Бахшҳо
12 июн 2015 15:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Оқохон барои коҳиши низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон канал месозад

Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаҳои тозаи худ хабар медиҳад. Ба иттилои масъулини ин Бунёд ҳоло бо дастгирии Департаменти Бритониёи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) дар Тоҷикистон ду лоиҳа, яке дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигаре дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, роҳандозӣ мешаванд.

Дар доираи ин лоиҳаҳо дар шаҳри Хоруғ барои Маркази экофарҳангии Помир (РЕСТА) бунёди бинои нав дар назар гирифта шудааст, ки масоҳаташ 714 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.

Дар иттилоияе, ки ин Бунёд пахш кардааст, гуфта мешавад, ки “маркази мазкур ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ намудҳои гуногуни хизматрасониро пешниҳод намуда, барои инкишофи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои судманд мебошад, мусоидат менамояд ва барои мардуми маҳаллӣ ҷойҳои нави корро эҷод мекунад”. Гуфта мешавад, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба фаъолияти муштарак баҳри равнақи сайёҳии миллӣ ва байналмилалӣ ба ин пружа ҷалб мегардад.

Дар чоҳорчӯби лоиҳаи дигар дар шаҳри Исфара, Бунёди Оқохон канали Чилгозиро ба дарозии 22 километр таъмир менамояд, ки аз он барои обёрии манотиқи ҳамсарҳад низ истифода мешавад.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур коҳиши низоъ дар минтақаҳои сарҳадиии Тоҷикистон ва Қирғизистон унвон шуда, барои самаранок истифода бурдани захираҳои об ва чарогоҳҳо равона гардидааст. Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки “пас аз анҷоми лоиҳаи мазкур 4,000 гектар замин дар шаҳри Исфара ва 400 гектар заминҳои ноҳияи ҳаммарзи Қирғизистон бо об таъмин мегардад.

Ҳамчунин ба иттилои Бунёди Оқохон дар доираи лоиҳаи Маркази экофарҳангии шаҳри Хоруғ, сохтмони толори чандманзура дар назди бозори байнисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар назар аст, ки аз он ба сифати макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ барои ҷавонони шаҳри Хоруғ, ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ва вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон истифода мешавад.

Дар марказ, инчунин баргузории давраҳои омӯзишӣ, конфронсҳо ва чорабиниҳои дигар имконпазир мебошад. Ҳадафи лоиҳа ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ бо кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон аст.
Мӯҳр
Дар оянда боз муносибат байни Киргизистону Точикистон хуб хохад шуд. Ин аз кушишхои мардуми точик шохиди медихад

руфкат
Кош бо ин бахона ба Конибодоми биёбонмонанд хам об меомад.
Эй об кучои бехтар зи тиллой,
Сар дар кадамат монам гар хона биёй...

Гариб
агар дарахт аз реша чарохат дошта бошад, давои реша кард на шоху барг. Барои Ворух ва Ок,сой хамфикр бояд кард. Агарчи шодоб кардани мардуми Чилгази низ холи аз фикри хирадмандона нест

акбар
ин ОГОХОН имоми исмоилиён дар хама чо кори савоб мекунад,ибрат гиред муллохои точикистон,шумо факат дар бораи ришу сатр бахс мекунеду халос,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)