Бахшҳо

Суҳбати Раҳмон бо ас-Сода дар бораи бузургтарин масҷиди Душанбею шаҳраки Диёр

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода, вазири нерӯ ва саноати Қатар бунёди Бузургтарин масҷид бо сармояи ин кишвар дар шаҳри Душанберо “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳо арабӣ” хондааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, субҳи 10 июн Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро, ки дар Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин вохурӣ масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ “Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон” ва лоиҳаҳои шаҳраки Диёри Душанбе ва Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, онҳоро “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ” номидааст.

Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода низ дар навбати худ дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид кардааст. Инчунин дар идома суҳбатҳо атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифта, бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба зарурати имзои чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата таъкид гардидааст.
Мӯҳр
Точикистон бо хамаи давлатхои дунё робитаи нек дорад ва онхо низ Точикистонро хуб пазируфтаанд. Аммо, маълумотхои бардуругу тухматхое, ки нисбати Точикистон душманони дохиливу хоричии миллати мо пахн мекунанд, рохбарияти давлатхои хоричи онхоро хонда муносибати худро бо точикон каме дур мекунанд. Бинобар ин аз душманони миллат хохиш мекунем, ки ба чунин корхо даст назананд, чунки сабабгори акибмонии давлати точикон худи онхоанд ва боз давлатро танкид мекунанд.

Оё ин масчид сохта мешавад ёинки не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)