
Наздикону пайвандони Ширинбеков Меҳриддин Авазбекович тайи чор соли ахир дар ҷустуҷӯйи номбурдаанд. Садриддин Ширинбеков, бародари Меҳриддин тайи як тамосе, ки бо хабаргузории «Озодагон» дошт, дар ин бора гуфт: Меҳриддин зодаи рустои Ғумаяки ноҳияи Ванҷи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, соли 1987 ба дунё омадааст.Мактаби миёнаи рақами 59-и шаҳри Душанберо дар соли 2005 хатм карда, ба Русия ба мардикорӣ рафт. То октябри соли 2007 пайваста занг мезад ва аз аҳволаш моро хабардор мекард. Дар ҷойи охирини кораш- маркази тиҷоратии «Шибанкова», ки дар кӯчаи Шибанковаи шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав буд, ӯро Максим меномидаанд. Рақамҳои телефонии Меҳриддин, ки дар Маскав аз онҳо истифода мебурд: 926-159-87-44, 926-411-22-57, 926-798-41-99, 926-318-01-27, 926-159-87-11. Дар ин фурӯшгоҳ якҷоя бо Меҳриддин дӯстонаш- Алӣ, Ғамзат Ҳоҷимурод, Лёха ва Женя кор мекардаанд.
Аз хонандагон, кулли ҳамватанон ва онҳое, ки Меҳриддинро дидаанд ва ё дар борааш иттилоъ доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо шумораҳои зерини телефон дар тамос шаванд: (8-10-992) 917-21-37-39, (8-10-992) 91-941-45-21, (8-10-992) 918-55-35-66, (8-10-992) 93-836-50-50.
Дар акси боло шумо Ширинбеков Меҳриддин Авазбековичро мебинед. Ӯро дар Душанбе бо суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷ. Расулов 67/5, ҳуҷраи 2 падару модар, аҳли хонавода ва хешовандон интизоранд. Агар дар борааш маълумот доред, кӯмаки худро дареғ надоред.{jathumbnail off}
Мӯҳр