Бахшҳо
12 июн 2015 18:14Тоҷикистон / Сиёсат

Қазияи Фирдавс: Аз 1000 сомонию ваъдаи раис то зарбаи марговар ба гулӯ

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд барои ибрози ҳамдардӣ ба назди волидони Фирдавс Раҳматов, наваскари Вазорати дифои Тоҷикистон рафтааст, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, раиси шаҳри Хуҷанд дар раъси як ҳайат рӯзи 9 июни соли равон ба хонаи онҳо омада, кӯмаки молӣ низ кардааст. Ба гуфтаи модари Фирдавс, шаҳрдори Хуҷанд ваъда додааст, қазияи писари онҳо таҳти назорати шахсии ӯ қарор дошта, омилони куштор ҳатман муайян ва ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд: “Бисёр афсус хурданд, ки онҳо ҳамеша ба навскарон диққати ҷиддӣ медиҳанду ин ҳодиса чӣ тавр рух додааст?!”

Хонум Раҳматова афзуд, шаҳрдории Хуҷанд ба хонаводаи онҳо ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ва миқдоре равғану орд низ кӯмак кардааст.

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, ки Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа натоиҷи аввалияи тафтишотро эълон карда, гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.

Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”.

Масъулини Додситонии ҳарбии вилояти Суғд мегӯянд, ҳоло алайҳи сержантҳо - Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов бар асоси моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва Айём Назаров, сарбози қаторӣ тибқи моддаи банди 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
99
Парвардаи "ҶИНГОИ"!?

Аз чунин кирдорхои ношоиста маълум мегардад, ки таълиму тарбия даркисматхои харби суст мебошад. Ин шаходат аз бепарвоии кормандони сохаи харби медихад. Афсус чунин чохилон не ояндаи худро фикр мекунанд ва не ба чони наваскарон рахм мекунанд. Ин гурух одамон аз чанговарони лаъини Сурияю Ирок, ки Исломро сиёх мекунанд хеч фарке надоранд. Додситони харби якумра онхоро хабс кунад , бахри дигарон панд мешавад.

хакикат
Аз командони харби то аскари каторие ки ин дахшатро ба "анчом" расониданд аз судяхои дуняви "заруриятона" хохиш карда мешавад ки ба ин нобакорхои лаъин хукми вазнин дода шавад,ки ба дигар харбиёни "Точикистон" дарси ибрат шавад. Агар не Аллох хукми худро медонад... ки баъд сад афсус хам харбиён ва хам ба судяхои дуняви. Парвардигоро ба ахли оилаи ин чавонмарг С А Б Р -ро арзанда бикун

Худованд рахмату магфиратуш кунад. Ин хел бе рахми дар ягон гушаи дунё нест,бемасулиятхо ай и кортона хар сол 4.5 салата мекшен мард боши т бра ку бачай аму раиси ш.Хучанда облава кн ё джияншаномардо

Рафтани раиси шахр ба хонаи мархум кобили тахсин аст, аммо кумакпулии у тамассухуромез аст, хамаги 1000 сомон бар ивази чон, охир ба ин пул раиси як бор тарабхона меравад, яъне арзши чони одам барои раисхо танхо, баробари як тановули хурок аст, афсус.......

Комил
Масъулонеро, ки сабаби марги сарбозро махфӣ нигоҳ дошта, маълумоти дурӯғ пешниҳод кардаанд, низ бояд ҳатман барои иттилооти дурӯғ расониданашон ба маҳкама кашанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)