Бахшҳо

(ВИДЕО) Вазири адлия дар бораи миллиардҳои шубҳаовар, агент ва...(Навшуда)

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 10-уми июн тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии тағйиру иловаҳо изҳор дошт, бо қабули ин меъёр созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, дар бораи сарчашмаҳои маблағгузорияшон ба мақомоти тоҷик иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, даромадашонро дар феҳристи махсуси ёрии башардӯстона сабт кунанд. Ба иттилои вазири адлия, тартиби пешбурди ин феҳристро ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазири адлия дар пайи қабули қонун ба “Озодагон” гуфт, мақомоти Тоҷикистон ягон ҳадафи маҳдудсозӣ ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро надошта, танҳо ният доранд дар масъалаи сармоягузорӣ шаффофиятро таъмин кунанд: “Ташкилотҳо фикр кардаанд, ки мо мехоҳем низоми иҷозатдиҳии қабули маблағҳои хориҷиро ҷорӣ кунем. Мо ин ниятро надорем, онҳо фақат огоҳ мекунанд, ки кадом маблағҳоро қабул карда истодаанд ва бо кадом мақсад. Имрӯз агар 2600 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ бошад, фақат қариб ҳазор ташкиот ҳисобот додаасту боқимонда не. Ин ҳам қонуншиканӣ аст ва агар мо ин хел гирем ҳуқуқ дорем ин масъаларо пайгирӣ кунем. Ба баъзеяшон огоҳӣ низ додаем”.

Ӯ инчунин ҳисобу китобро, ки гӯиё соли гузашта созмонҳои ҷамъиятӣ ҳудуди 4,5 миллиард сомонӣ маблағ гирифтаанд, шубҳаовар хонд: “Шубҳа дар он аст, ки мумкин, ки тартиби ҳисобкуниямон нодуруст бошад, барои он ки як грантро як ташкилот мегираду ба 5-6 ташкилоти ҷамъиятии дигар тақсим мекунад. Мумкин мо ҳаминро дубораву себора ҳисоб карда бошем. Лекин ин хатоиҳои мо мумкин, ки атрофи 10% бошад ва ҳозир ҳам ҳисобу китоб карда истодаем”.



Вазири адлия афзуд, ки маблағҳои калон асосан дар манотиқи куҳӣ, дар он ҷойҳое ҳастанд, ки Бунёди Оқохон фаъолият мекунад. Ӯ илова кард, ки ба ғайр аз ин дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маблағҳои дигаре низ мавҷуданд, ки мо бояд онҳоро назорат барем.

Рустам Шоҳмурод инчунин таъкид кард, дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ аз дунболи Русия нарафтаанд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба агентҳои хориҷӣ баробар накардаанд: “Русия барои назорати маблағҳо мафҳуми агенти хориҷӣ, низоми махсусро ҷориӣ кардааст. Мо ба ин роҳ нарафтем. Иттиҳодияҳо зимни мулоқотҳо аз мо хоҳиш карданд, ки таҷрибаи Русияро дар ин маврид истифода набаред, ба ҳамин хотир мо онро истифода накардем”.

Рустам Шоҳмурод изҳор дошт, ҳадафи ворид намудани ин навгониҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” таъмини шаффофияти маблағгузории созмонҳо аз хориҷи кишвар мебошад. Ӯ илова кард, инчунин мақсад аз ин тағйирот дар қонун пешгирӣ аз маблағгузории терроризму экстремизм ва дигар равандҳои номатлуб мебошад.
Мӯҳр
хонанда
Ба гуфти вазир "ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки даромадашонро дар Фонди махсуси ёрии башардӯстона сабт кунанд" яъне чи??

Мо дар қонунгузорӣ думболи Русия намеравем... Мо фақат қонунҳои Русияро нусхабардорӣ мекунем... Ин кор осонтар аст. Ақлу дониш ҳам, таҷрибаи кор ҳам даркор нест. Вале боз як роҳи дигар аст. Комилан бастани маскани "агентҳои"империализм ва Амрико ва Иттиҳоди Аврупо. Мана Узбекистон ва Туркманистони ҳамсояро бинед. Онҷо на ташкилоти ғайридавлатӣ (НПО, NGO) ҳасту на созмонҳои ҷамъиятӣ. Бародар бо бародар бо пичир-гап мезанад. Ҳамсоя аз ҳамсоя метарсад. Ҳаминаш хуб нест? Ба кӣ даркор ҳамин демократия ва озодӣ? Мусулмон кай озод буд, ки акнун шавад? Бишинад ҳар кас дар хонаи худ. Набароянд берун!

Ин маблага ташкилотхои чамъияти дар хоби шаб хам надидаанд. Аксарашон е бекор хастанд, е баста шуда истодаанд. Ин хар гуна махдудсозихо вазъияти бе ин хам вазнини онхоро боз хам мураккабтар мегардонад. Бахусус, ташкилотхое ки ба масоили ичтимои сару кор доранд, хатари нестшави доранд, ки ба хаети одамони аз онхо бахрамандшуда, чун шахсони дорои махдудият, беморони алохида, барчомандагон ва гайра боз хам вазнинтар мешавад.

Клоун
Хо хо хо хо...!!
Рустам Шоҳмурод худашон чӣ гуфтанашона мефаҳманд ми?
Менглиев фаромӯш карда бошиянд, ки чӣ хел базаи 201 ро имзо карданд ва "саҳми" ӯ ҳамчун роҳбари идораи ҳамоҳангкунанди ин масала бо Россия чӣ буд?
Ҳоло бошанд, ин зоти шариф ба созмонҳои ҷамъиятӣ дарафтодааст...

Клоун,

Э да чонум зани акаи Клоун, гапи хуб гуфти неки )))

шахрванд
Акои шамсуддин ин маблагхо ба ташкилотхо дода мешаванд аммо худи ташкилотхои маблаггузор 90 фисадашро барои сафархои хизматии худашон сарф мекунанд гуё мутахасис даъват мекунанд ва гайра... рохбари ташкилотхо бокимондаро боз барои то ба дехот бурдани онхо харч мекунад. хулоса боз кофе брек мекунад, кофеяшро хоричиён менушанду!!! брекаш ба точикон мемонад. Ташкилот илоч надорад маблагро руйпуш мекунад вассалом. Ана кобу гир. Илтимос чоп кун.

Агар ба шумо дар бораи маблагхо хисобот диханд бо кадом шартхо ба души онхо мегузоред??? Маблагхои чунин ташкилотхо факат дар дохили кишвар истифода мешаванд хисобгирии онхо он кадар хам мушкили намеоварад...

НПО
Мухтарамммм ВАЗИР!
Хамаи маблагхои ба воситаи (БМТ) Бонки милли дохил мешавад.
БМТ наметавонад хисобот бурда??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)