Бахшҳо
03 июн 2015 16:40Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Озмоиши босифат, зуд ва дақиқ

Калимаи ҳормон аз юнонӣ гирифта шуда, маънояш “бедор кардан, ба шӯр овардан мебошад”. Ҳормонҳоро ғадудҳо ба вуҷуд меоранд, чи дар меъда, чи дар гулӯ ва чи дар мағзи сар.

Умуман, дар организми инсон 100 намуди ҳормон фаъол аст, ки нуқсон пазируфтани яктои онҳо сабаби норасоии дигар ҳормонҳо мешавад. Норасоии ҳормонҳо дар организми инсон боиси дигаргуниҳои манфӣ мешавад. Ба таври мисол, агар дар организми зан ҳормони мардона инкишофи аз ҳад зиёд дошта бошад, ин зан дар рафтору гуфтор низ ба мардон монанд мешавад ва баръакс. Бештар будани ҳормони мардина ба занҳо оқибатҳои фоҷиабор ҳам метавонад дошта бошад, ҳатто мумкин аст ба бемории саратони бачадон оварда расонад, чун организм кӯшиш мекунад аз ин ҳормонҳо наҷот ёбад, аммо тавоноияш кифоят намекунад.

Дар ин амр Бемористони Ибни Сино ба шумо мадад мекунад!

Дар шӯъбаи озмоишгоҳи бемористон ба беморони гирифтори норасоии ҳормонӣ ба таври зуд ва босифат хидмат расонида мешавад. Озмоишгоҳ имкон дорад сатҳ ва сифати ҳормонҳоро дақиқ муайян намояд, ки дар асоси он беморӣ ташхис мешавад.

Озмоишгоҳ бо дастгоҳҳои мухталифи навтарин муҷаҳҳаз аст. Яке аз онҳо дастгоҳи ИФА - дастгоҳи имуноферментӣ аст, ки дар санҷидани сатҳу мизони тамоми намуди ҳормонҳо истифода мешавад. Ин дастгоҳ аз ҷумла дар амри дақиқ намудани ҳормонҳои троидӣ (Т3, Т4, ТТГ), инчунин ҳормонҳои мардонаву занона, аз ҷумла тестостерон, прогестерон, эстрадиол, ЛГ ФСГ, пролактин ва ғайра ҳамто надорад.

Мутахассисони озмоишгоҳ таҳти роҳбарии доктор Фирӯза Абдуваҳҳобова озмоишро дар сатҳи баланд ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи василаи мавриди истифода якбормасраф буда, дастгоҳҳо низ бо моеъи гаронбаҳои конекс шуста ва тамиз кардамешаванд. Пас аз роҳандозии барномаҳои иҷтимоии муштараки бемористон ва ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» нархи хидматрасониҳо дар ин бахш тамоман коҳиш ёфтааст: ба таври мисол, ҳамагӣ бо 4 сомонӣ ниёзманд метавонад таркиби хунашро муайян намояд!
Мӯҳр
Ваҳоб
"Троид" не, тиреоид, яъне ғадуди сипаршакл, ки дар гулӯ дар зери манаҳ ҷойгир аст, ки аз норасоии ҳормони TSH бемории Нypothyreos ва аз баландшавии он Hyprthyreos ба амал меояд. "T3, T4" низ нодуруст аст, T3V, T4V мегӯянд. Агар инро ба шумо худи ҳамон пизишк гуфта бошад, пас худаш хуб намедонад, ки ин ҳормонҳоро кадомашро кадом вақт бояд дид. Аксарияти пизишкони мо намедонананд, ки ҳормонҳоро дар кадом ҳолат бояд дид ва баҳо дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)