Бахшҳо
11 июн 2015 11:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Машварати бонкдорҳои тоҷик: Нуқтаҳои мубодила ва интиқоли асъор як шаванд...(АКС)

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон бо бонкдорҳои кишвар дар бораи баҳисобгирии амалиёти асъорӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машварати корӣ баргузор намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ Нурмаҳмадзода дар ҳузури роҳбарони низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ диққати асосиро ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби низоми бонкӣ – таъмини назорат ва санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқеии амалиёти асъорию интиқоли маблағҳо ҷалб намуд. Ӯ изҳор доштааст, ки дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар ин самт чорабиниҳои дахлдор андешида шуда истодаанд.

Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, зимни машваратҳо масъалаи муттаҳид намудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор ва интиқоли маблағҳо танҳо тавассути ташкилотҳои қарзӣ(филиал ва марказҳои хизматрасонии онҳо), пайваст кардани низоми амалиётии ташкилотҳои қарзӣ ба низоми дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бозори байнибонкии асъор, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон фикру андешаҳо иброз гардиданд.

Ба иттилои манбаъ роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дар навбати худ пешниҳоди Бонки миллиро дар ин самт дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дар рӯзҳои наздик хулоса ва пешниҳодоти худро манзур медоранд.


Машварати бонкдорҳои тоҷик: Нуқтаҳои мубодила ва интиқоли асъор як шаванд...(АКС)

Машварати бонкдорҳои тоҷик: Нуқтаҳои мубодила ва интиқоли асъор як шаванд...(АКС)
Мӯҳр
Амин
Доллар бисёраю нуктахои мубодилаи асъор "кор" кардестиян. Пеши рохша хатман гирен масъулин, ки и чаллобо ба мардуми худшон рахм надоран!!!

58
Агар хамаи асъори воридшударо самаранок истифода барем ба хама мерасад факат механизмаша фикр кардан лозим аст ки ин вазифаи сентробонк мебошад такчто фикр кунен чанобон.

Яъкуб .Душанбешахр.
Агар худи мансабдорони болои маблаги худи сомони чамъ мекарданду долларро ба бозор медароварданд камбудии доллар дар бозорхо намешуду, суръати доллар боло намерафт. Ба касе пушида нест, ки имруз сарватманд дар Точикистон танхо мансабдоронанд. Чун сармоя чамъ мекунанду ба Чехияву Олмон куч мебанданд. Акалан маблагхои худро дар Бонкхои Точикистон намегузорад, зеро хама бо рохи гайриконуни ба даст овардаанду метарсанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)