Бахшҳо

Чаро мо рӯзи ручка надорем?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

4 июн рӯзест, ки дар Амрико гувоҳнома барои ихтирои худкор (шариковая ручка) дода шуд. Таҷлили ин рӯз дар шароити имрӯзин як кори аблаҳона ба назар мерасад, мисли таҷлили Рӯзҳои харбузаву кадуву зардолу. Вале ҳамин як рӯзи сода ва аз дидгоҳи имрӯз хандадор барои ҷомеаи мо зарурат дорад. Чӣ гуна?


Ласо Биро рӯзноманигори маҷористонӣ, ки аз қалами рангдор истифода мекард ва бисёр менавишту хеле заҳмат мекашид. Навиштан бо қалами рангдор барояш бисёр сангину тоқатфарсо буд. Маҷбур шуд, ки ба ихтирои қалами худкор дар соли 1938 даст биёбад ва онро дар Маҷористон бо гувоҳнома таъйид бикунонад. Хеле зуд, аз Биро гувоҳнома барои истеҳсолро Неруҳои ҳарбию ҳавоии Бритониёи Кабир барои халабонони худ харидорӣ кард, зеро бо қалами рангдор навиштан дар ҳаво барои халабонҳо музоҳимат эҷод мекард. Баъдан дар Оржентин Биро барои ин ихтирои худ гувоҳнома гирифт ва онро бо даромади хеле ҳангуфт - $1 миллион ба ширкати "Eversharp” фурӯхт.

Баъди ин кашокаш сари соҳиб шудан ба худкор дар кишварҳои Аврупо ва ИМА оғоз шуд. "Eversharp", ки мехост бо ин маҳсулот бозори ҷаҳониро тасхир кунад, барояш мушкилот эҷод шуд. Гувоҳномаи ихтироашро танҳо дар Маҷористон ва Оржантин доданд. Барои он ки аз сирқати ин маҳсулот дар дигар кишварҳо ҷилавгирӣ кунад, зарурат пеш омад, ки дар тамоми кишварҳои дунё гувоҳнома бигирад. Вале ғояи худкорро аз "Eversharp" дуздиданд. 10 июни соли 1943 тоҷири амрикоӣ Милтон Рейнолдс ихтирои чунин як худкорро дар ИМА номнавис кард. Худкор ба андозаи бисёр бузург ба фурӯш рафт. Танҳо дар яке аз мағозаҳои Ню-Йорк дар як рӯз 10 ҳазор дона фурӯхта шуд. Биро хост соҳиби ихтироъ буданашро аз роҳи додгоҳи амрикоӣ собит намояд, вале дар додгоҳ бохт. Морсел Бики фаронсавӣ дар соли 1958 худкорро коркард намуд ба тавлиди арзонтарин худкор бо тамғаи BIC даст ёфт ва ширкати "BIC Corporation"-ро бунёд гузошт, ки ҳоло аз се ҳисаи бозори тавлиди худкори ИМА-ро дар даст дорад.

Акнун, посух ба суоле, ки чаро мо онро надорем. Чун имрӯз тафаккури тавлидотӣ (истеҳсол) дар ҷомеаи мо ҳамафарогир нест ва вазъи буҳронии ҳамешагии мо низ набуди ҳамин тафаккур аст. Барномарезии нокофии тавлидотӣ ҳамеша буҳронро аз як сол ба соли дигар мебарад. Ҳама иқтисоддонҳо ва коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон то дар самти тавлидот иқдомоти ҷиддие рӯйи даст нагирад наметавонад аз буҳронитарин шароите, ки дорад берун биравад. Аммо бо чӣ далеле ин соҳа рушд дода намешавад суоли бисёр посухталаб аст, ки масъулияти посух доданаш пеши мо нест.

Рӯзи худкор ва ё ҳамон ручка як рӯзи символикист, ки таърихан давлатҳо барои соҳиб шудан ба он чӣ қадар талош кардаанд. Тавлиди мошину чархболу ҳавопаймо дар тафаккури мо комилан нест, вале чаро мо натавонем ручка, дандонхилол, коғази дастпок ва мисли инҳо маҳсулотеро, ки мо - “миллати тамаддунофар” дар шанъи худ намеҳисобем, тавлид кунем.

Шароит ва равандҳои ҳамгироии ҳам сиёсӣ ва иқтисодии давру бари мо талаб мекунанд, ки мо аз миллати истеъмолгар ба миллати тавлидкунанда табдил шавем. Дар ин росто ба як барномаи дар сатҳи миллӣ ниёз дорем, ки тафаккури тавлидотиро ҳамафарогир кунад. Шояд бишавад, ки ин барномаро бо номи символики “Рӯзи ручка” ва ё “Рӯзи дандонковак” оғоз кунем, то битавонем манфиатҳои миллии худро дар ин кашу баркаш ҳифз кунем.
Мӯҳр
Аваз
Хамин хам макола шуд? Озодагон кори дигар надоред

Шахрванд
Бародар Иршод бубинед, ки сохтмони корхонаву фабрика е ки завод ва гайра дар Точикистон мушкил нест аммо мушкил инчост ки хамон махсулоти истехсолкарда дар бозор харидор пайдо мекунад е на. Барои мисол як егурте, ки аз чанд хазор км ба точикистон меояд, нархаш такрибан 2.5 -3 сомон аст. Егуртхои баровардаи Душанбе ва Хучанд низ хамин нарх аст. Хасибу хасибчахоро низ мукоиса кунем кариб ки хаммашон як нарх хастанд хатто дохили аз беруна кимматтар аст. Е ки канду кофету шоколод, умуман тамоми махсулоти хурокворие, ки дар Точикистон истехсол мешавад (дар таги биниамон хаст) ба нархи воридоти аз кишвархои Урупо, хатто Америкаи Чануби ки дар он тарафи Укенус аст, баробар аст ва каме хам кимматар. Чаро? Чунки дар мо хуранда бисер аст. Холо заводро насохта барои гирифтани ичозаи замин аз даводава мемури. Ичоза ки гирифти барои сохтмонаш медави ва билохира вакте месози гаронат меафтад. Истехсолкуниро сар накарда андозу, сертификату дигару дигараш ташриф меоранд, ки дарди сар мешавад. Яъне содда карда гуем барои сохтану истехсол кардан масрафи хангуфт мекуни ва мачбур мешави, ки нархро каме баландтар бимони то масрафхоятро бипушони. Яъне себестоимости махсулот дар Точикистон хеле гарон аст. Бинобар ин мо заводу фабрикаву корхонахои хурди истехсоли надорем. Шумо ручка мегуед е ки дандонковак. Дар бозори яклухти Корвон ручкахое хаст ки кимматаш аз 30 дирам сар мешавад ва дандонковак 50 дирам (як кутти). Магар корхонаи ручкабарори ва дандонковабарори агар ба рох монем, магар мешавад онро 50 дирам е ки 70 дирам кард? албатта ва бояд 1-1,5 сомон шавад. Дар истехсол ба фикрам Киргизхо аз мо пешанд, чунки дар бозорхои мо аллакай бисери сару либоси занонаву кудакона истехсоли Киргизистон аст ва сифаташ хам аз Хитои дида хеле хубанд.

Хаминаш кам буд ё инрузро чашн гарифта рузи истирохаи эълон карда лозим

Чобир
Иршод аввал коидахои имлову истифодаи дурусти калимахоро ёд гиру баъдан насихат кун... О ин символикиаш чй гап аст? Ё ки кашу баркаш-ро хеч кас истифода намекунад ва мисли ин боз бисёр калимаю чумлахои подархаво-о-о!

То ба ин дарача журналист хам аблах мешудааст да. ин чи навиштани аст, ки ман вакти киммати худро сафр карда онро хондам. Мемури ки ягон гапи хуб нависи.

Оббоо
Иршод гуфтани хасти ки тачлили Рузи харбуза, каду ва асал ин кори аблахи аст???
Каллаат чени ишкамат шудасту акл дарунаш нест чи...
Ба маълумотат мерасонам, ки ин Рузхо бо пешниходи худат медони ки тачлил карда мешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)