳри Маскав кӯч баст ва вориди аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми ин кишвар шуд ва дар соли 2000 рисолаи илмиро зери роҳбарии донишманди маъруфи соҳаи ироншиносӣ, доктори илми забоншиносӣ, профессор Ҷой Ийосифовна Эдельман дифоъ кард ва дараҷаи илмии номзади илмро соҳиб шуд. Баъдан, муддате дар Ҷумҳурии Исломии Ирон кор кардааст. Феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва ба кори илмӣ машғул аст. Абдулқодири Алавӣ муаллифи чандин мақолаҳо ва китобҳои пурарзиш ба унвони "Ибораҳои пуристиори забони язгуломӣ" (Маскав, соли 1997) ва "Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ" (Маскав, соли 2001) мебошад. Инчунин маҷмӯаҳои ашъор бо номи "Насими Язгулом" (Маскав, 2002), "Ойини меҳр" (2009) ва «Ашки қалам» (2012) ғайраро низ ба табъ расонидааст. Нахустин дарси адабиётро дар назди падараш Мурод Алиев, ки муаллими забон ва адабиёт дар мактаби зодгоҳаш Жамак буданд, гирифтааст ва мегӯяд: "Намедонам аз чӣ бошад, ки падарам маро бештар талқин ба омӯзиши ашъори Носири Хусрав мекард". Дар донишгоҳ дар назди устодон Шарифҷони Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Мукаррама Қосимова, Ҳомидҷон Маҷидов, Урватулло Тоиров ва ғайра таълими забон ва адабиётро фаро гирифтааст. Алавӣ дӯстдори шеъри классикист ва дар пайравии Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав шеърҳо эҷод кардааст. Ҳамзамон бо пешаи пажуҳишгарӣ, Алавӣ дар шаҳри Маскав дар арсаи танзими умури ҷамоатӣ солҳои зиёде фаъолият намудааст. То дар ин ҷода, шаммае аз мушкилоти ҳамватанони ғарибу дурафтодаашро осон намояд. Солҳои мадиде чун раиси созмони иҷтимоии "Ватан" ва узви "Шӯрои ҳамоҳангии созмони иҷтимоии тоҷикони Маскав" ӯ тавонистааст аз ҳуқуқ ва аз шарафи инсонии садҳо ҷабрдидагони тоҷикистонӣ дифоъ намояд.
Мӯҳр
анти салаф
ин чи хели олим аст

Алави Сохиб , бисер шахси пурфайсала ва ботамкин хаст. У яке аз рушанфикрони точик буда, дар байни хамватанонаш хурмату эхтироми зиед дорад. Гарчи аз ватан дур аст, вале хизматаш ба тамоми халки точик мерасад. Шахсан ман ба у эхтироми зиеде дорам ва уро бисер дуст дорам.

Pomir
Офарин вирод! Аз муваффакиятхои Шумо тфтихор дорем. Бароятон тавфики бештар мехохам!!

Ватандор он аст, ки дар гариби гирад дасти беватанро.

Аз чунин корхои илмиву олимон ба миллат чи манфиат? Мавзуъхое ки мавриди тахкики "олимони" мо мегарданд, танхо ба хотири тезтару осонтар гирифтани унвони илми заруранду бас. Бо илми хакики касе сару кор надорад.

Гуфтахои дар боло акои Абдулқодири Алавро тасдик мекунам, хакикатан Устод дар хизмати мардуми точик мебошад, ва бисёр мухочирони мехнати изхори минадори баён мекунанд нисбати Устод барои тарчумаи хучатхояшон аз забои руси ба точики, ки ин дар сохаи хукук хело мухим аст, чунки такдири инсон хал мешавад ва худам шохиди ин ходисахо чандхо бор будам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)