Бахшҳо

Маҳкумияти Саидиброҳими Назар ва шарҳи навори фаҳш бо иштироки ӯ

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидиброҳими Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар серзанагӣ гунаҳкор хонда, ӯро ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.

Дар ин бораи мақомоти тоҷик бо пахши як гузориши видеоӣ тариқи шабакаи аввали телелвизиони Тоҷикистон хабар доданд.

Дар гузориши мақомот, ки шоми 27-уми май пахш гардид, таъкид шудааст, ки тафтишоти алайҳи Саидиброҳими Назар дар асоси шикояти Зебуниссо Гиёева, зани 4-уми Саидиброҳим оғоз шудааст. Манбаъ мегӯяд, Гиёева 9-уми апрели соли равон ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат карда, аз қонуншиканиҳои С.Назар хабар додааст.

Дар гузориш Саидиброҳими Назар эътироф кардааст, ки бо Зебуниссо Гиёева ақди никоҳ бастааст, вале баъди 4-5 моҳи ҳамзистӣ ҷудо шудаанд. Ӯ ҳамчунин серзанагияшро эътироф намуда, афзуд, ки иштибоҳ кардааст ва ба айби худаш қоил аст: “Соли 1982 бо ҳамсари аввал,Шарипова Моҳбону хонадор шудам ва аз ӯ соҳиби 5 фарзанд шудам. Соли 1994 дар Маскав бо ҳамсари дуюм Наталя Петровна хонадор шудам ва аз ӯ ду фарзанд ёфтам. Бо Бунафша Шарипова соли 2008 хонадор шудем ва се фарзанд дорем. Баъди вафоти ҳамсарам, соли 2012 бо Гиёева Зебуниссо хонадор шудам, аммо 4-5 моҳ пас ҷудо шудем. Аз ӯ фарзанд надорам”.

Гарчанде дар гузориш мушовири раиси ҲНИТ изҳор медорад, ки зани русаш-Наталя вафот кардаасту аз Зебуниссо ҷудо шудааст, мақомот мегӯянд, ӯ дар як вақт бо чор зан зиндагӣ карда, хоҷагии якҷоя мебурдааст. Худи Саидиброҳим танҳо зиндагӣ бо ду занро иқрор кардааст.

Саидиброҳими Назар инчунин ба суолҳои Манучеҳр Маҳмадшозода, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии Душанбе дар мавриди навори фаҳше, ки бо иштироки ӯ ахиран дар интернет нашр шуд, посух дод. Мушовири раиси ҲНИТ тавзеҳ додааст, он зане, ки бо ӯ дар навор ҳамхобагӣ доштааст, дар ақди никоҳи мусалмонияш мебошад. Ӯ гуфт, ин зан худашро Сумая Каримова муаррифӣ кард ва баъди нашри ин навор дар интернет ғайб заду дигар ӯро надидааст: “Гуфт аз шавҳар ҷудо шудаасту падараш ӯро футбол карда, аз хона берун кардааст. Ҳамин хел чанд бор гиряю нола кард ва ман ҳам ӯро гирифтам. Як мулло дар масҷиди Душанбе моро никоҳ кард. Аммо баъди ҳамин навор гум шуд, намедонам куҷо шуд. Аз наздикон фақат як занро амааш муаррифӣ карду ду фарзандашро мешинохтам, ки дар мактабу боғча таҳсил мекарданд”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шахсияти ин занро, ки дар навор тасвир ёфтааст, муайян накардаанд. Навори ҳамхобагии Саидиброҳими Назар бо “Сумая” аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” аввали баҳори соли равон дар интернет нашр шуд. Бархе аз коршиносон таҳия ва паҳни чунин наворҳоро бо иштироки масъулини ҲНИТ кори дасти мақомот арзёбӣ карданд, ки гӯиё ба бадномкунӣ ва коста намудани нуфузи ҳизб равона шудааст.
Мӯҳр
Ман дар тааччубам ки чаро Сайидиброхими Назар бо вучуди солхои зиёд дар як мактаби сиёси тарбият гирифтанаш инкадар содалавх аст ки як зани кадикучаги фиребеш медихад.сиёсатмадор набояд чунин бошад махсусан масулини хнит.

Брадияга
Е ин Саидиброхими Назар як будайку?

мухочир
офарин инеихел мард шудан дар кор ягон аиб карди бо аиби худ икрор шудан дар кор.на ранги як хелло барин!

ватандуст
то кай дар интернет ин наворхо пахш мешаванд .хукумати точикон ки бояд точикро муховизат намояд аз тв точикистон ин бухтонхоро нишон медихад
ин шармандагист аз худо тарсед .домулло инсони хуб мебошад

samad
chi said ibrohimi nazara garang kadestan.
ya musulmoni bechorara bo gam metan

Сайидиброхим вокеан хизбро шармсор кадрди , агар марди аз аьзогии ин хиз баро инро ман чавоне аз аьзоёни ХНИТ мегуям.

Ами ришу сатр моли мо нест гуфта дар иелевизиону радио ба намоиш мегзорен ай Хдо наметарсен имрузхо секс намоиш метен е беномусхо чи кор мекнен шарм намедорен бо хтона бо фархангу бо маърифат меген. Фикр мекнен ба як намоише ки дар у 90 фоизш другай халки тамошо мекадаги бовар мекнан? баракс лаънатон меган бе шармо пага мемрен да пеши Аллох чи чавоб меген??

саид
Лаънат бар душманони исломи азиз. Илтимос бихонед баъд коментари нависед.

Точик
Шарманда!!!! Занро аз куча капидасту гуе никох кардааст, О чи хел занат, ки дар хонаи ичораи соатаки бо у зино мекарди!!! Хамаи инхо зинокору бачабозанд, аз сарварашон омухтаанд. Боз айбаш намеояд, ба чои ту ягон шахси бовичдон мебуд аз Точикистон гурехта мерафт....

Умарзода Човиддон
Ин ки мебини на хама одамон,
Баъзе аз инхо хама гову харанд.
Инчо хадаф ХИНТ бошад ё... Худован доно ба хама чиз аст.

ЧТ
Барои чи то хол ягон Мансабдор оиди бисёр занаги вучуд надошта бошад? Дар бало мондай Домуллову Эшонхо

sarot
ey barodaro zud farib naxured. xay ina chand zan doshta bosha bad chi ? oxi da dini isrom durust ast chan zanagi bad inki da tojikiston hama 2 yon 3 zan hozi doran . bad da tojikiston hozi hama zino va fahsho hast chida hichkaci digara hichi nameganu yak musalmona qapida itari kadestahan ??????
fikr kadan dar kor
bad hama medonaki hukumatihoi xudamon zino va va fosiqi kada megardan chida uvoda ravo buday ???????

said ibrohimi nazar marnona va rangi yak musalmoni haqiqi raftor kard. sad dar sad malumay ki agar said ibrihimi nazar rangi yaxel mullohoi digar qati hukumatiho va hamkori mekad va zidi islomu musalmonho gap nezad ne diskasha memondan va ne mahkumash mekardan.

Ватанпараст
Аз мақомоти қудрати афсарони баландрутба ба саҳфҳои террористӣ пайваста истодаанд, онҳо бошанд дар Каб риву Назаров кайк мекобанд.
Шармандагӣ аз ин беш намешавад!
Раҳбари ОМОН бо даҳо сарбозу афсар дар Доиш асту инҳо занони аъзои ҲНИТРО муқоиса карда истодаанд.
Айбро донед! Айб аст!

Ин коргарои ХНИТ аз кучо ика пул меёванд 4 зани мегиранд? ????

Холик
Тухмат назанеед ки ба тухмати худованд гирифтор мешавед оХукукмов бо се зан зиндаги мекунад чаро уро чарима е суд намекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)