Бахшҳо
17 июн 2015 10:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазир: Таъсири сарватмандонро тариқи аҳзоб ба сиёсат ҷилавгирӣ мекунем...(НАВШУДА)

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июн бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” назорати даромаду хароҷот ва фаъолияти молии ҳизбҳоро пурзӯр кард.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсад аз ин тағйиру иловаҳо таъмини шафофияти фаъолияти молии ҳизбҳои сиёсӣ, дақиқ намудани сармоягузорони ҳизбҳо ва рушди демократикунонии фаъолияти аҳзоб мебошад. Вазири адлия афзуд, тибқи тағйироти нав аҳзоби сиёсии кишвар уҳдадоранд, манбаъҳои даромадашонро нишон диҳанд: “Мо ҳар моҳ рафта фаъолияти молиро намесанҷем, аммо аҳзоб уҳдадоранд, ки ҳар сол ҳисоботашонро то 20-уми март пешниҳод кунанду дар расонаҳо нашр кунанд”.

Дар мавриди назорати маблағҳои аҳзоби сиёсӣ Рустами Шоҳмурод илова кард, агар маблағҳо аз буҷа бошанд, онҳоро Комиссияи марказии интихоботу раъйпурсӣ ва ё Кумитаи андоз назорат мекунад. Ба гуфтаи ӯ дар сурати ҷой доштани маблағгузории ғайриқонунӣ мақомоти прокуратура уҳдадоранд, назорат баранд: “Дар сурати ошкор шудани маблағгузории ғайриқонунӣ аввал огоҳиномаи хаттӣ дода мешавад ва агар идома ёбад, мо метавонем, ба суд муроҷиат кунему қатъи фаъолияти ҳизбро талаб кунем”.

Вазири адлия дар пайи муаррифии лоиҳа дар посух ба суоли “Озодагон” оиди паёмадҳои ин тағйирот гуфт, ҳеч маҳдудияте дар фаъолияти ҳизбҳо ба вуҷуд намеояд. Ӯ афзуд, мақсад аз ин лоиҳа танҳо пешгирии маблағгузории аҳзоб аз сӯйи гуруҳҳои тундгаро, кишвару шахсони алоҳидаи сарватманд, ки ба ҳамин восита мехоҳанд ба сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таъсир гузоранд, мебошад.

Ба суоли дигари “Озодагон”, ки оё ин тағйирот бо аҳзоби мухолифи кишвар мувофиқа шудаанд, вазири адлия афзуд,”рӯирост мегӯям, ки суҳбатҳо надоштем, аммо ин масъала дер боз мавриди баррасӣ қарор дораду дар сомонаи вазорат низ нашр шуда буд”.

Бахтовар Сафаров, раиси Фраксияи ҲХДТ дар парлумон гуфт, ин тағйирот фаъолияти ҳизбҳоро маҳдуд намекунад ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз маблағгузории терроризм, фасодкорӣ, мубориза бо пулшӯйӣ ва таъмини шафофияти молӣ дар фаъолияти аҳзоб мебошад.


Мӯҳр
Санчиши молиро аввал аз хизби хоким сар кардан лозим. Тамоми муассисахои давлатиро бор бастиян. Ин чи гап худаш. Обунаи мачбури ба газетахои ХХДД.

1006
Санчиши аввалро мебояд, аз симо ва сурати ин Вазири мухтарам огоз кард, Худованд бузург ва доност?

Абдулло
Ман хам рости ба мачбури додани билет ва талаби маблаги обуна хечгох рози нестам. Як хохиш аз хокимон: илтимос одамони бесаводу нофахма пешво накунед охи хохиш... хеш дорад гуфта пул дорад.... холо хуб аст локин окибати нохуб дорад. Ин система хуб аст хизбхоеро ки хоча доштанд тамом хочагонашон мурданд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)