Бахшҳо

Қазияи Маҳмадзоири паҳлавон: Қотил гуфтаанд, нашуд, нашъаҷаллобаш баровардаанд

Иззат Амон, роҳбари Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, як шаҳрванди Тоҷикистон аз яке аз боздоштгоҳҳои муваққатии вилояти Маскав гум шудааст ва бештар аз 3 рӯз мешавад, ки сарнавишташ маълум набуд. Ҳамин ҳоло маълум шуд, ки ӯро ба шуъбаи пулиси шаҳри Красногорск интиқол додаанд, гуфт Иззат Амон ба “Озодагон”.

Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмадзоир Тағоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1982, устоди варзиши риштаи куштии озод ном бурда мешавад.

Иззат Амон зимни як муроҷиати расмӣ дар саҳфаи фейсбукии худ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон қазия боздошти Маҳмадзоир Тағоев ва чанд ҳамкори дигарашро шарҳ дода, аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кардааст, ки ба қазияи ин муҳоҷирини тоҷик дахолат кунад.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ намуд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯйи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ки аз ин қазия хабардор шудаанд ва намояндагӣ қазияро дунбол дорад ва бо пайдо шудани тозатарин маълумот расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Иззат Амон дар муроҷиатномааш қазияи боздошт шудани Маҳмадзоир Тағоев ва ҳамроҳонашро ин гуна шарҳ додааст: “Ҳудудан, 1 моҳ қабл соатҳои 4 шаб муҳоҷирони тоҷике, ки дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунанд ба телефони ҳамроҳам занг зада кӯмак хостанд. Бо садои ларзону гиряолуд мегуфтанд, ки як гуруҳи калони пулис дарро мезананду амри кушоданро мекунанд. Ман ба онҳо маслиҳат додам, ки дарро боз кунанд, зеро онҳо метавонанд дарро шикаста ворид шаванд. Баъд аз ворид шудан ба манзили муҳоҷирони тоҷик пулис, ки дар руйҳояшон ниқоб кашида шуда будааст, ҳамаи 8 нафар муҳоҷири дар ин хона зиндагӣ мекардаро ба замин хобонида ба задану шиканҷа кардан шуруъ мекунад. Ман ба шумораи бачаҳо беист занг задан гирифтам то аз онҳо бифаҳмам, ки кор бо чӣ анҷомид. Ногоҳ гушаро яке аз он ҳамлагарони ниқобпӯш бардошта бо садои дурушт бо ман ҳарф зад. Ман худамро консули Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ кардаму сабаби чунин бархӯрди пулисро пурсон шудам. Пулис гуфт, ки шаҳрвандони шумо одамро бо табар кушта, 7 миллион рублашро дуздидаанд. Ростӣ, баъд аз ҷавоби пулис дигар чӣ гуфтанамро надониста, узр хоста суҳбатро қатъ кардам”.

Баъдан ба гуфти Иззат Амон чанд рӯз баъд, шабона соатҳои 12 ҳамон муҳочирон боз занг зада гуфтаанд, ки пулис 5 нафарамонро ҷавоб доду 3 нафари дигарро боздошт кард. Барои озодии он 3 нафар пулис 300 000 рубл аз муҳочирон талаб кардааст. Ин бачаҳо байни ҳам 300 000 рубл ҷамъ карда бурда ба пулис медиҳанд. Пулис ҳам ваъда медиҳад, ки баъди ду соат муҳоҷирони тоҷикро озод мекунад, вале баъди гирифтани маблағ шумораи телефони пулис дастнорас мешавад,- менависад Иззат Амон.

Абубакр, яке аз боздоштшудаҳои он шаб воқеаро ин гуна нақл кардааст: "Нисфишабӣ, вақте ҳама хоб будем пулис дарро куфт. Бузургтари хонаи мо акаи Исмат гуфт дарро накушоед, зеро тибқи қонун пулис ҳақ надорад баъд аз соати 20 ба хонаҳои мардум дарояд. Ҳудудан, 20 дақиқа пулис дарро зад. Маълум буд, ки агар мо дарро накушоем онҳо дарро шикаста медароянд. Чун дарро кушодем, онҳо якбора ҳамла карда ҳамаи моро ба замин хобонданду шуруъ ба задан карданд. Аз мо талаб мекарданд, ки ҷои силоҳ ва яроқҳоямонро нишон диҳем. Ҳарчанд мегуфтем, мо коргари одием ва ҳеч гуна силоҳ надорем, вале онҳо аз задану кӯфтан боз намеистоданд. Аз фарши хона сар карда то ба сақфи он ҳамаро кандану кофтанд, вале чизе наёфта ҳамаи моро (бо шумули занҳо) ба як мошин бор карда ба шаҳраки Домодедово оварданд”.

Ба нақли ин муҳоҷир дар ин боздошгоҳ нафаре омада онҳоро шиносоӣ мекунаду, мегӯяд, ки инҳо нестанд. Вале пулис ду нафар аз ҳамроҳони онҳо, Тағоев Маҳмадзоир ва Сангов Исматуллоро бераҳмона зада, маҷбур мекунанд, ки куштори касеро бо табар ба гардан гиранд, вале онҳо розӣ нашуданд. Баъд аз лату куб дар шуъбаи пулиси Домодедово ҳамаи онҳоро бо ҳамон мошин ба хона оварданд. Дар хона ба онҳо амр мекунанд, то либосҳоямонро бипӯшанд. Баъди кофтукоби дубора аз ҷайби Маҳмадзоир Тағоев 10 гр., Сангаков Исматулло 3гр. ва Хакимов Фаррух 4гр. маводи мухаддир пайдо мешавад. Баъде, ки онҳоро боз ба шуъбаи корҳои дохила дар шаҳри Балашиха меоваранд, мегӯянд, ки аз манзилашон боз 130 гр. маводи мухаддир пайдо кардаанд,- нақл кардааст Абубакр.

Пас аз як рӯз 5 нафари инҳоро ихроҷ ва 3 нафарашонро боздошт карда, нисбати онҳо аз рӯи моддаи 228.1 қисми 4 Кодекси Ҷиноии ФР, яъне фурӯши маводи мухаддир парванда боз карданд.

Барои озод кардани ин се нафар пулис аз онҳо 300 000 талаб мекунад ва мегӯяд, ки маблағро бурда дар ҷойи мувофиқашуда дар ҷангал бигузоранд, муҳоҷирин чунин мекунанд, вале пулис онҳоро фиреб мекунад.

Слабова Екатерина, муфаттиши парванда мусоидат кардааст, ки ин муҳоҷирин бо ҳамкорони боздоштшудаашон мулоқот кунанд. Онҳо дар боздоштгоҳ (СИЗО 11)-и шаҳри Ногински вилояти Маскав нигоҳдорӣ мешудаанд. Тағоев Маҳмадзоир дар ин мулоқот ба ҳамкоронаш гуфтааст, ки пулисҳо мехостанд куштори соҳибкори русро ба гардани онҳо зананд, вале муваффақ нагаштанд. Баъдан бо маводи мухаддир онҳоро ба иттиҳом кашидаанд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исматулло Сангаков (аз шаҳри Душанбе, соли таваллуд 1971) низ ин суханони Тағоевро тасдиқ кардааст. Вале гардиши аҷиб дар ин қазия ин буда, ки ба гуфти муҳоҷирин нафари сеюми боздоштшуда Фаррух Ҳакимов дар ин боздоштгоҳ набудааст ва онҳо баъди чанд рӯз фаҳмидаанд, ки ӯ дар Тоҷикистон қарор доштааст.

Қазияи Маҳмадзоири паҳлавон: Қотил гуфтаанд, нашуд, нашъаҷаллобаш баровардаандҲоло ба гуфти Иззат Амон, ки вакили дифои ин ду боздоштшуда мебошад, яке аз зерҳимояҳояш аз боздоштгоҳ гум шудааст, “ду рӯз пеш ҳамутоқҳояш занг заданду гуфтанд, ки ӯро куҷое бурданд, мо аз муффатиш мепурсем, мегӯяд намедонам”.

Иззат Амон мегӯяд, ки зерҳимояҳояш ҳеч гоҳ ин ҷиноётеро, ки ба гарданашон бор намудаанд, содир накардаанд ва қазия аз аввал то кунун сохтакории мақомоти Русия аст.

Абдуфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки аз кӯдакияш бо Муҳаммадзоир якҷо бузург шудааст ва ҳеч вақт фикр намекунад, ки ӯ одам кушта бошад ё бо фурӯши маводи мухаддир даст дошта бошад: “Ӯ як инсони заминӣ, паҳлавон ва бисёр диндор буд. Як вақт дар бозори 82 фурӯшандагӣ кард, вале зуд ин корро тарк кард. Пурсидам чаро, гуфт, ки дар бозор бояд фириб кунӣ, вале ман фиреб намекунам, гуноҳ аст. Як чунин инсон ҳеч вақт ба ҷиноят даст намезанад”.

Иззат Амон мегӯяд, ки ба зерҳимояҳояш ин хатар таҳдид мекунад, ки акнун ба онҳо иттиҳомоти нав ҳам бор кунанд.

Вале то кунун ба муроҷиатномаи Иззат Амон на посухе дода шудааст ва ҳамчунин тавре сухангуйи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз вуҷуди ҳодиса изҳори бехабарӣ намуд ба назар мерасад, ки ба сарнавишти ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мақомот худро масъул надонистаанд.
Мӯҳр
худотарс.
хукумати точикистон бояд нисбати бародарони Рус чорахои кати бинад .то кай дар тв сиехкуни точик .точикро давом медихем .то кай бечораи муллохоро дар тамоми интернет беобуру мекунем .ин рафтори пастфитратиро то кай тв давом медихем .то кай.то кай .то каи ? ? ?

эрадж
Саломат бош иззатт амон..хаки хамин шер аст раисии сафорат.чаро бачахое км ба тухмат гирифтор шудаанд ба сафоратхона ва муфтхурхояш занг назаданду аз ин марди гамхор ,мехрубон, км хуни тоджики ору номус дорад кумак талаб кардаанд..кучоед ватандорхои паси панда...

Бехуда ба хар кас умед набандед факат дуо кунед то хол аз точик касе дифо накардааст чунин ходиса бисер шудаги так что аз худову аз хтон намонен намедонами сафир ма,нош хаминай

Пулод
Бародаро о точики ман дар точикистон кадр надорад аз русмхо ки нону намакхур будем чи гила мекунем мо бояд иззати мардуми дигарро накунем мо бояд иззати хамдигарро дорем

вой бар холи мухочири точик ,мо халк хукумат аз пушти инхо нону намак мехурем лек вакте дар бало афтодан хама ру мегардонад, хукуматдорхо магар ин курнамаки нест. Худованд мардуми точика мухочирхоро дар панои исматаш нигах дорад. Ба ин бародархо харчи зудтар халли корро хохонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)