Бахшҳо
08 июн 2015 08:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бо супориши Э.Раҳмон 76 мошини пурбор Бадахшон рафт

Субҳи якшанбеи 7 июн бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар корвони иборат аз 76 мошини ҳомили 1100 тонна маводи ғизоӣ ҷониби Бадахшони Куҳӣ роҳ гирифтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, ин маводи ғизоӣ ба 8597 оилаи камбизоат ва ниёзманди вилоят тақсим хоҳанд шуд: “Илова бар ин, ба 670 нафар тарбиягирандагони мактаб – интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол, инчунин ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ кумак карда мешавад”.

Манбаъ арзиши умумии маводу маҳсулотеро, ки ба сокинони ниёзманди вилояти Бадахшон интиқол шудааст, панҷуним миллион сомонӣ мегӯяд: “Кумаки зикршуда беш аз 60 ҳазор нафар аҳолии вилоятро фаро гирифта, нишондиҳандаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат мебошад”.

Дафтари матбуотии президент меафзояд, бо мақсади ба таври шаффофу мақсаднок дастрас намудани молу маҳсулот аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуруҳи корӣ таъсис шудааст.
Мӯҳр
Нобовар
Пеш аз омадани Огохони 4 дили мардумро ёфтаниен аку?

мухлис
ИН КОР КАРИБ КИ АНАНА ШИДАГИСТ КИ ХАР ДОИМ ПЕШ АЗ САФАРАШ БА БАДАХШОН ЧУНИН МЕКУНАД

Истиклол
Чавоб ба Нобовар, чашмат будагист, ки аз чониби Чаноби Оли ин икдом хар сол мешавад. Хамчун анъана гаштааст. Огохон бошад дар 10 сол як маротиба кумак мекунад.

печенбиби
Эй мардум! кай игвоангезиро бас мекунен! Гапи хуб гуфта натавонед, бадро низ нагуед! МАн рози, ки хукумат бояд дар хизмати бандагон бошад. Ва бадтарин кор ин МИНННАТ гузорштан аст. Истехсолот шавад, кумак аз байн меравад.

Ин кумак аз бучаи IRS бошад? Манбаашро нависед охир

Душманони миллатба сахт нарасад. Худо хахад, давлат тинчиву амони бошад, ин гуна кумакхо ба хама кишрхои чомеъа расонида мешавад. ЧИ даркор игвоангезию бухтонгуйи. Хаб мешавад, хама гардана об карда, кор кунем.

Нобовар,
Огохони 4 як чосус аст. Бо чи ика тема кадести.
Шукр кун, ки хукумат ёрдам кардестай.

Агар халк фахмад як нукта басаст
Бингар, ки ин халк кур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)