Бахшҳо

Вокунишҳо ба тоҷикӣ кардани номҳои русию туркӣ дар Тоҷикистон

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар пешниҳоди вакилони ноҳиявию вилоятиро барои тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кард.

Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон номи деҳаи “Ленинград”-и ҷамоати “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба “Зархез” ва номи деҳаи "50-солагии Комсомол” ба “Чорбоғ” иваз мешавад. Дар ҷамоти деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш номи деҳаи “Перепадная” ба “Шаршара” ва номи деҳаи "Сафедов" ба "Сафедоб" иваз хоҳад шуд. Деҳаи “1-Май” номи “Нуробод” ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати Вахш деҳаи “Қараланг” ба “Деҳқонобод”, “Қизилтумшук” ба “Файзбахш” деҳаи “Янгиобод” ба “Истиқлол” ва “Яккадин” ба “Гулбоғ” иваз мешаванд.

Бо қарори ҳукумат дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш деҳоти “Қушқудук” ба “Иттифоқ”, “Томчи” ба “Лолазор”, “Куйканак” ба “Меҳробод”, “Қазоқон” ба “Пистазор”, “Дунгизадир” ба “Баракат”, “Қучқорбулоқ” ба “Офтобрӯя”, “Учбулоқ” ба “Сечашма”, “Қарабодом” ба “Гулибодом”, “Тераклитоғ” ба “Орзу” ва номи деҳаи "Тошробод” ба “Дустӣ” иваз мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзобро низ дастгирӣ кардааст. Аз ҷумла дар ҷамоати Чорбоғ номи деҳаи Муғулои поён ба “Меҳробод”, “Чағатай” ба “Шодоб”, “Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён”, “Тойқара” ба “Гулбоғ” иваз мегардад.

Зери ин хабар дар торнамои “Озодагон” дар андак фурсат нафарони зиёде шарҳ навиштанд, ки мазмуни ягона надоранд, аммо бештари корбарон аз ин иқдом истиқбол кардаанд. “Сайд” навишта, ки “бисёр кори олие кардаанд”. Асрор низ гуфта беҳтарин пешниҳод ва илова карда: “Номҳои шаҳру, вилояту, ноҳия ва деҳаҳо бояд мисли насабҳо тоҷикӣ шаванд. Аз ҷумла "Қаратоғ", "Қизил-Қалъа", "Қизилсу"-ву дигару дигараш бояд номи точикиро бигиранд”.

Корбаре, ки ҷои номаш “Ҳақиқат талх аст” навишта, “Беҳтарин! Мо тарафдори ин амал. Ин Тоҷикистон аст, на Узбекистону Русия. Хуб мешавад, ки номи ҳамаи мавзеъҳо, ки ба забони ғайри давлатианд, иваз карда шаванд. То ба сатру риш дахолат кардан, ин масъалаҳоро ҳал кунед, хубтар мешавад”.

Аммо онҳое ҳам ки муқобили иваз кардани номи маҳаллаҳоянд, кам нестанд ва “Куябец” яке аз онҳост: “Дар Самарқанд, ки макони тоҷикон ҳаст, ҳама дар шиноснома узбек шудаанд, лекин номи маҳалҳоро иваз накардаанд. Аз ин номивазкунӣ ҳеч фоидае нест. Дар бисёр деҳаҳо туркзабонҳо зиндагӣ мекунанд, бигузор номи деҳаашон, ки ба таърихи пайдоишаш вобастагӣ дорад, истад”.

Бархе хонандаҳо ин пешниҳодҳоро ба боди тамасхур кашидаанд. Масалан, “Толиб”, ки мегӯяд: “Ҳамин номивазкунии деҳаҳо иқтисодиёти Тоҷикистонро аз буҳрон набарорад, дигар ягон чиз фоида накард”.

Ин баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам “гарм” аст. Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари ҷавони тоҷик дар саҳифаи “Забони форсии тоҷикӣ” дар Фейсбук дар робита ба иваз кардани номҳо навишта, ҷойномҳои “Нуробод”, “Деҳқонобод” ва “Меҳробод” хубанд, вале азбас бисёр шудаанд, маъниву мисдоқашонро гум мекунанд: “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Иттифоқ” низ ки аслан ҷойном нестанд, чунон бисёр шудаанд, ки бемаънитару беҳудатар шудаанд. “Қушқудук”-ро мешуд “Чашмасор” кард. Қазоқон агар дар воқеъ қазоқнишин аст, набояд номгардон мешуд. Он қазоқҳо низ шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва ҳаққ доранд зистбумашон ба номашон бошад. “Қучқорбулоқ”-ро ба ҷои “Офтобрӯя” муносибтар буд “Мешчашма” биноманд, то пайванде бо ҷойгоҳи табиъӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёии маҳал медошт, чунон ки “Учбулоқ”-ро “Сечашма” гардондаанд. Вале “Орзу” ва “Дустӣ”-ро аслан набояд бар ободиҳо гузошт. Инҳо ҳаргиз ҷойном набуда ва корбурдашон рӯбардор аз номгузории русӣ-комунистӣ аст”.

Умед Ҷайҳонӣ инчунин барои дарёфти роҳи дурусти номгузориву номгардониҳо чунин чораҳоро пешниҳод кардааст:

1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;
3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.
5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.
6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Бахтиёр Латифӣ низ ба ин баҳс ҳамроҳ шудаву гуфтааст, “ин замон мисли замони шуравӣ шудан дорад. Бисёри ҷойномҳо аз Ленину коммунизму ... ва ғ.ҳ. иборат буд. Ҳозир аз Сомонию Рӯдакию Ҳофизу... То колхозу совхозу кинотеатр бо ин номҳо номгузорӣ шудаанд. Гуё дигар номҳо ба қаҳтӣ зада бошад”.

НАЗАРИ ШУМО ДАР ИН МАВРИД ЧӢ АСТ?
Мӯҳр
Бо дуруду офарин бар дастандаркорони хабаргузории "Озодагон" сипосгузорам аз ин ки дидгоҳамро дар вокуниш ба ин номгардониҳо мунташир кардаед. Кош ин нукотро ҳам бар он меафзудед то шояд нақду баррасӣ шавад ва мо низ роҳи дурусти номгузориву номгардониро пайдо кунем:
1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;
3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.
5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.
6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Аз бе кори каду кори , инхо дигар кори дигар надоранд ба чои хамин намешавад дар бораи иктисодиёт фикр кард ё чизи дигар ё шумо раисон барои худ сафед куни инхоро пешниход мекунед

Душанбеги
Табиист, ки икдоми мазкур факат лоики дастгири мебошад. Намедонам, то чи андоза хакикат аст е дуруг, шунида будам, ки дар Самарканду Бухоро хангоми таъмири иморатхои меъмории таърихи (Шохи зинда, Бибихонум, Арк ва г.) навиштачотхои мазмунашон точики-форсии бо хуруфоти араби сабт шуда ба калимахои узбаки-турки иваз шудаанд.

Идома дихед
Офарин ба онхое, ки ин икдомро рохандози намуданд. Мебинам вактхои охир хисси миллии хукуматдорони мо боло гирифтааст. Ин икдом кобили дастгирист. Ва ба фикри банда Дангараву Кангурт, Чиргатолу Чиликул, Ховалинг ва гайра номхои точики нестанд. Инхоро низ точики мекардед, гуфти бачахои асри 21 тенчак мешуд.

Шахсан ман ба ин пешниходоти призидент розй нестам, барои он ки, ин акида як хислати миллатгарои хам дорад гуем хато намекунем. Ин дар асри хх1 демократй нест, ки як махаларо бе розигии хамон халк иваз кунем.
Дар СЧТ дар боби якум
Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

АБДУЛЛО
АКУ 2005-2015 10 СОЛ ОБ БАРОИ ХАЁТ БА ПОЁН РАСИД
АКУ 2015-2025 10 СОЛИ НОМИ ЗЕБО МОНЕН МЕШАВА БА ХАМИН БАХОНАРАМ ХУШИ МАРДУМА ПАРЕШОН КАРДАН МЕКУНЕТОН СОЗАЙ
ЧУН ШУМО 10 СОЛ БАРОИ ТАЪМИНИ ЧОЙХОИ КОРИ ХОЛИ БАРОИ ХАМВАТАНОН НАМЕТОНЕН КАРДА ДИГА ЧИ КУНЕН ОХИ
ИДИ ХАРБУЗА
ИДИ ТАРБУЗ
ИДИ КАДУ
ИДИ БОДИРИНГ
ИДИ ПОМИДОР
ИДИ АСАЛ
ИЛИ АНГУР
ИДИ МАВИЗ
ИДИ БАКЛАЧОН
ИДИ БОЙМИЧОН
ИДИ КАЛАНФУР
ИДИ БАЛГАРИ
ИДИ ЗЕЛИН
ИДИ ЗАРДОЛУ
ИДИ ОЛУЧА
ИДИ ГЕЛОС
ИДИ ШАФТОЛУ
ИДИ ХАНДАЛА
Э КАРОЧИ ИДИ ИДИХО
АМИКА КОРРА ШУМО ХУБ МЕДОНЕН ВА ХУБ МЕТОНЕН ВА ГАЙРА ВА САЛОМ

Фируз
Чи лозим ин хама, чи хеле буд бигузор хамон хел бимонад!!! Ман зид хастам ба ивазсозии номхо, карчибулок буд, хамон булоку мулок истад!!! Аз иваз кардани ном мардуми ончо дигар нахоханд шуд!!!

Вокеан хам номи "Қаратоғ" галат аст. Аслан он "Қарияи тоқ", яъне дехае ки дар пахлуяш дигар дехахо наздик нестанд ва дар хамон чо ягона буд, мебошад ва бояд ин ислох шавад. Ин ба мисли он аст, ки "Қарияи боло"-ро Қараболо ва махаллаи "Қарияи Мири шикор"-ро дар Душанбе Қарамишкор мегуянд.

К. Аюбӣ
Умедж Ҷайҳонӣ комилан дуруст тадаббур кардааст. Пешниҳод мекунам, ки ӯро ба ҷои як қаттор каллахаробони муфтхӯр барои номгузории маҳалҳо роҳбар монанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)