Бахшҳо

“Ҷумҳурият” Кабириро дар заминфурӯшӣ айбдор кард

“Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кардааст.

Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.

Муаллифи матлаб Муҳиддин Кабириро дар он айбдор кардааст, ки замони вакилияш то 250 рӯзи солро дар хориҷ мегузаронду аксари вақт дар хориҷ аз камбудиҳо шикоят мекардааст: “Дар Теҳрону Истанбулу Мисру Қатар аз "бедории исломӣ", таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба дастгириву ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он "озодию демократия"-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин "мазза"-ашро мечашад”.

Ба навиштаи “Ҷумҳурият” маҳз дар натиҷаи сиёсати ғаразомези Кабирӣ ҲНИТ аз ду курсии парлумон низ халос шуд: “Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб қисмате аз тақсимот ва ғайримақсаднок истифода шудани кумакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуданд. Зеро ба ақидаи онҳо, ин маблағҳо тавассути наздикони худи Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии раиси ҲНИТ истифода мешаванд”.

Нашрия дар ниҳоят инчунин ба дороии собиқ роҳбарони ҲНИТ дахл карда, афзудааст, “аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи ҳизб, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сирри «мубориза» - ҳои дирӯзаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд. Ин ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар”.
Мӯҳр
Шукргузор
Сар шуд. Кабири акнун аз сад ҷонат як ҷонат раҳо намеёбад

Шумо дигар кор надоред факат неш ба дини Ислом ба масжид мезанед?

Дар Точикистон заминфурушию замндихи анана шудааст. Аз нашрияи Чумхурият мехоъхем,ки заминхое, ки 49 сол ба хитоихо бе андозу бочи гумруки додаанд, ба ин масъалахам дахолат кунанд ё ба заминхои бадахшон ки пештар чин онхоро гирифта буд. Агар КАБИРИ 10 га заминро гирифта бошад инчо гап дар масъалаи садхо хазор замини миллат меравад, ки ба дасти бегонагон додаанд онхам 49 сол.

Бо мукоиса аз баъзехо ба хитоихо нафурухтааст ба хайр аст. Ин дар таги нохун чирк кофтанро мемонад. Аз хадд гузаронда истодаед хукуматдорон, зулм аз микдор гузашт, окибаташро фикр кунед.

Эй хукуматдоро шарм намедоред аз ин тухматхоятон хамаи ин талош шумо барои аз байн бурдани кабири хаст иншоаллох худованд тарафи хак дорай хакдор хамеша пирузай иншоаллох шумо хигох пируз нахохид шуд.

Яъкуб. Душанбешахр.
Хамон заминхои бузургро хам М.Кабири ба Чин мумкин фурухта бошад. (як тахкикот баред журналистон) Хамон иншооти бузурги Давлати, ки моли Миллат хаст "ОКНО"ро хам Кабири фурухтааст мухтарам номухтарам журналистони "Чумхурият"Натарсед чуръат кунед ин иншооту заминфурушонро хам эълон кунед! !

Беном
Окибатша ба хайр гардона ин хамаш бахона аст навбати М.Кабири омадааст ба зар бахона тоб медиханд.яьне ( харкаса хар хел мепечонанд)

ман
фоидаи ТАЛКО ҳам ба ҷайби Кабирӣ ва раҳбарони собиқи он мервад?! оё калонаҳои мошинҳои фарзандони Кабирӣ аз марзҳоямон бе ҳуҷатгузорӣ вориду хориҷ мешаванд?! оё кабирӣ бозорҳоро ба зурӣ моликияти шахсӣ кард?! ОЁ КАБИРӢ ДАР 25 СОЛ 2 МИЛЛИОН ТОҶИКРО МУҲОҶИРУ ДАРБАДАР КАРД?!

Рустик
Бегунох бошад, биёяд мардак-вори чавоб дихаду бемалол гаштан гирад. Лекин ба фикрам хис кард, ки тагаш лой аст...

Шукргузор,
Лохавла ва ло куввата иллобиллохил алиюл азим

12121
маблагхои роххои пулакиро хам кабири ба чайби худ мезанад. Хамаи тичорати Точикистон монополияи уст.

чавоб ба некрузк
Дар ин матлаб дар ягон чояш масчиду ислом нагуфтосан, соз хон акаи братали. шахсияти кабириро кор гирифтаанд.....
и акаи браталии кабири аз номи ислом истифода бурдост, мефахмед..
имон дори рав намозта хон, тоату ибодатата кн тамом, чи пушти мегири?
Худову расули бархакаш ба хизби шумо ниёз надорад. Куръон ва дини ислом худаш рохнамои мусулмонони дунёст. Каломи ОЛЛОХ - ро ягон кас тагир дода нметона, ва ин хнит хам... Э мардум бедор шаве асри 21 аст. хонед, мехнат кне, зиндагитона созед. албатта бо истифода аз Вахдату СУЛХУ СУБОТИ сартосариииии... Точики ман зинда бош!

Ура саршуд инашам.... Майда майда буш ихроцшудесай.... Окибаташа Худо осон гардонад.... Дар сархати хабархо....

Инно лилохи ва инна илайхи рочиун..

Ба ёд гиред ин сухани манро!!!! Кабириро такдири Зайд Саидов интизор аст. Ман фикр мекунам ки тамоми сафархои дохилию хоричии Кабириро пурра навиштаанд ва ин чузъи парвандахои у хохад шуд. Аммо Кабири хохад ки мисли Зайд худро соф намояд бояд фавран ба Точикистон баргардад вагарна иттихомоти фирор аз тафтишотро хам зам мекунанд!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)