Бахшҳо
28 май 2015 05:34Тоҷикистон / Сиёсат

Командири "ОМОН" гуфт, “ба Давлати исломӣ пайвастам”

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори тадвину танзимшудаи видеоие дар бораи полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд. Ӯ дар ин филм бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда ва худро муаррифӣ мекунад.

Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунда, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.

Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: “Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне “Давлати исломӣ” пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин “Давлати исломӣ” мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад".

Ҳалимов дар ин филми 12 дақиқаӣ аз қавонини Тоҷикистон, ки ба назари вай мухолифи шариат мебошанд, интиқод мекунад. Ӯ дар хитоб ба муҳоҷирини тоҷик мегӯяд, "ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед". Ҳамчунин паёме хашин ба Амрико ва амрикоиён мезанад ва онҳоро ба он гунаҳкор мекунад, ки чӣ гуна ҷанговаронро омода мекунанд, то мусалмонҳоро бикушанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" дар навор аз ҷаласаҳои Вазорати умури дохилӣ зикр мекунад, ки ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин ниҳод зидди ҳиҷобпӯшии духтарон дастур дода, бархе масъулини вазорат барои бадном кардани ҳиҷобпӯшон ба фоҳишаҳо ин либосро мепӯшонанду онҳоро ба навор гирифта, тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нишон медиҳанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор кардани хилофати исломӣ бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ин видеоро шарҳ надодаанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои манобеъ силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
акбар
Чи гуна ин наворо тамошо кунем.

Мухлис
Ман хамчун як шахрванд мехохам, ки Хукумати Точикистони азизамон бояд сиёсаташро нисбати Дини Ислом ба кулли дигар кунад, ки вагарна рухзои сиёх дар пеш аст, чунки хар касе ки ба Дини ислом мубориза мебарад бояд донад хадман миёни худаш мешиканад ва Иншоллох ба Дини Ислом зарар намерасад ва наметонад зарар расондан.
Бехуда намегуянд, ки себро аз даруни худаш кирм мехурад ва вайронаш мекунад агар ба Дини Ислом мукобик барояд.
Бояд аз ман кардани то 18 сола масчит рафтан ва сатр пушидан ки ин амри Олох хаст ва ришро тарошидан ва гайрахо Хукумат даст кашад.
Хохиш ки барои сулху суботи Точикистони азизамон фишорхо ва муборизахо нисбати Дини Ислом бас шавад!!!

Abdulla
Акнун инро макомот ва олимони дарбори чи хел шарх медода бошанд.дигар аз бесаводиву нодори рафтани онхо касеро бовараш намеояд,чунки дар сафашон бачахои шахсони пул ва мансабдор низ хастанд.боз чи афсона мегуфта бошанд .?шояд уро девона гуянд.

муосир
Вой ба холи амонси точик ва ВКД. Амният кучоро нигох кард, ки аз гумрох шудани яке аз масъулони сохторхои асоси барои таъмини амнияти мамлакат бехабар монд. ЭЭЭэээ вой...

Ба озодагон. Вакте ки маводхоро аз сайтхо мегиред, сарчашмаи маълумот хатман лозим аст, яъне ссылкаи видеои дар фейсбук бударо бояд илова мекардед.

озодагон метавонед силкаи ин наворро ба ман фиристед. said619976@gmail.com

озодагон метавонед силкаи ин наворро ба ман фиристед. said619976@gmail.com

точик
Озодагон навори видеои палковникро монед мардум бинад

Ватанфуруш! Пагох хамин "Давлати исломиат" сарата мехурад. Худо Точикистонро аз ин чохилон нигох дорад.

САДКАИ УНВОНИ ПОЛКОВНИКИ ШАВИ САДКАИ ПАГОНОТ ШАВИ АЗ ХУДО БЕХАБАР НОНУ НАМАКИ ТОЧИКИСТОН КУРАТ КУНАД ФИКРИ ОИЛАТА НАКАРДИ ХАБАРИ МУРДАТ БИЁД ЯК КОФИР ЯК ТИРАТ ЗАНАД МУРИ ЧИХОТ ГУФТА ДАР ДУЗАХ СУЗИ..

КАТИ РИШДОРОИ ЧИРКИН ШИШТА ГУХАТ ХУРОКАТ ШАВАД.

сино
Мақомот гуфтанд ки у дар Туркия дар рухсати кори аст.Лекин видеоро дидам ва аз нақли Гулмурод фаҳмидам ки дар ҳақиқат мақомоти тоҷик бисёр корҳоро худаш ташкил мекардааст.Аллоҳ нигоҳбонат бошад додар барои ҳақиқати Тоҷикистонро гуфтан.

Хокирох
Ана ин натичаи шиносбозию махалбозию хешу табори. Худо аз ин бадтар накунад!

уқлоби бачча
салом миллат
ман воқеан мутаасифам, шармандаҳо,
бо дини мардум бози накунеду мардумро аз инҳам бештар худро дар назди мардум ва назди ҷаҳониён шарманда накунед.

ОМОН ВКД
Дар одноклассники нависед:
Полковники омони Точикистон дар сурия
Метавонед видеоша тамошо кунед

уқлоби 2015
дидем видёша неким
худи худашай
хақиқати пинҳон ва пушти падаи кумитаи амнията нақл мекунад,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)