Бахшҳо

Уфти рублу ҷаҳиши навбатии доллар дар Тоҷикистон

Қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло рафт. Зуҳри 3 июн дар лавҳаҳои аксари саррофиҳои шаҳри Душанбе арзиши як доллар 6,50 - 6,52 сомонӣ нишон дода шудааст. Дар ҳоле ки дирӯз, 2 июн арзиши як доллар 6,45 - 6,47 сомониро ташкил медод.

Ҷаҳиши дубораи қурби доллар дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 29 майи соли равон дар бархе аз саррофиҳои Душанбе арзиши як доллар то 5,80 сомонӣ поин рафта буд. Масъулини Бонки миллии кишвар дар шарҳи ин хабар гуфтанд, “сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард”.

Қурби рубли русӣ, ки дирӯз, 2 июн дар лавҳаи саррофиҳои Душанбе ҳазор рубл 120-121 сомонӣ нишон дода мешуд, ҳоло баробар ба 118 - 119 шудааст.
Мӯҳр
банкир
Бо гапхои дуруг ва мачбур кардани саррофон курби сомони боло намеравад, рохи асоси ба истеъфо рафтани хукумат ва парламент ва интхоботи нав, ва аз нав кадргири ва хидмати содикона ба миллат ва ба махкама кашидани дуздону фосидони будчетний ки солхои сол кисаи давлатро ба кашоки оварда расонданд.

Султон
Ох Доллар дар чонамо зади ту кай аз байн мерави вой бар холи мо барин одамхои карздор .Сер кай парвои гурусна дорад .

хама медонам ки бапри чи доллар якбора то 5,80 фаромад, дар ягон давлати дунье ин хел намешавад, ин як сохтакории муовини якуми бонки мили аст

Саид
Хамин мардуми бечора рост мегуфтаст. Аз иваз кардани раисону вазирон хечиз тагийр намешудаст баракс! Хама медонад,ки президент раиси БМТ-ро хамрои муовинонаш ба хотири чилавгири накардани курби мили гирифтшон. Лекин инашам паи хамуш!

Озодагон . Шумо дар сарлавха чахиши долларро мисол оварда , поён шудани онро навистед . Барои чи дубора курби асъори хорича боло рафт ,сабабашро пурра карда нависед . Гапи хона ба куча рост наомада истодааст. Як соат 580-сомони шуду боз ба 620 -сомони расид . Холо бошад 100 $ = 652-сомон.
Озодагон беъмани гапхоро руи чоп наоред .

муосир
саррофон тема карда, пул кор кардестиянд. масъулон бошад натавонистанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)