Муҳоҷири тоҷик гуфтааст, ӯро ҷарима не, ҳабс кунанд

Нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми пешниҳоди пора ба корманди пулиси Русия парванда боз шудааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, насаби ин муҳоҷир Гулов буда, 26 сол дорад. Ба иттилои манбаъ, ӯ баъди тамом шудани муҳлати қайди буду бошаш дар қаламрави Русия бо мошини худ қасд доштааст, марзи Русияро убур кунад, то тавонад дар асоси қонунгузории ин кишвар дубора ба ҷои кораш – Брянск баргардад: “Аммо дар роҳ мошини ӯро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нигоҳ медоранд. Кормандони пулис Гуловро ба Шӯъбаи умури дохилии Брянс мебаранд. Муҳоҷир тоҷик барои раҳо шудан ба онҳо 1200 рубл пешниҳод мекунад ва аз ҷониби хадамоти амнияти дохилии шӯъба боздошт мешавад”.
Додситонии Брянс гуфтааст, тафтиши қазияи Гулов ба анҷом расида, парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ба иттилои расонаҳо, “муҳоҷири тоҷик аз кардааш пушаймон аст. Ӯ медонад, ки ӯро ё ҷаримаи ҳангуфт ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст. Вай гуфтааст, вазъи молии хонаводааш хеле бад аст ва хоҳиш кардааст, ӯро на ҷарима, балки зиндонӣ кунанд”.Акс аз торнамои "Брянск тудей"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |