Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар як рӯз
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар давоми як рӯз бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” аз Душанбе рӯзи 5 июн дар роҳи мошингарди кӯчаи Борбади ноҳияи Сино аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард марди 38-соларо пахш намудааст, ки дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид.
Инчунин манбаъ мегӯяд, санаи 5 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” аз ноҳияи Шӯробод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофир - зани 52-сола дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Дафтари матбуоти ВУД афзудааст, ки 5 июни соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ садамаи дигари нақлиётӣ дар пайи риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух додааст, ки дар натиҷа мусофири 19-сола, сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |