Бахшҳо
01 июн 2015 11:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз кӯдакии Дилшод Назаров то Ато Мирхоҷа: Кӯдакии Шумо чӣ хел гузашт?

“Озодагон” ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мешавад, аз намояндагони шинохтаи касбу кор ва наслҳои гуногун суол кард, ки кӯдакии Шумо чӣ хел гузашт?

Ато Мирхоҷа, шоир

Кӯдакии ман дар айёми авҷи ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳалқаи волидайну бародарону хоҳарон ва хешу таборам дар ғояти меҳрубонӣ, бедардӣ, беғамӣ ва фориғ аз ҳама савдои дунё гузашт. Дуруст аст, ки ба волидонам дар колхоз аз синфи чор боло ёрӣ мерасондам, тобистонҳо ба дараҳои хушманзари Помир ба дарави алаф мебаромадем ва ҳатто шабҳо дар чодарҳо мехуфтем, вале ин меҳнат танҳо боиси шодмонии мо мешуд. Ба ҷуз ин, аз таълими бепул ва муаллимони баландихтисос дар мактаб бархурдор будам. Аз тамоми фанҳо баҳоям аъло буд ва ба Донишгоҳ танҳо бо супурдани ду имтиҳони аввал дохил шудам. Ба як сухан, кӯдакии хушбахтона доштам.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Кӯдакии ман дар деҳа ва шаҳр гузаштааст. Ман дар деҳаи Файзободи Боло (собиқ участкаи Файзободи Боло) совхози ба номи Саидҷон Назарови онвақта ноҳияи Кӯлоб таваллуд ва ба воя расидаам. Ҳангоми дар синфи 4 хонданам, падарам маро ба мактаби мусиқӣ ба шаҳр бурд. Аз синфи 4 то синфи 8-ум саҳар мактаби деҳа мерафтам ва пас аз зуҳр мактаби мусиқӣ ё баръакс. Мақсади асосии падарам мусиқидон ё сароянда шудани ман набуд, балки мегуфтанд, ки бояд бекор набошам ва бо рафтани роҳ то мактаби мусиқӣ, ки баъзан вақт ду нақлиёти шаҳриро менишастам, аз бисёр чизи дунё бохабар мешавам ва дар оянда дар зиндагиам азоб нахоҳам кашид. Қариб ҳама бародарону хоҳарони ман ҳамин гуна тарбия гирифтаанд. Бисёриҳоямон мактаби мусиқӣ мерафтем, яке аз бародарам мактаби рассомӣ рафтааст. Дигар тарзи тарбияи мо он буд, ки аз хоби бефоида бояд парҳез мекардем. Рӯзҳои дарсӣ (душанбе то шанбе) ҳар субҳ соати 6-и саҳар бедор мешудем ва аз паи кору бори хона ва баъд ба мактаб мерафтем. Танҳо рӯзе, ки ман то соати 7 хоб мекарадам, рӯзи якшанбе буд. Дар баробари ин ҳама, боз дар заминҳои совхоз ба парвариши помидор, карам, каду, бодиринг ва дигар сабзавот ҳам банд будем. Дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи №27 ҳам ҳунарнамоӣ мекардам, ҳаргуна асбобҳои мусиқиро менавохтам, суруд мехондам. Дар дастаи санъаткорони ҷавон соли 1989 дар озмуни Ғунчаҳои санъат дастаи ҳунарии мо дар ҷумҳурӣ ҷои аввалро гирифта буд. Чандин бор дар телевизион сабти навозишҳоро ҳам кардаам (ҳам танҳо ва ҳам бо дастаи мусиқӣ) Хуллас, кӯдакии ман он қадар камранг набуд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират

Аз овони кӯдакиям ба таълиму тадрис таваҷҷӯҳи хоса доштам. Ба омўзиши машғулиятҳои ҳамарӯза, аз қабили омўхтани касбу ҳунар, рафтан ба лагерҳои пионерӣ, иштирок дар кружокҳои назди мактабӣ , омўхтани касбҳои дуредгарӣ ва дар як фазои меҳнатдӯстию Ватандустӣ бузург шудам. Дар мактаби миёна бо баҳои 4 ва 5 мехондам ва вақти худро бештар ба хондани китобҳои бадеӣ, достонҳо ва қиссаҳои кӯдакона, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва варзиш сарф мекардам. Аз кӯдакиям забонҳои арабӣ, англисӣ ва русиро омўхтам ва ҳоло бо забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ, урду ва пашту суҳбат мекунам. Бо навиштани хатти форсию урду ва пашту низ ошно њастам. Аз хурдӣ ба илми сиёсатшиносӣ, дипломатия ва суҳбат дар радио ва телевизион шавқу рағбати зиёд доштам ва муродам Худоро шукр ҳосил шуд. Хулоса мақсадҳое, ки дар наздам гузошта будам, каме ҳам бошад барои расидан ба онҳо муваффақ шудаам ва дар ин роҳ барои боз ҳам расидан ба қуллаи мурод талош хоҳам кард. Чун сухан аз таҷлили Рӯзи байналмилаии кӯдакон рафт, бояд қайд намуд, ки тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, айни замон дар миёни аҳолии 8 миллионнафараи кишвар 3 миллион нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 30 ҳазор кӯдак дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд.

Шаҳрия Аҳтамзод, шоира

Кӯдакии ман хеле олӣ буд. Дар оғӯши волидон, бе ғаму ором сипарӣ шуд. Ростӣ, дилам ба кӯдакони ин замона сахт месӯзад: Чун аз ним зиёди кӯдакон имрӯз шикамашон сер нест, дастрасӣ ба мактабу маориф аз он ки камбизоатанд ва ё ки аслан бебизоатанд, надоранд, дар кўчаву бозороҳо мебинам, ки ҳатто талбандагӣ мекунанд, ба корҳои бадтар даст мезананд. Мо ки замони Шӯравӣ ба сар мебурдем, шароиту имконҳо дигар буданд, ҳама мехонд, яъне волидон метавонистанд, кӯдаконашонро як давраи зебо ҳадя кунанд, аммо имрӯз боз такрор мекунам аз сабаби бекорӣ на ҳама кас метавонад, кӯдаконашро саришта кунад, варна дар газелу утобусҳо кӯдакон пулчинак намешуданд ва мошиншўву аробакаш. Воқеан дилам ба кӯдакони парешон месӯзад, атри кӯдакиро наметавонанд ба машом биоранд. Коре бояд кард, ки кӯдакони мо хушбахт бошанд, на танҳо фарзандони сарватмандони Тоҷикистон.

Амруллоҳ Низом, рӯзноманигор

Кӯдакии ман дар замоне гузашт, ки дар оғозаш ҳукумати шӯравӣ побарҷо буд ва як зиндагии хубе доштем, аммо ибтидои замони наврасӣ ба ғурбату ҷудоиҳо гузашт. Яъне марҳилае буд, ки ҳама атрфониёнамро борони ғаму андӯҳ фаро гирифта буд. Мо аз хона, деҳа ва кишвар фирорӣ шудему Ватан ҳама дар оташи ҷанг ва нафрати мардуми маҳаллҳо нисбат ба як дигар месӯхт.

Комилҷон Холов, раҳбари “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе”

Кудакии ман ба айёми ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд. Агар гӯям комилан шароити эҳсоси кудакӣ набуд, дуруст аст. Аммо ҳамон мактабу хона, ки ҷойи аслии вақтгузаронӣ буд, тақозо мекард, ки хонем. Орзуи даврони хушии рӯзгорро доштем.Чун замона осуда шуд, аз ҳар лаҳзааш истифода бурда, орзушиканон мекунем. Кӯшиш мекунем, кӯдакии насли ин замон хуш бошад, зеро шароите, ки барои кӯдакони имрӯз фароҳам аст, он солҳо орзу кардан ғайриимкон буд.

Дилшод Назаров, варзишгар, муовини раиси Кумитаи ҷавонон

Кӯдакии ман мисли ҳаммаи кӯдаконе, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таваллуд шудаанд, гузаштааст. Он лаҳзаҳо воқеан давраҳои хурсандию бепарвоӣ буд, ки ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ман аз кӯдакиям ба варзиш машғул будам, зеро дар кӯдакони замони мо телефон, компютер ва дигар технологияе, ки ҳоло ҳаст набуд, аз ҳамин лиҳоз ҳама хурдсолон ба ягон намуди варзиш машғул мешуданд. Дар мактаб дар сатҳи миёна мехондам. Олӣ намегӯям, зеро баҳои 4 ва 3 низ доштам. Аммо ин сатҳи макотиби замони Шуравӣ буд, ки инро набояд фаромӯш кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)