Бахшҳо

“Экспедитсия”-и Раҳмонов: “Карон”-қадимист! Масов норозист!

Як гуруҳи олимон таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон муайян кардааст, ки шаҳри баҳсбарангези “Карон” дар ноҳияи Дарвоз воқеан ҳам қадимист. Натиҷаҳои сафари ин ҳайат, ки олимон аз Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд, бостоншиносон ва мардумшиносони Академияи улумро дар бар мегирифтааст, имрӯз, 15-уми июн дар Академияи улум муаррифӣ шуданд.

Набиҷон Раҳимов
, доктори илми таърих, ки дар ҳайати ин гуруҳ аз 12 то 14-уми июн дар мавзеи “Карон” будааст, имрӯз, 15-уми июн дар Академияи улум гуфт, “аз нуқтаи назари топографӣ “Карон” мавқеи хуби стратегиро ишғол менамояд. Бозмондаи ин шаҳр дар чорроҳаи корвонгузар воқеъ аст. Дар қисмҳои гуногуни Карон боқимондаҳои куҳандизу шаҳристон муайян шудаанд. Акнун шубҳае нест, ки Карон боқимондаи шаҳри Карон аст”.

Ин бостоншинос муътақид аст, ки боқимондаҳои қасрӣ, биноҳои истиқоматию хоҷагӣ, ёдгориҳои меъморӣ мисли бурҷи бузурги оташ, варзишгоҳ, маркази ибодату қурбонӣ, ҳар гуна масолеҳи сафолӣ, ки то имрӯз ошкор карда шудаанд, далели гуфтаҳояшанд.

Набиҷон Раҳимов, шаҳри Каронро “ҳамчун яке аз марказҳои бузурги маданияти Бохтари бостон ва Тахористони асримиёнагӣ” унвон кард.

Аммо, Раҳим Масов, ки ду моҳи қабл аз мақоми директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум барканор шуд, ба хулосаҳои ин гуруҳ, таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонов шубҳа дорад. Масов дар пайи муаррифии натиҷаҳои пажуҳиши ин гуруҳ изҳор дошт, ки “роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро соли 1940 сохтанд. Пештар онҷо роҳи пиёдагард ҳам намешудагӣ буд. Як чизро овринг мегӯянд. Овринг як чизест, ки болои дарё аз чӯб месохтанд. Чӯбҳо пӯсида аспу хар аз онҷо ба дарё меғалтиданд. Яъне, гузаштани корвон амри маҳол буд. Корвонҳо аз Бадахшон, Ҳиндустон, Покистон бо роҳи Мурғоб мегузаштанд. Ин роҳ набуд”.

Афзун бар ин Раҳим Масов масъалаи таъминоти шаҳрро дар миён гузошт: “Ман он вақт аз Яъқубов савол кардам, ки таъминоти шаҳр аз куҷо меомад? Зимистон дар куҳистон то 20-30 дараҷа хунук мешавад. Сӯзишворӣ аз куҷо таъмин мешуд? Ҷангал ҳаст-мӣ? Ҳезум аст-мӣ?. Масъалаи дигар ин аст, ки аксарияти шаҳрҳоро дар лаби дарё, наздики дарё месохтанд. Ҳар ҷо шаҳр намесозанд. Шаҳрҳои Русияро бинед, ҳамааш дар лаби дарё ҷойгир шудаанд, то ин ки рафтуомад бошад”.

Масов аз шеваи ташкили ин “экспедитсия” низ интиқод карда, таъкид намуд, ки дар экспидитсияи кофтукобӣ бояд археолог, антрополог, архитектор ва фотограф бошанд: “Дар мо “чёрная копатия” аст. Тилло ва ёдгориҳоро мекобанд. Ҳамин монанди “чёрная копатия” буд. Баъд ҳамин объекти Яъқубовро, кӣ маблағгузорӣ кард? Ки пул дод? Институт ин корро накард. Вазорати фарҳанг ҳамин хел. Аз куҷо ҳамин маблағро ёфтанд, ки онҷо 2-3 моҳ кор карданд. Ҳамин чизҳоро муайян кардан даркор”.

Дар пайи ин баҳсҳо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки маълумоти ироакардаи ин экспедитсия натиҷаи пажуҳишҳои аввалия мебошад ва дар назар аст, ки тайи 2-3 моҳи оянда баъди омӯзишҳои иловагӣ ба ин баҳсҳо бо баргузории як конфронс дар сатҳи коршиносони миллӣ хотима бахшида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳи бостоншиносон бо шумули профессор Юсуфшоҳ Яъқубов аз пайдоиши шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвоз хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо таърихи наздик ба чорҳазорсола дорад. Карон дар масоҳати 32 гектар, то асри 15 макони зисти шоҳони Дарвоз будааст.

Аммо Ғолиб Ғоибов, муаррихи тоҷик низ соли 2013 дар матлабе, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” чоп карда буд, гуфт, “таҳқиқот ва сарчашмаҳо бешубҳа ба он далолат мекунанд, ки шаҳре, ки дар Дарвоз бостоншиносон пайдо кардаанд, на Карон, балки шаҳри Кумед ва маркази вилояти таърихии Кумед мебошад”.

Ин ҳама баҳсҳо дар ҳолеянд, ки моҳи октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Бадахшон аз маҳалли Карон низ боздид анҷом дода буд ва гуфта мешавад, ки дар сафари қарибулвуқуяш низ аз ин шаҳр боздид кунад.
Мӯҳр
Чи ахамият дорад, 4 хозору панч хазор. Монед барои туризм як манбаи даромад шавад. Бе ин хам дар бюджет ягон тангаи зардак намондааст...!

100:
Биеед Масьулини Хукумат ЧТ сатхи хамин захматхо ва Сиесати пешрафти Рохбари Давлатро коста нагардонем! Аз нигохи тахлилгарон хамин Абдучаборовро мебояд умуман дар таргиб ва тавзехи Сиесати кишвар истифода накунем, то ки нофахмихо зиед нашавад. Аз нигохи банда шахси босавод, локин бигузор Просеси таьлимиро пеш барад ин бехтар аст.

кулоби
аз дарди махалчиги кай халос мешида бошем шамакома меганки ин мусики точик нест фалакишам кабул надоран 2700 кулобро базе *олимхо* мега нодурустай рахим масови ванчи усуфшои дарвози* хамватанони азиз рафта шахри карона тамошо куне бад мефахмен* шахри карон * шахри тарихи хаст

Тарих
Устод Рахим Масов шумо тарихро хуб медоне, аммо Шумо бостоншинос Нестен, барои ин шумо намехохен Кабул намоен хулосаи бостоншиносона.
Тарих, сол ва пайдоиши хар як чизи тарихиро бостоншиносон муайян мекунанд ва дар асоси хулосаи онхо шумо китоби тарихро менависен, барои амин Шумо бояд кабул намоен

Карон таърихи 4 хазорсола дорад ва шахри бостонист. Факат кур ва хасуду таърихнахондааву бесавод метавонад гап занад ки шахр набуд. Мастов мегяд шахрро дар лаби дарё месозанд. Хамин Карон хам дар лаби оби Панч аст. Позор! Наход таърихчи бар зиди таърих бошад.Ба спонсораш чи кор доред. Офарин бар спонсораш. Мегуянд аз ин хам базебтараш мекунад. Рахмат ба се Рахмони мо, ки ин шахрро диданд ва хушхол шудан; Эмомали Рахмон, Асадулло Рахмон, Абдучабор Рахмон. Факат як рахим недоволен.

1
Инҷо баҳси Дарвозиҳову Ванҷиҳо ҳаст дигар ҳеч. Қалъа ҳаст ё нест, дер ё зуд исбот мешавад. Аммо барои туризм ин кор даркор аст. Монед шавад! То кай нотавонбинӣ!

Cалом ба хама.
Устод Шумо як бор бояд аз ончо дидан кунед. Дар хона нишаста гаппартои кардан кори олим нест ва бояд хар кас барои суханаш бояд чавоб гуяд.Далелхои овардаи Шумо хатто ба ман ки аз таъриху бостоншиноси дурам каноатбахш нестанд. Вагарна ба чуз хасуди ва бахили бахои дигар нест.
Инчунин охир таърихи шахрсозии Руссия ва Шарк фарк дошт. Оё дар давраи мавчудияти Карон шахрхои Руссия буданд. Дар интихоби шахр мавкеи географии махал вобаста аз хатархо сохта мешуданд.
Баъди ин бахс дар манро хохиши тамошо кардани ин Шахр чизе ном надошта бошад пайдо шуд чунки Ватанчонам-Точикистон аст

Ҳолдон
Раҳмонов академик шудааст?! Э, вой...бечора илм!!!
Илтимос, ҷаноби Раҳмонов дида бароед, ки карониҳо ба мактаб бо сатр меомаданд ё бе сатр? Ҳа, бале, гуфтагӣ барин, фаҳмида монед, ки иди кадуву харбуза ҳам доштаанд ё не? lol


Дарвози
Некон нек мебинанд бадон бад

Якбор рафта шахр ва бозёфтхоро бо чашми сар бинед бад гап занед бевахо барин аз дури гап назанед

Инсони одди рафта дида боварраш меояд ки ично дар хакикат шахри кадима будаст


Каёни
Акаи Рахим, бахили накунед, аз бучаи давлат сарфе нашудааст. Онро шермардони Калай хумб ва Ванч - умуман точикистонихо, сармоягузори кардаанд

Зиёда аз як милион точик дап Руссия дар ба дар , холати ичтимоии, иктисодии кишвар дар сифр, ин олимони мо бахсе атрофи Карон.
Олимону Академикон шумо танхо хаминро донед ки мо насли чаввони мазлумшуда парешону дар бадар хеч гох шуморо нахохем бахшид.

edip
Вай шахр не як кальача wassat

Мавзеъи таърихии шахри Карон, ба кавли муарихон дорои бойигарихои зиёди тиллоиву нукрагин ва ёдгорихои гаронбахо мебошад ва аз хамин сабаб ин шахрро мухарихон дар чандин давлатхои дигар, низ мечуянд! Маълум шудааст, ки ин шахр дар Дарвози Точикистон будааст, пас чиро интизорем бояд ХЧТ маблаггузории тадкикоташро дучанд кунад ва ин объекти таърихиро барои бехатариаш тахти назорати махсуси нигахбонии хамавакта карор диханд! Ин объект барои чалб намудани Туристхо бисёр мувофик мебошад! Гапи зиёд дар кор нест, тамом ин шахри кадими дар Точикистон ёфт шудааст, ин бозгуи таммадун ва таърихи бузурги миллати Точик мебошад. Олимхои Академияи илмхо дар кабинетхои хунук шиштанро кам кунеду дар бораи ин шахри кадими китобхо навишта ба миллати Точик таълук доштанашро ба чахониён нишон дода, эътирофи онхо кунонед ва ба созмони фархангии ЮНЕСКО пешниход намуда ба миллати Точик таълук доштанашро сабт намоед!!!

Мавзеъи таърихии шахри Карон, ба кавли муарихон дорои бойигарихои зиёди тиллоиву нукрагин ва ёдгорихои гаронбахо мебошад ва аз хамин сабаб ин шахрро мухарихон дар чандин давлатхои дигар, низ мечуянд! Маълум шудааст, ки ин шахр дар Дарвози Точикистон будааст, пас чиро интизорем бояд ХЧТ маблаггузории тадкикоташро дучанд кунад ва ин объекти таърихиро барои бехатариаш тахти назорати махсуси нигахбонии хамавакта карор диханд! Ин объект барои чалб намудани Туристхо бисёр мувофик мебошад! Гапи зиёд дар кор нест, тамом ин шахри кадими дар Точикистон ёфт шудааст, ин бозгуи таммадун ва таърихи бузурги миллати Точик мебошад. Олимхои Академияи илмхо дар кабинетхои хунук шиштанро кам кунеду дар бораи ин шахри кадими китобхо навишта ба миллати Точик таълук доштанашро ба чахониён нишон дода, эътирофи онхо кунонед ва ба созмони фархангии ЮНЕСКО пешниход намуда ба миллати Точик таълук доштанашро сабт намоед!!!

итари ҷоро дар Кулоб ШОЛА мегуянд, ҷое ки тобистон мрлу говро он ҷо мебаранд

Дар воқеъ, он ҷо қароргоҳе ҳаст, на қароргоҳи оддӣ, вале шаҳри Карон будани он исбот нашудааст. Ин қароргоҳ ба шаҳр монанд нест, зеро дар мавзеъи хеле тангу сари кӯҳ сохта шудааст. Бештар ба қароргоҳи тобистона ва ё қалъаи дифоии кадом ҳокими маҳаллӣ ва ё ҳокими аз ягон ҷойи дигар аз ҳуҷуми аҷнабиёни истилогар гурехта, барои худ паноҳгоҳи касногузар сохта монанд аст. Аз нигоҳи мавзеи ҷуғрофии интихобшуда хеле бисёр ба дидбонгоҳи сарҳадии ҳозира ва паноҳгоҳи кадом шоҳи гуреза монанд аст.
Аз ҳама аҷибаш ин мавзеъро "макони ШОҲОНИ ДАРВОЗ" номидан аст. Аҷабо, Дарвоз шоҳу шоҳигарӣ доштааст!? Шояд макони ҳокимони маҳаллии Дарвоз бошад!? Ё шояд Шералӣ Кабиров шоҳигарии Дарвоз сохтанӣ аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)