Бахшҳо

Фатво ва далелҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон алайҳи ДИИШ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо содир кардани як фатво пайвастан ба саффи гуруҳи террористиии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ-ро аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром эълон кард.

Дар матни фатвои Шӯрои уламо аз ҷумла таъкид шудааст, “шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳи бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом” ва ширкат дар амалҳои ба ном “ҷиҳод” тибқи далелҳои шаръӣ хилофи аҳкоми шариат ва гуноҳи кабира маҳсуб шуда, резонандаи хуни ба ғайриҳақ дар рӯзи Қиёмат мустаҳиқи азоби дарднок мегардад”.

Масъулини шӯро иддаои Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ, ки ахиран бо ташкили гуруҳе худро халифаи тамоми пайравони дини мубини Ислом эълон кард, фитна ва тафриқаандозӣ миёни мусулмонон хондаанд: “Ислом эълони хилофат бидуни гузаронидани шӯро ҷоиз нест. Ҳеч шахс ё гурӯҳ ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва гузаронидани Шӯрои мусулмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иҷмои мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна мебошад, зеро аксари мусулмонони дигарро, ки бар он мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад. Ин амр сабаби ташкили чанд хилофати дигари ба ҳам муқобил мегардад, ки дар интиҳо ба барпо шудани исёну ошӯб ва тафриқаандозии мусалмонон оварда мерасонад”.

Ба қавли онҳо, гуруҳи “Давлати исломӣ” як созмони тундраву ифротие мебошад, ки барои пиёда кардани манфиатҳои абарқудратҳо бо истифода аз муқаддасоти мусулмонон ташкил шудааст.

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки маҳз “кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд, ҷоиз донистани рехтани хуни мусулмонон, иззату обрў, таҷовуз ба номуси занону духтарони онҳо, қатли ом, бераҳмона сар задани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, тарконидани масҷидҳо, ғулом намудани занону кўдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон, талаву тороҷи мардум, аз номи Ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳо ҳаромкорӣ ва беадолатиҳои дигари ДИИШ” далели равшане ба гуфтаҳои боло мебошад.
Мӯҳр
беном
Аввпл он ки хеч кас ба фармони ту гуш намекуд одаме ки харомро аз халол фарк мекунад хеч гох ба он гурухи Дииш дохил намешавад

Мухлис
баъзе корхои мекардагии ту аз дииш хам батар хаст

Абдуллох
Дуруст аст ки дишш ро чуз аблахон касе кабул намекунад. Пайравонаш чозилон хастанд. Аммо чаноби муфти шуморо касе гуш намедихад. Лутфан худро захмат надихед,.

хак
боз такрор хам шавад бигузор фатво аз чониби дигар шахсиятхои о он худ намунаи ибрат бошад! Мухтарам кормандони бо иззату бо эхтироми сайти Озодагон мусохибахои ин Муфтиро хечгох болои экран наберед, то ин ки сафи хонандагонатон ру ба ками наерад. Мо бо Шумо кормандони ин сайти Вокеан шафоф!

? Фатво барои ки ? Барои худ ва атрофиёнаш ? Охир шумо ку дари масчидхоро ба руи наврасон, занхо ва кормандони давлати бастед, дар ин кор сахми шурои уламо "беназир" буд, аз Худо натарсида ин икдомро дастгири намудед, акнун мехохед фатвои шуморо касе гуш кунад?

Мукарам барой чи як бор барои либос гап намезани? Барой чи барои барасмият даровардани Масжидо гап намезани

суханони ту асар надоранд, бар зиди 4-5 конуни Аллох конун баровард???? ту пуштии хамин конун барорхо хасти !!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Чамшед
Ман як чизро кайд карданиям,ки бародарон хамеша бо йоди Худо бошед, ва дуьо кунед, ки Худованд хамин ватани азизамонро аз хама балову офатхо нигахдор бошад.Ва дуьо кунем дар хаки рохбаро,ки Худованд хизматгор дар Дини Ислом бигардонашон ,ва дуьо кунем ки Худованд душманони дини Исломро несту нобуд бигардонад.Бинед дар ш Душанбе чи хел сохтумони Масчиди калон рафта истодааст.Шукргузориро дар пеши Худованд бисйор кунед бародарони азиз!!!!

Чамшед
Бародарони азиз!!!Дар назди Худованди мехрубон дуьо кунед,ки Худованд ин ватани азизамонро боз ободтар бигардонад.Намозхоро дар вакташ бихонед,ва бинед чи хел Масчиди зебо дар Душанбе сохта шуда истодааст,магар хамин бо фармони рохбарият нест???

Дарвеш
Субханааллох. неки баи фатвотон ячи хандидем)))))

5
ДИИШ бо ярок тарконаду бикушад, шумо бо конунхоятон масчидхоро баста истодаед,

Ин фатво сад дар сад дуруст аст.

.Ту ай бораи он гап зан то 18-сола барои чи масчид рафтан мумкин нест.Барои занхо сатр бояд напушан

Чаноби Сайид мукарам мардум хакикатро дар акси гуфтахои шумо мефахманд ва голибан чунин хам хаст ба хамин хотир нагуфтанат бехтар!!!!!!

али
шумо чиву дииш чи чаро барои риштарошхо ба мачбури ришхоро метарошанд фатво намебароред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)