Бахшҳо

Нақли Мавҷуда ва Ризвон: ДИИШ занро 800 $-у тифлро 400 $ мефурӯшад

Ризвон Аҳмадов ва Мавҷуда Сабурова, ду ҷавони тоҷик, ки аз Сурия фирор карда, ба Тоҷикистон баргаштаанд, дар як гузориши видеоии таҳиякардаи мақомоти умури дохилӣ амалҳои “Давлати исломӣ”-ро нақл карданд, ки шоҳидашон будаанд.

Ризвон Аҳмадов дар гузориши омодакардаи Вазорати умури дохилӣ гуфт, ҷангҷуёни “Давлати Исломӣ” ҷойҳоеро, ки забт мекарданд, дар он ҷо мардҳоро кушта, занҳояшонро таҷовуз намуда, зан ва тифлонашонро мефурӯхтанд. Номбурда иброз дошт, ки арзиши як зан 800 доллар ва кӯдак 400 доллар аст: “Онҳое, ки аз ҳамон давлат фирор мекунанд, дастгир карда, сарашонро мебуранд ва касоне, ки ёрдам медиҳанд, ҳамонҳоро низ қапида чуқурӣ меканданду зинда дар ҳамон чуқурӣ гурашон мекарданд. Маблағашон аз ҳисоби ғоратгарӣ ва дуздии моли дигарон аст”.

Ризвон Аҳмадов афзуд, дар Сурия таблиғ мекунанд, ки дар Ватан низ ҷангиёнро қатлу азоб интизор аст. Ӯ дар хитоб ба тоҷиконе, ки дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, изҳор дошт, ки ба Ватан баргарданд, зеро мақомоти тоҷик онҳоро афв мекунанд: “Он даҳшате, ки онҳо ба дилҳои мардум меандозанд, ки биравӣ зиндони мешавӣ, қатл мекунанд ин ҳамааш дуруғ аст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи будубоши Ризвон дар Сурия падару модар ва ҳамсари ӯ умед надоштанд, ки бори дигар ба дидори ӯ мерасанд.

Модари Ризвон дар гузориши ВКД иброз намуд, ки моҳи январ писараш бо ӯ дар тамос шуда, гуфтааст, ба Сурия ҷиҳод рафтааст: “Ман баъд гуфтам, ки розӣ нестам, ту чаро ин хел кардӣ, баргард биё бачам. Аз сафорати Тоҷикистон дар Тукия , Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон минатдорам, ки фарзандамро баргардонда оварданд. Ба падару модарон гуфтаниям, ки фарзандони худро насиҳат кунанд, ба Сурия нараванд, худро ҳайф накунанд”.

Мавҷуда Сабуроваи 26-сола низ дар баромади худ аз иҷборан ба шавҳар додани занҳо, тарзи либоспушӣ ва калабурии ҷангҷӯёни “Давлатӣ исломӣ” нақл кард: “Ҳавопаймоҳо омада мезаданд, наздашонда кӯдак аст, зан аст, мемирад. Одамҳоро калаҳояшонро мегиранд. Занҳоро маҷбурӣ ба шавҳар медиҳанд. Шавҳарашон, ки мурд, боз ба дигар кас маҷбурӣ медиҳанд. Либоси сиёҳ мепӯшонданд, чашму кала наметобад. Касе аз сарҳад мегузарад, калаашро мегиранд, аз ҳеч кас намепурсанд”.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” рафтуомади ин ду ҷавони тоҷикро аз ҷангҳои Сурия чунин шарҳ дод: “Аҳмадов Ризвон, соли таваллудаш 1993 ва Сабурова Мавҷуда, соли таваллудаш 1988, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд, ки чун дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Ризвон дар шаҳри Самара ва Мавҷуда дар шаҳри Маскави Русия кор мекардаанд. Аммо Ризвон гирифтори афкори носолим ва ташвиқоти ҳар гуна ақидаҳои ботили ифротиён шуда, бо мақсади иштирок дар амалиёти мусаллаҳона ба Сурия рафтааст. Мавҷуда ҳам, ки дар Маскав ба нигоҳубини пиронсоле машғул будааст, барои убури сарҳад ба Туркия рафта, дар он ҷо ба доми ифротиён афтодааст. Ӯ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ ба Сурия рафта, муддати ду моҳ дар он ҷо мемонад”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки ин ду ҷавони бехабар аз ҷаҳлу зулму бедодӣ, дар муҳити террористон дарк кардаанд, ки ин ҷо на дин асту на мазҳаб ва на садоқат ба Худо, балки макони ба қатлу оташу хун даст доштани гурӯҳҳои ифротгаро аст: “Онҳо муддатҳои зиёд дар таҳҳонаву утоқҳои сарду торик зиндагонӣ намуда, ба машқҳои ҳарбӣ ва омӯзиши ҳар гуна машғулиятҳои террористӣ машғул буданд. Ин ду нафар бо дарки хатогии худ бо мушкилоти зиёде аз шаҳри Раққаи давлати Сурия фирор карда, бо кӯмаки кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд”.

Манбаъ мегӯяд, Ризвон дар Сурия 6-моҳ ва Мавҷуда ду моҳ монда, баъди фирор ба назди оилаҳояшон баргаштаанд.

Вазорати умури дохилӣ дар хитоб ба падару модароне, ки фарзандонашон ба онҳо гӯш намедиҳанд ва қобилияти гардонидани онҳоро аз гумроҳӣ надоранд, барои кӯмаку дастгирӣ метавонанд бо телефони боварии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон (221-21-21) ва ба телефонҳои боварии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳаллҳо занг зада, муроҷиат намоянд.

Ин ниҳод инчунин бори дигар хотиррасон кардааст, ҷавононе, ки аз иштирокашон дар муноқишаҳои Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо пушаймон шуда, ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд ва илова намудааст, ки чунин шахсон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озоданд. Мақомоти корҳои дохилӣ омодааст, барои баргардондани чунин ҷавонҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад.
Мӯҳр
Кори хайр кардаанд.коркунони вазорати умури дохилй.
Миннатдорам.

Одил
ВКД ЭХТИЁТ БОШ БО ДОИШ БА ХАМИН РАВИШ НУФУЗАШРО ДАР ТОЧИКИСТОН ЗИЮД НАКУНАНД КИ БА КАПАИ ХАМАМОН ДУУУУД КНА ЧОХКАН ЗЕРИЧОХ ЭЗТИЁТ ИН ОДАМОНЕ КИ ОНЧО РАФТИЯНД 100%МЕДОНИСТАНДКИ ЧАНГ АСТ ЧОРО РАФТАНД

бечора
Этиёткор бошед чанобони ВКД- хиракиро аз даст надихедб гуфти бародар Одил хамаги медонистанд ки ончо чанг аст барои чи рафтаанд? метарсам як як бармегарданд аз сурия ба ватан ба бахонаи гурехтан ва чангро аз дохил сар мекунанд, себро аз даруни худаш кирм мехурад. хамаи инхо алакай продажний шудаги бовар кардан даркор нест. хар як кадамашон тахти КОНТРОЛ бигиред!

Хайрон
Ма хайрон и мвд дига кор надошта боша ки террористора овардестай мо окибат ягон шикасти бузургда мезанем да. бо и бесаводо. метарсм хами м чудоихох набоша. бигузор тинчи боша....

ВКД бояд инхоро хабс кунад вагарна инхо барои Точикистон хатари калон дорад.

Нозимчон
Кормандони ВКД бисёр хохиш дорам дар раками 221 21 21 ягон одамеро монед ки одоби муоширатро ба хуби донад. Боре вобаста ба масъалае занг задам чунон диламро аз зиндаги сард карданд, ки хеч ногуфтани. Кормандони ВКД бояд дармони мардум бошанд на душман. Эътимод бисёр хам мухим аст, миёни мардум ва милитсия хамкории зич дошта бошанду мардум барои мурочиат ба онхо дури начуянд. Шиносбозию тагабози бас аст дигар...

Дар кучо Шумо шунидагиед е дидагиед ки милиса кори хайр кардааст Худо насиб накунад дар дасти милисаи имруза бизани ба гуфти урусхо (Наша милиция нас бережет) аз мо бошад с перва (пострижет а потом посадит)агар пул надошта боши

мавчуда соф дуруг мегуяд ин амалхои аз тарафи Асад Башар мешаванд на аз
тарафи мучохидон.
ту авал сарата ягон чи пушон бад гап зан зани фитна андоз!

Абдулло
Дуруг мегуянд макомот ана як Норакиро авф накардедку ?бовари кас намеояд ба шумо,чихел авф мекардааст модоме ки тахсилкардахои мадрасахои хоричро як бо як капида зиндони карда истодаед,то хатто як ду мох тахсил кардагонро,онхое ки ягон чиноят накардаанд боз мегунд ки авф интизор аст онхоро "бовар" кардем

Salim
Odamizotro zrash omad durughoe meguyad ki na zamin mebardorad na osmon. Pas malum meshavad ki shumo durugguihoro hej nafar dar 400 - 800$ naharid. Handonde da

чи дуруг мебофи битарс аз Аллох

ин ду нафаре,ки аз сурия омадиян дуругай чиба то хозира ягонкас наомад давлат дил ки аз дасташ чизе барнамеояд доишро гунахгор мекунад ин ду нафарро худаш давлат таёр кардаги аст то мардуро аз доиш битарсонад ба гуфтаи ин ду нафар доиш занхоро тачовуз мекунад

САЛОМ АЛЕКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲ БА ТОМОМИ ХОНАНДАГОН ВА КОРМАНДОНИ ШАБАКАИ ОЗОДАГОН БА ФИКРИ ШАХСИИ МАН ИН ИНСОНҲО БА СУРИЯ НАРАФТААНД ЗЕРО ҲАР ШАХСЕ КИ БА СУРИЯ МЕРАВАД УМЕДИ БОЗГАШТ АЗ ОНҶОРО НАДОРАД ВА ХУСУСАН ШАҲРИ РАҚҚА КИ ПОЙТАХТИ ДОИШ ГУРУҲИ ҶИНОӢ МЕБОШАД ВА АЗ ОНҶОЙҲО ФИРОР КАРДА НАМЕШАВАД ДИГАР ОФТОБРО БО ОСТИН ПУШОНИДА НАМЕШАВАД

Рома
Хамин афсонахо чи даркор инхоро хеч одами окил кабул надорад а сурия гурехта намешавад

Ба инхо бовари накунед ВКД аз пушти инхо назорат баред ки окибат пушаймон нашавед ки бахшидед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)