Оғози тафтишот алайҳи Ҳалимов ва насиҳати Дубнов

Мақомоти Тоҷикистон барои таҳқиқи маълумот дар бораи фирор ва пайвастани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон ситоди муштараки тафтишотиро таъсис додаанд.
Тавре аз раёсати робитаҳои байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ситод дар баробари масъулини додситонӣ намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии кишвар ворид гардиданд: “Ин гуруҳ тамоми маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов, аз ҷумла навори видеоие, ки 27-уми май бо иштироки ӯ дар интернет пахш мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳад”.
Ин дар ҳолест, ки нашри видео дар бораи пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба созмони экстремистии “Давлати исломӣ” вокунишҳои зиёд ба вуҷуд овардааст.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус дар масоили Осиёи Марказӣ пайвастани Гулмурод Ҳалимовро ба “Давлати исломӣ”, ки гӯиё чанд афсари дигарро низ бо худ бурдааст, ба баррасӣ гирифта, таъкид намудааст, ки Душанбе, Маскав, Тошканд ва Вашингтон бояд дар мубориза бо ифротгароии исломӣ боэҳтиёттар бошанд.
Дубнов иддаои Ҳалимов дар мавриди бадномкунии ҳиҷобпӯшон ва маҳдудиятҳои дигари динӣ дар Тоҷикистонро зикр карда, афзудааст, ки манъсозиҳои беақлона ва иттиҳомоти подарҳаво алайҳи диндорон танҳо боварии онҳоро ба дурустии ғояҳои хилофат тақвият мебахшад.
Аммо Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон ба воқеӣ будани навори Ҳалимов шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд пайвастани ин сардори ОМОН-ро таҳқиқоти ҳуқуқӣ нишон медиҳад: “Ман 53-сола ҳастам ва дар ин ҳаётам бисёр чизҳоро дидам. Дар мо як гап аст, ки “агар одамро маҷбур кунанд мурдаи Ленинро ба кала мегирад. Барои ҳамин ҳоло таҳқиқоти ҳуқуқӣ нест, ки ӯ ин гапҳоро дар кадом ҳолат гуфта бошад. Ӯ маст буд?Ҳушёр буд? Ӯро маҷбур карданд? Як одами серу пур, командир, роҳбар, дар зери дасташ ин қадар афсару яроқ. Аз ин рӯ, таҳқиқоти ҳуқуқӣ, ки нест баҳо додан мушкил аст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз дигар он солҳои пештар нест. Тамоми сохтору имконият аст, ки аниқ мекунанд, ки ин дар Сурия аст, ё ки дар Туркия дар соҳили баҳр истироҳат мекунад ё ин ки дар полегон машқи ҳарбӣ дорад. Инро пӯшида намешавад”.
Ин дар ҳолест, ки дар баробари садҳо расонаҳои русзабон ВАО-и муътабари ҒАРБ, аз қабили "The Washinton Post", "The Guardian", "BBC", "Euronews", "The Telegraph" ва дигарон хабари пайвастани полковники тоҷикро ба “Давлати исломӣ” нашр кардаанд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |