Бахшҳо
06 июн 2015 10:16Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Се назар: Омилҳои болоравии сомонӣ серӯза буданд?

Ҳафтаи гузашта қурби пули миллӣ боло рафт, аммо пас аз ду се рӯз дубора уфти қурби сомонӣ ба чашм расид. “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ОМИЛҲОИ БОЛОРАВИИ СОМОНӢ СЕРӮЗА БУДАНД?


Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос

Ин ҳолатҳо омили изтирории истеъмолкунанда ном дорад, вақте иттилооти нав мешунаванд ё молро ба бозор мебароранд ё молашро аз бозор мегирад. Аз ҳамин нуқтаи назар яке аз омили болоравии пули сомонӣ ҳамин омили изтирорӣ аст. Дувум омили ғайристандартӣ мебошад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

Бонки миллӣ ба хотири он ки обрӯяш нарезад гардиши пули сомониро кам кард. Зеро баҳона буд, ки роҳбарони қаблӣ қурби долларро боло бурданд ва роҳбарони навро сари кор оварданд ва ба хотири ин ки нишон диҳанд кор карда метавонанд, як чанд рӯз арзиши қурби сомониро боло бурданд. Аммо намешавад пеши роҳи инро гирифт. Ба хотири он ки мо пеши роҳи болоравии доллар ва коҳиши пули сомониро гирем, бояд истеҳсолот дошта бошем. Маҳсулоти худро ба бозор барорем ва бо доллар фурушем.

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, иқтисодшинос

Омили болоравии пули сомони субъектвӣ аст, зеро онҳое ки ба роҳбарии бонк омаданд, фикр карданд аз уҳдаи ин кор мебароянд. Аммо аз уҳдаи ин кор на онҳо мебароянд ва на каси дигар. Дар Тоҷикистон бозори пул вуҷуд дорад. Қурби тамоми асъорҳое, ки дар ин бозор хариду фурӯш мешаванд, дар асоси таносуби байни таклиф ва талабот муайян карда мешавад. Агар таклиф кам бошад, қурб баланд мешавад, агар таклиф паст бошд, он гоҳ қурб баланд шуданаш мумкин аст. Қурби сомонӣ дар сурате баланд мешавад, ки агар дар бозор миқдори доллар зиёд бошад, агар миқдори доллар зиёд бошад, он гоҳ қурби сомонӣ баланд мешуд. Аммо ин тавр нашуд. Он коре ки онҳо карданд, хусусияти вақт буд ва боз метавонанд анҷом диҳанд. То вақте ки дар Тоҷикистон истеҳсолоти ҳақиқӣ вуҷуд надорад ва сектори реалии истеҳсолӣ суст тараққӣ мекунад, қурби сомонӣ паст хоҳад шуд.
Мӯҳр
Пиёзфуруш
Акаи Табаралӣ, худут фахмиди, ки чи гуфти??? wassat

Куруши Кабир
masheniko marduma ba 3 ruz baland bardoshtani samoni freb kardaniyan hama rangi shumo besavod nest

99
"Шафтолу"-и гап ҳамин, ки ба чашми мардум боз хок пошидан лозим буд, пошиданд.
Дар Тоҷикистон ягон хел тартиби бозори пул ва ягон хел бозори дигар набуду, нест.
Ин корро барои он карданд, ки се-чор долларе, ки мардум дошт, онро бо найранги дигао аз худ карданд ва боз қурбро худашон бардоштанд, то боз аз нав ин долларҳоро бо нархи гарон фурӯшанд. Бинед, оё дар бозор нарх тағйир ёфт, яъне паст шуд? На, баръакс баланд шуд.
Бояд масъулони мо донанд, ки ҳама аҳмақ нестанд ва инкор накунанд, ки мо на иқтисодиёт дорему, на бонку на бозору ва худи онҳо на инсофу на одамгарӣ!!! Онҳо фақат ва фақат дар ғами киссаи худашон буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ягона роҳ, аз инҳо халос шудан аст!!!
Озодагон, агар пурра чоп накунӣ, дигар ин саҳифаи туро боз нахоҳам кард ва ту як хонандаи худро метавонӣ фаромӯш кунӣ! Бе ин ҳам шарҳҳои моро пурра нашр намекунед. Мо барои назари худ худамон ҷавоб медиҳем! Ман касеро таҳқир намекунам ва накардаам. Ман ҳам шаҳрванди Тоҷикистонам ва барои ватанам дилам дард дорад. Шумо ё натарсида шарҳи моро нашр кунед, ё дигар умуман шарҳро аз расонаи интернетиатон пок кунед.

Рачабали
Барои баланд бурдани курби пули милли як донишчуи реально то курси се хондани медонад ки вакте истехсол нест, махсулоти истеъмолшуда воридотиянд истехсолоти зиедии кишварамон содироти шуда пули хоричи на меояд хатман бекурбшавии пул ба миен меояд агар ба чои Домод писари адам Смитро хам ки биерем хеч кор карда наметавонад!! Истехсолот истехсолот истехсолот!!!!! Ин оддитарин формулаи иктисодиет аст

Дуруст гуфтед, манфиатбози ва бесалохияти идома дорад....

шумо иктисодчиён ёфтен бахонара сафсата нагуен истехсолот нест мегуен барои ки шумо хурда гаштаен якбор аз банк карз бигир бад мефахми зиндагира фикри халка намекнен охир то хамика сол хам истехсолоти соз надоштем надоштем чиба курб баланд нашид. хамаш дар дасти бонки мили хаст чиба як дк руз пеш фаровард шидку

Асомидин
Чаро бехудагуи мекуунед балан шудани курби долр аз Точикистон вобастаги надорад дар Русия курби долар балан шуд дар Точикистонхам баланд мешавад. Холо бошад 56 хазор рубли руси хазор долар мешавад чанд руз пеш 47 хазораш хазор долар мешуд. Худ казоват кунед.

донишчуй
Эээхеей акаи таварали канта бзан. Олим да усуш. И гуфтахои худта агар худт нафахми. Ранги китобфурушихои донищгох шуд ку???

Агар маблаги мефиристодаи мухочирон намебуд имрузхо 1$ 600-700 сомонй мешуд. Хар сол дар Точикистон чанд корхонаи нав кушода мешавад ва чандтояш баста мешавад.Бо ин гуна сиёсати андоз ,ки сохибкорро "бугй" мекунад чи гуна истехсолот пеш мераваду пули миллиро дастгирй мекунад Дидам дар Руссия чи тавр корхона мекушоянд:Корхонаро месозанд .Як,ду,ё се мох кор карда ба иктидори лоихавй мебарояд ва ана он вакт расман мекушоянд.Дар мо чи -лентаро мебурем ва баъди ду руз корхона махкам...

Худодод
Манбаи нафтфуруширо кам кунеду корхонахои истеъмолкунандаи маводи ниёзи мардумро зиёд. Давлате, ки ашёи хом мефурушад, хеч гох курби асъораш зиёд ва мардумаш бой намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)