Бахшҳо
17 июн 2015 09:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ

Корхонаи оҳангудозӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” дар баробари чандин чунин корхонаҳо Душанберо заҳролуд мекунад.

Хабарнигори “Озодагон” шоми 16-уми июн шоҳиди он шуд, ки дуди ғализи корхонаи оҳангудозии “Якум Советский”, ки дар 50 метрии маркази тиббии шаҳрӣ қарор дорад, аз дару тиреза ва бомпӯшҳои он берун мешавад. “Аз дуд натанҳо худи корхона балки, деворҳои атрофи он низ сиёҳ шудаанд”,-мегӯяд хабарнигори мо.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба “Озодагон” изҳор доштанд, корхонаҳои оҳангудозие, ки феълан дар Душанбе фаъолият доранд, дар маҷмӯъ ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Дар баробари ин эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнӯъ мебошанд. Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро манъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.

Толибҷон Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” он вақт гуфта буд, бо вуҷуди истифодаи технологияҳои куҳна корхонаҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз оҳанпораҳо тоза кардаанд. Ӯ гуфт бо мурури ин замон ин корхонаҳо ба далели камбуди ашёи хом аз фаъолият хоҳанд монд: “Дар маҷмуъ 24 корхонаи оҳангудозӣ дар Душанбе фаъолият доштанд, ки то ҳол 17 ададашон аз кор мондаанд. Баъзе бо қарори масъулини ҳифзи муҳити зист ва баъзе ба далели камбуди ашёи хом фаъолият намекунанд. Аз 7 корхонае, ки боз мондаанд, фаъолияти 4 тояш ба далели риоя нашудани меъёрҳои экологӣ боз дошта шудааст. Ин корхона бо мурури замон худашон аз байн хоҳанд рафт”.

Аммо дар ҳоли ҳозир бисёри ин корхонаҳо, ки дар нуқтаҳои гуногуни Душанбе фаъолият мекунанд, ба ягон меъёр ҷавобгӯй нестанд ва бар хилофи изҳороти Толибҷон Раҳимов ҳолдонҳо мегӯянд, ашёи хом низ барои онҳо бисёртар аз беруни Душанбе ворид мешавад.

Дар мавриди он, ки чӣ гуна Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба истифодаи технологияи мамнуъ иҷозат додааст, Ҷалил Халилов, масъули ин Кумита изҳор дошт, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда тамоми талаботи экологӣ риоя шудааст ва Кумита бо назардошти ин лоиҳаҳо иҷозати фаъолияти корхонаҳои оҳангудозиро додааст. Ба иттилои коршиносони экологӣ мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва рангҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст: “Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд. Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25-30 метрӣ берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад".

Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, корхонаҳои оҳангудозии соҳибкорони чинӣ дар Душанбе аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, муҳити зистро ифлос мекунад.


Аксҳо шоми 16-уми июн гирифта шудаанд:

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ

АКС: Заҳролудкунии Душанбе бо технологияи “бобоӣ”-и чинӣ
Мӯҳр
Кумитаи ҳифзи муҳити зист айнан ҳамин ҷавоб ва тавзеҳотро порсол дар посух ба муроҷиати мардуми ин минтақа дода буд. Ин даҳшат аст. Зоҳиран барои як кори содае, ки вазифаи ин Кумита аст ва бояд анҷом диҳад, вале анҷом намедиҳад, боз ҳам бояд ба Президенти кишвар муроҷиат шавад.

"Печь" ба тоҷикӣ "кура" мешавад.

Мухаббат
Кумитаи хифзи мухити зист ба кучо назар мекунад хавои захролуде ки тамоми Душанберо фаро гирифтааст халкро касал карда истодааст гурухи калони кормандони ин соха дар ном вучуд дорад.Ин хо хам рохи пулкоркуния гирифта бе ягон тафтиш ичозатномая медиханд. Коррупсия чораи ин хел кормандони бе маъсулиятро дида баромада ба чавобгари кашида шавад.

Бародарони мухтарам,
вазъи экологии Душанбеи азизамон бад аст!
Аз Раёсати мухити зисти шахр хеч чизро умед накунед.
Барои далел корхонаи Сементи Душанберо низ мисол овардан ба маврид аст. Хамаамон шохиди он хастем, ки чи тавр тутаи гардбарори ин корхона хавои шахрро ифлос мекунад. Аммо ...
Ватандор,

BATANDOR
NAKHOD KI HAMINHAM DALEL SHAVAD KI OHISTA OHISTA AZ NORASOI ASHIOI KHOM AZBAYN MERAVAND . OSHKOR GUYED KI PORA GIRIFTAGIHASTEM ZABON KUTOH HATEM SHUMO MANFIYATI JINIHORO FIKUR KUNED MANFIATI MARDUMI ZAHMAT KASHI TOJIKRI NE IN DALELE KI SHU OVAR DED KI OHISTA OHISTA AZBAYN MERAVAD BO SABAB HOKI GUNOGUN ISBOT KARDKI SHUMO KAMMMSAVOOOOOOOOOOOOOD HASTED YGON DALELI GONE KUNANDA BIYORED

Али
Оё ин танхо кори Кумитаи ҳифзи муҳити зист асту холос не инчо бояд рахбарони хукуматхои шахр ва нохияхо кор кунанд. Агар як автомашина бе талони экалоги бошад коркунони бахши экологии милитсия чарима мекунанд.Оё ба ин ташкилот ягон бор онхо рафта бошанд ё ки ин ба шахр дахл надорад.

Шахрванд
Ман худам дар наздикихои ин минтака зиндаги мекунем. Аз буи гализи ин гудохтахо одам нафасгир мешад. Мо даххо бор мурочиат кардем, омадан тафтиш карданд боз баъди як руз ба кори худ давом доданд гуё ягонгап нашудабошад. Намедонам пуштибонашон ки бошад. Лекин ягон гап фоида надорад мардум чандбор чамъшуда буданд аммо ягон натича надод.

Чалолиддин
Ин чинихои бадбахт хавои Чинро ба ифлостарин хавои чахон табдил дода, акнун дар дигар кишвархо ба захролудшавии экология камар бастаанд. Дар кишвархои пешрафта дар пойтахтхо истифода ва сохтани корхонахоро ичозат намедиханд. Э кош мири шахри Душанбе огои Убайдуллоев, ки точики дилсуз ва абармарди сиёсист ин корхонахоро пурра аз Душанбе хорич месохт. Ба ин мо умед дорем.

Эколог
Вобаста ба хамин мавзуъ чунин вокеаро илова мекунам: хангоми гузаронидани санчиши техникии (техосмотри) харсолаи автомобилхо дар ягон нуктаи ташхиси холати автомобил сатхи бехатарии экологии мошин муайян карда намешавад. Пулро мегиранду шаходатномаро дар бораи нисбати мухити атроф безарарии мотори мошин медиханд. Кумитаи давлатии экология хабар дорад, вале хеч кор карда наметавонад. Чунки сохибони аксари нуктахои техосмотр дар "боло" тагою амак доранд.

Сохибкор
Ба гуфтаи Озодагон бояд тамоми корхонахо баста шавад. Аз чумла корхонаи алюмин завод. Мегузоред мо сохибкорон кор кунем. бо ин ягар дуд ин кадар вохима кардед. Холо онки бо чои кор таъмин карда истодаем. Аз андоз дар бало мондем, боз экологияш намерасид.
Дар тамоми дунёд истехсолот дуд дорад. Боз мегуед бо чои кор таъмин нестем. Бас кунед вохимаро. Шахри Душанбе яке аз шахрхои аз чихати экологи тозатарин мебошад.

859
кас хайрон мешавад ки ин ачузу мачусхоро ки рох дода бошад о наход ки точик хамин корро натавонад дар хакикат хавои шахр ифлос аст чунин ифлоскориро рох надихед шахрдор бегохихо нафас кашида намешавад.Чунин заводчахоро зудтар махкам кардан лозим аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)