Бахшҳо
10 июн 2015 14:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Озодии деҳқонҳои чинӣ аз андоз: Кишт барои корхонаи Данғара...

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як ширкати чиниро, ки қаблан 15 ҳазор гектар заминҳои Хатлонро ба ихтиёр гирифт, аз андоз озод намуд.

Маҷлиси намояндагон имрӯз, 10-уми июн пешниҳоди ҳукуматро барои иловаи тағйирот ба қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2015 қабул карда, корхонаи Ҷунтай-Хатлонро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд. Ин ширкат тибқи як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон 15 ҳазор гектар замини вилояти Хатлонро ба муҳлати 49 сол дар ихтиёр дорад ва акнун тибқи қарори қабулкардаи парлумон зимни воридоти таҷҳизот ва дигар лавозимоти кишт аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.

Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2015 изҳор дошт, заминҳое, ки ба корхонаи чинӣ дода шудаанд, аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва мақсад аз қабули ин лоиҳа, рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ӯ таъкид намуд, чиниҳо дар ин заминҳо асосан пахта кишт мекунанд ва маҳсулоташон дар корхонаи нассоҷии Данғара коркард хоҳад шуд.

Тавре зимни ҷаласаи парлумон зикр гардид, аз 15 ҳазор гектар замини ширкати Ҷунтай-Хатлон 9 ҳазор гектараш дар ноҳияи Қумсангир ва боқимонда дар 3 навоҳии дигари Хатлон ҷойгир мебошанд.
Мӯҳр
Ё Аллох ин чи хукуматдориву чи бадбахти аст мо дар точикистон зиндаги дорем ё дар хитоистон чаро дехкони точик аз андоз озод намешавад? Ба ин хукумат ки хак додаастки ба муддати 49 сол замини миллатро ба ичора дихад?

карим
Ин хукумат Боз 49 соли дигар хукумрони карданист?, тавба.....

Бисёр фикри хуб ин ба Фоидаи Халки мо мебошад. Чойхои кори таъмин мешавад
Хеч боке надорад. Ичора додан

Мухсин бародар гап дар ичора нест! гап сари он меравад, ки ин Хитоио охиста охиста дар точикистон реша медавонанд. Ман метарсам,ки баъд аз 49 сол ин заминро моликияти худ мекунанд.Имруз додем фардохам медихем. Ту мегуи,ки хечгап не чои кор мешавад. Агар бо чунин имтиё инкадар заминро ба як сохибкори ватани медоданд аз хитоихора хубтар кор мекард.

Хамин заминхо асрхои аср бекор буданд. Чаро ягон кас аз мардуми Точикистон онхоро обод накард. Ба чойи ба Россия рафта сарсону саргардон шудан намешуд чавонони мо ба ин замнхо кор кунанд. Мо худамон танбалем. Ана акнун ба Хитойихо заминро доданд, овозамон баланд.

Шарм доред
Дехкони точик мехнату азоби зиёд кашида мардумро то имруз таъмин намуд аз андоз озод неву чиние, ки нав омад нури дида, беандоз заминро истифода бурда фоидаи клонро гирифта ба чин мебарад - - Шармандагист. ин маънои онро дорад ки заминро фурухтаанд. Шарм медоранд гуянд, ки фурухтем, лекин аз гуфтахошон маълум аст, ки фурухтаанд. чунки дар холате. ки чини аз замин андоз насупорад, бочи гумруки надихад-магар он замини худаш нест?

Сохибкор
чолибии кор ин аст ки намояндагони кумитаи андоз ба сохибкорони дохили хучум карда чаримахои сангин мекунанд то "БУЧАИ"шонро пур кунанд.

усмон
субхонаАЛЛОХ ИН ЧИ давлат дорист дехкони точик мурда мурда дар ватани худаш кор мекунад андоз месупораду инхо омада дар ватани мо аз андоз озод мешаванд ин ватани мост е аз хитохие ман шохидам зиеда аз сад дехкони точкро дар хамин вилояти хатлон ки заминро мегиранд каме ободи мекунанд дехкони бечора яке мебини чор ишкам дам папкахо дардаст меоянд ин замин 5 сола карзидорай 1 гектараш 1000 сомони карзидор аст мегуяд дехкони бечора о ин замина ман нав гирифтам чи хел карзидор мегуян хохи хамин нахохи гир чилу пустакта рав е махсулоти коштагита заминро худи хозир холи кун аммо ин чашм тангоро аз андоз озод мекунанд ин чи гап аст ин замин танхо замини хамон шахсоне дар парламент мешинанд аз он хо нест ку аз халк аст харчи хоханд мекунанд ин хуби надорад

Кулябец
Ватан -модар ба хар шахрванд баробаранд! Чунки яке моро ба дунё меоварад ва дар замини дигаре бози карда ба воя мерасем ва хам Модар,хам Ватан моро баробар менавозанд!!
Фурухтан ё ичора додани замини Ватан чиноят аст!!

Бародар
Охир шумо коратон факат гайбат масчидрави дигар аз дастатон коре намеояд факат бо иштихо оши худоихури ба шумо хучаин даркор ин хам кори худо хитои пагох мебинед чи таърифи мешавад мехнат кунед кор ёд гиред замини тайёрро коркард намекунед демократияро дигар хел фахмидаед чи гапе ба дахонатон ояд гуфтан мегиред зурии шумо хамин хаст пасмондатарин рафтору гуфтор илтимос хафа нашавед ман халкамонро пешрафта дидан мехохам

одоб
Чаро дуруг мегуянд. Заминхо бекор набуданд. Масалан аз мо 20 га заминхои хочагии дехкониро гирифтанд. Напурсиданд хаттоточир,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)