Додситони кулл Гулмурод Ҳалимовро “актёр” хонда, ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор кард

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории дастаи таъиноти махсус ё “ОМОН”-и ВКД бо иттиҳоми хиёнат ба давлат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти додситонӣ, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.
Масъулини додситонии кулл хабарҳо дар бораи таъсиси комиссияе барои таҳқиқи фаъолияти Ҳалимовро рад карда, гуфтаанд, ҳанӯз моҳи апрели соли равон ситоди муштараке иборат аз кормандони ин ниҳоду Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар барои таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо созмон дода шудааст. Ба қавли масъулини додситонӣ, тафтишоти онҳо то имрӯз муайян кардааст, ки “Ҳалимов даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, аз ҳиссиёти ғаразнок аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда, ба ташкилоти байналмилалии террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки ягон умумият бо арзишҳои дини Ислом надорад ва ҷиноятҳои даҳшатовари содиркардааш ба амнияти байналмилалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд, пайвастааст”.
Дар идомаи изҳороти додситонӣ аз фармондеҳи фирории дастаи таъиноти махсуси ВКД ҳамчун “актёр” ном гирифта шуда, таъкид гардидааст, “ӯ бар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии Ватанаш машғул гашта, аз ҷониби фармоишгарони худ дар намоиши видеоии сохташуда, ки ба таърифкунии “Давлати исломӣ” ва сафедкунии ҷиноятҳои даҳшатноки содиркардаи намояндагони он равона шуда, ба воситаи сомонаи Интернет паҳн гардонида шудааст, ба сифати “актёр” истифода шуда истодааст”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бахши кофтукоби сомонаи пулиси байналмилалӣ ё “Интерпол” эълон дар бораи кофтукоби Гулмурод Ҳалимов нашр гардид, вале субҳи рӯзи якуми июн ин эълон аз сомона бардошта шуд. Дар эълон гуфта мешуд, Ҳалимов дар узвият ба созмони террористӣ муттаҳам мешавад: “Гулмурод Ҳалимов 1,8 метр қад, 80 кило вазн ва мӯи сари сиёҳ дошта, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад”.
Пулиси байналмилалӣ аз афроде, ки дар бораи ӯ иттилое доранд, хоста буд, ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод. Ӯ хатмкардаи Академияи ВКД-и Тоҷикистон буда, дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |