Бахшҳо

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба Чехия кӯч бастааст?

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, (Ҳукумов) раиси пешини Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои зиндагӣ ба Аврупо рафтааст. Дар ин бора “Тоҷнюс” бо такя ба як манбаи худ хабар дода, афзудааст, ҷаноби Ҳукуматулло ҳамроҳ бо завҷааш дар шаҳри Карлови Варии ҷумҳурии Чехия зиндагӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, дақиқ нест, ки Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ барои ҳамеша дар Аврупо маскун мешавад ё дубора ба Ватан бармегарданд: “Аммо тибқи бархе манобеъ, ҳамсари ӯ шаҳрванди Олмон буда, агар иқомати доимӣ ҳам ихтиёр кунад, дар ҳамон кишвар хоҳад кард, на Чех”.

Қаблан, низ дар мавриди ба Аврупо кӯч бастани хонаводаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ хабарҳо расида буданд. Аммо он вақт гуфта мешуд, ӯ ба Олмон рафтааст.

Номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар пайи чанд қазияи марбут ба писаронаш – Рустам ва Расул расонаӣ шуд. Рустам ду маротиба чеҳраи хабарсоз шуд; аввалан дар пайи қазияи халабонҳои рус ва баъдан барои итоат накардан ба амри нозири роҳ дар шимоли Тоҷикистон. Исми Расул бошад, баъди як садамаи маргбор дар маркази Душанбе моли расонаҳо шуд.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ моҳи феврали соли 2014 аз симмати раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барканор гардид. Ахиран, номи ӯ дар робита ба нафақаҳои "осмонӣ" гирди забонҳо шуд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон 11 феврали соли равон зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ дар парлумон гуфт, собиқ раиси "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, замони раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон буданаш дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст”.
Мӯҳр
Али
Ин шахсро тамоми Тоҷикистон мешиносад хайр рафт паноҳаш ба худо.

Сафарбой
Чамъ кардагихоро аку дар Аврупо мехурад..

Як руз не як руз хамат дар назди халк чавоб мегуи!!! Худо хохад.

Хуб кард
Рафт рафт! - хас каму чахон пок.

Маълум гардидос, ки МАНСАБДОРОН "фикри ояндаи худро" мекунанду дар гами пешравии ВАТАН набудаанд . Имрузхо АМОНУЛЛОХО ба Олмону Чех бо пули аз хисоби ХАЛК чамъкада барои икомати доими мераванду ПОЛКОВНИКХО барои пул ба СУРИЯ рафтан мегиранд !!!!! Вой бар холи мардуми бечораи ТОЧИК !!!!!?????

Холдон
Мутобики ахбори Очонсии зидди коррупсия хачми нафакаи чаноби Хукумов баробари 18 150 (хаждах хазору як саду панчох) сомони буд ку?

Ватандуст
Гурехтан сар шид.

карам
хамон хукбачахоша мебурд бо хубтар мешудда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)